wrapper

  6-уми феврали соли 2024 дар маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолон», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Рушди роҳнавард» дар вилояти Суғд, Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶумҳурииТоҷикистон дар вилояти Суғд, Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва муассисону роҳбарони марказҳои таълимӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди вилояти Суғд дар мавзуи “Нақши марказҳои таълимӣ дар соҳибкасб гардидани шаҳрвандон” семинари машваратӣ доир гардид.
  Сараввал, бо сухани ифтитоҳӣ директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода баромад намуда, саҳм ва нақши муассисаҳои таҳсилоти иловагиро дар фаро гирифтани ҷавонон ба касбомӯзӣ баҳогузорӣ намуда, аз камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ изҳорӣ назар карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои чиддӣ доданд.
  Сипас, сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолони Агентӣ, сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагии Агентӣ, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ баромад намуданд.
Дар фарҷоми семинари мазкур аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба самти фаъолияти муассисаҳои таълимии касбомӯзӣ ва забономузӣ саволу ҷавоб баргузор гардид.
 
 
 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35