wrapper

Агентӣ

Агентӣ

Конференсияи илмӣ-назариявии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи: «Парчамат бодо парафшон – Тоҷикистони азиз»

Конференсияи илмӣ-назариявии

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи:

«Парчамат бодо парафшон – Тоҷикистони азиз»

 

 

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи: «Парчамат бодо парафшон –Тоҷикистони азиз» бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ, раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаи Агентӣ дар минтақаи Ҳисор ва меҳмонони даъватшуда баргузор гардид.

Ба кори коференсия директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Саидзода Муҳаммадтоир Саид ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки 30 августи соли 2011 дар пойтахти ватани азизу маҳбубамон воқеаи фараҳбахше рух дод, ки барои кулли сокинони кишвар мояи ифтихор гардид. Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 165 метр парафшон гардид, ки ин парчам дар шумули баландтарин ливо дар ҷаҳон ба китоби рекордҳои Гиннес дохил гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худашон, бахшида ба ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ иброз доштанд, ки “Имруз мардуми сарбаланди тоҷик ин нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд, бо гузашти қариб се даҳсола ин рамзи миллӣ ба масҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва махсусан, наврасону чавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта, дар замири ҳар фарди миллат ҳисси эҳтиром ба истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад. Ба хотири  арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва тақвияти ҳисси милливу ифтихори ватандории сокинони кишвар, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон солҳои охир дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин шаҳраку деҳоти мамлакат даҳҳо майдону гулгашти Парчам бунёд гардида ҳоло дар онҳо ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон парафшонӣ мекунад”.

Баъдан, маърӯзаи Исомиддин Шарифзода – доктори илмҳои фалсафа, дадсенти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзӯи “Оини парчамдории тоҷикон”,  маърӯзаи Шарифзода Фазлиддин Шариф - номзади имлҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Рушди қонунгузории Парчами давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, маърӯзаи Абдулаҳадзода Собирҷон Абдулаҳад - номзади имлҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Тартиби истифодаи Парчами давлатӣ ва махсусиятҳои он” ва маърӯзаи Саидзода Манучеҳр – мутахассиси пешбари раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Парчам – баёнгари давлату миллат” шунида шуд.

Муфассал...

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ НИШОНИ САДОҚАТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ НИШОНИ САДОҚАТ БА

ПЕШВОИ МИЛЛАТ 

 

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат нишони арҷгузорӣ ва садоқат ба хидматҳои шоёну мондагори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллат мебошад. Президент симои миллат ва давлат маҳсуб ёфта, ҳомии истиқлол ва ваҳдати миллӣ мебошад. Дар кишварҳое, ки шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ доранд сарварии давлатро Президент ба дӯш дорад, ки аз ҷониби мардум интихоб карда мешавад. Мардуми кишвар дар симои Президент ҳомии давлат ва манфиатҳои миллатро дида, бо шахсияти ӯ аксаран мефахранд.

Имрӯз боиси хушбахтии миллати тоҷик мебошад, ки дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти мардумӣ ва эътирофшудаи  сатҳи байналмилалиро доро мебошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати муваффақи дохилӣ ва хориҷиаш миллати тоҷикро ҳамчун халқи башардӯст ва мутамаддин муаррифӣ намудаистодаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шарафи миллат ва давлати тоҷикон буда, истиқлоли  давлатӣ ва ваҳдати миллии моро ҳифзу устувор намуданд. Бе шубҳа миллати тоҷикро имрӯз ҷаҳониён тавассути Пешвои хирдаманду дурандеш ва роҳбари муваффақу эътирофшуда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд. Махсусан, ташаббусҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат дар сатҳи байналмилалӣ симои миллати тоҷикро ҳамчун халқи соҳибтамаддун ва фарҳангсолор муаррифӣ намудаистодааст.

Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои нахусти ба саҳнаи сиёсат ворид шудан дар маркази ҳадафҳои Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳкими истиқлоли давлатӣ қарор дошт. Пешвои  миллат дарк намуда буданд, ки бе нигаҳдошт ва устувории истиқлоли давлатӣ ба аҳдофи дигари миллӣ расидан ғайримкон аст. Истиқлоли миллӣ дар он ҳолат устувор мегардад, ки миллат ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардаду ҳуқуқу озодиҳои он дар назди мақомоти давлатӣ арзиши олӣ дошта ва кафолат дода шаванд. Сарвари давлат дар майдони сиёсат бо рӯҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, ризоияти миллиро дар ҷомеа таъмин намуданд, балки дар эъмори давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ сохтани сиёсати дохилию хориҷии кишварамон дар миқёси ҷаҳонӣ саҳми шоиста гузоштанд. Тамоми талошу заҳмат ва ҷонисориҳои Пешвои миллат танҳо баҳри ҳифзу гиромидошти манфиатҳои миллӣ, ки асосашро истиқлоли давлатӣ ташкил медод, равона шуда аст.

Хидмати бузургу таърихии Пешвои миллат дар назди мардуми шарафманди Тоҷикистон дар он аст, ки ин чеҳраи мондагор ва сиёсатмадори ҷасуру дурандеш дар шароити ҳассос ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, давлатдории тоҷикон ва бақои ин миллатро аз роҳи нестшавӣ ва парешонӣ ҳифз намуда, истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намуд. Бо ин хидмати бузургу сабтшаванда дар яке аз саҳифаҳои тилоии таърихи миллат метавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли комил ва миллии Тоҷикистон номид.

Муҳимтарин хидмати Сарвари давлат, ки ифодагари дурандешӣ ва хирдамандии ӯст, ин роҳи дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтан буд. Маҳз ҳамин роҳ боис шуд, ки Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мутамаддин эътироф ва шинохта шуд.

Пешвои миллат ҳаққи худмуайянкунии халқро эҳтиром гузошта, ҷонибдорӣ аз санадҳои ҳуқуқии байналмилал карданд. Сониян ҳамчун роҳбари демократ иродаи шахсии худро ба иродаи мардум пайвастанд. Хишти аввали бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро бо пешниҳоди ҳаққи худмуайянкунӣ ва худфаъолшавӣ ба халқ тарҳрезӣ карданд. Халқи Тоҷикистон ба шоҳроҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ягона ва иҷтимоӣ думболи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ баромад. Расидан ба ин мақсадҳои олӣ вақтро тақозо менамояд, зеро ин раванд аст ва он пайваста дар идома мебошад.

Сиёсатмадори бузург будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир шуд, ки тавонистанд бо абарқӯдратҳо ва давлатҳои минтақа тавозуни манфиатҳоро барқарор намоянд ва сиёсати мустақилона ва мусбатро пеш баранд. Хусусан, дар давраи ҷаҳонисозӣ, ки ҳифзи асолати миллӣ дар ҷабҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кори осон нест. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардида, бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, дар тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо зиёда аз 70 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманро роҳандозӣ намудааст. Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ эътироф гардидааст. Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикиктсон дар роҳи муборизаи самаранок бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва махсусан, ба оби тоза таъмин намудани сокинони сайёра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш қабул гардид.

Дар меҳвари сиёсати хориҷии Сарвари давлат ҳимояи манфиатҳои миллӣ қарор дошта, ҷиҳати таҳкими мақоми кишвар корҳои мондагореро амалӣ намуданд. Таъмини истиқлоли комили давлатӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои самаранок бо созмону ташкилотҳои минтақавию ҷаҳонӣ, густариши равобити дипломатӣ бо кишварҳои хориҷӣ, мубориза ба муқоибили падидаҳои номатлуби замон, махсусан терроризму экстремизм ва амсоли ин аз ҷумлаи ташаббусҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Сарвари давлат, балки ҳамчун шахсияти арҷгузор ба таъриху фарҳанги миллӣ, гиромидошти шахсиятҳои номвари миллат ва эҳёи суннатҳои мардумию фарҳанги миллӣ, ҳам дар сатҳи дохилӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ, корҳои бениҳоят зиёдеро ба сомон расонида истодаанд.

Маҳз маҳбубияту маъруфияти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тоҷикони ҷаҳон дар симои ӯ Пешвои воқеии худро дида, аз ин шахсияти мондагор пуштибонӣ менамоянд. Имрӯз зарур аст, ки наслҳои наврасу ҷавони Ватани азизамонро баҳри садоқат ба миллат, давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар намуда, дар таҳкими  истиқлоли давлат ва рушди нуфузи миллат саҳмгузор бошем. Садоқат ба Президент садоқат ба миллат ва давлат мебошад. Таҷлили Рӯзи Президент имрӯзҳо бояд дар сатҳи оила ва ҷомеа бо шукуҳу шаҳомати хосса сурат гирад, то наслҳои навраси мо дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба хидматҳои мондагори Пешвои миллат ба камол расида, мактаби давлатдории ин фарзанди фарзонаи миллатро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор диҳанд. 

 

 

Файзуллоев Меҳроб – сармутахассиси раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

 

Муфассал...

