Конференсияи илмӣ-назариявӣ: «Конститутсия - бахтномаи миллат»
- Якшанбе, Ноя 05 2023
- Агентӣ
Дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазавор пешвоз гирифтани ҷашни 29-умин солгарди Консутитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Конститутсия - бахтномаи миллат» баргузор гардид.
Таҷлили ҷашни Консутитутсияи Ҷумҷурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллии Ҷумҷурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар идомаи конференсия Саидзода Муҳаммадтоир – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муродов Ҷурабек-муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Умарзода Умед Уктам-омӯзгори кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, Ҷураев Азимҷони Шокирҷонович-омӯзгори кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, Шарофиддинзода Ҳамзаалӣ-сардори шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷати таҳсилот дар давлатҳои хориҷа, Саъдуллоев Акмал-мутахассиси пешбари бахши робитаