Омӯзиши идоравӣ барои хизматчиёни давлатии Агентӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
- Сешанбе, Ян 09 2024
- Агентӣ
Дар толори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ барои хизматчиёни давлатии Агентӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гадид, ки дар он муовини якуми директори Агентӣ Хурсанд Содиқзода, декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Хуҷамурод Сафарализода, муовини декани факултети номбаршуда, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Агентӣ иштирок намуданд.
Саравал, муовини якуми директори Агентӣ Х.Содиқзода баромад намуда, саҳм ва нақши бузургу бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди соҳаҳои асосии мамлакат беназир арзёбӣ намуд.
Сипас, Х. Сафарализода-номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент доир ба масълаҳои соҳаи маориф дар паёми Пешвои миллат ва нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ташкилу таъмини амнияти миллӣ, самтҳои асосии паём (муҳимият, аҳмият, вазифагузорӣ, нақшабандӣ) суханронӣ намуд.
Дар фарҷом Сафарализода Хуҷамурод Қудусӣ ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ва саҳми арзанд дар сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо “Ифтихорнома”-и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МОСТ»
- ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
- ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- САРФАРОЗГАРДОНИИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ
- Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024