Дастурамали мансабии мутахассиси шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт

Дастурамали мансабии                             

мутахассиси шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт

 

  1. Муқаррароти умумӣ

 

  1. Номи мансаб – мутахассиси шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт.
  2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи ҳафтум мансуб аст.
  3. Мутахассиси шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт (минбаъд – мутахассиси шуъба аз тарафи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
  4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини соҳавӣ ва сардори шуъба (минбаъд – роҳбарият) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
  5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси шуъба иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба яке аз мутахассисони пешбари шуъба вогузор карда мешаванд.
  6. Мутахассиси шуъба бо роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм), сохторҳои мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

 

 2.Талаботи тахассусӣ

 

7.Барои мансаби мутахассис талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

         -одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират;

-малакаи кор бо компютер (барномаҳои офисӣ, аз қабили Microsoft Word, Microsoft Exel, Microsoft PowrPoint) ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

 

  1. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъба

 

  1. Мутахассиси шуъба дар давраи муваққатан набудани мутахассиси пешбари шуъба уҳдадориҳои мансабии онро иҷро менамояд.
  2. Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти гузаронидани аттестатсияи давлатӣ, аккредитатсияи давлатӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт иштирок намуда аз натиҷаи он тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ ва ё танҳо ба мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба тариқи хаттӣ хулоса (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
  3. Дар рафти санҷиши фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф бо тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва ё бекор кардани қарорҳои муассисаҳои таълимӣ, ки бар хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф қабул карда шудаанд, хулоса (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
  4. Дар рафти гузаронидани санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ, пурсиши шифоҳӣ дар раванди аттестатсияи давлатӣ ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда аз натиҷаи он тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ ва ё танҳо ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба тариқи хаттӣ хулоса (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
  5. Иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсияро риоя намуда, дар ҳолати ошкор гардидани амалҳои коррупсионӣ ба директор ва ё роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм тариқи хаттӣ ва ё шифоӣ гузориш пешниҳод менамояд.
  6. Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатии дахлдор (дар мувофиқа ва бо тартиби муқарраргардида) иштирок ва уҳдадориҳои супоридашударо иҷро менамояд.
  7. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи шуъба дар якҷоягӣ бо кормандон дар муҳлатҳои муқарраргардида ба сардори шуъба ҳисобот пешниҳод намояд.
  8. Оид ба фаъолияти нимсола ва солонаи худ ва ҳангоми баҳодиҳии фаъолият дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
  9. Дар тарғиби соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок менамояд.
  10. Иҷрои консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатиро дар самти фаъолияти Шуъбаро дар доираи самтҳои фаъолияти худ таъмин менамояд.
  11. Дар таҳияи лоиҳаи дастурамали мансабиии худ иштирок намуда лоиҳаро ба сардори шуъба пешниҳод менамояд.
  12. Дар таҳияи нақшаҳои кории шуъба иштирок намуда, баъд аз тасдиқи он дар мувофиқа бо сардори шуъба иҷрои онро назорат ва таъмин менамояд.
  13. Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро таъмин менамояд.
  14. Масъалаҳои коргузории шуъбаро пеш мебарад.
  15. Дар рафти гузаронидани арзёбии рейтинги муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт иштирок менамояд.
  16. Дар раванди гузаронидани аттестатсия ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт иштирок намуда санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ ва пурсишҳои шифоҳӣ мегирад.
  17. Дигар дастурҳои роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро иҷро менамояд.

 

  1. Ҳуқуқҳои мутахассиси шуъба

 

  1. Мутахассиси шуъба ҳуқуқҳои зерин дорад:

- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

- самтҳои фаъолияти шуъбаро таҳлил ва оид ба такмили фаъолияти шуъба, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таклиф пешниҳод намояд; 

- маводҳои дар ихтиёри шуъба ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм қарордоштаро омӯзад;

- аз маълумоти дар ихтиёри мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ  қарордошта тибқи тартиби муқарраргардида истифода намояд;

- иҷрои масъалаҳои таҳти назорати шуъба қарордоштаро бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва ё шахсони мансабдор дархост намояд;

- аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ ва илмии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;

- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад.

  1. Мутахассиси шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

  1. Масъулияти мутахассиси шуъба

 

  1. Мутахассиси шуъба дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;

- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;

- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои дини»;

- барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

- барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

  1. Мутахассиси шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.

 

  1. Муқаррароти хотимавӣ

 

  1. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ бо гирифтани имзо баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ ба мутахассиси шуъба супорида мешавад.

Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии шуъба ва ё Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси шуъба мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз н

Муфассал...

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35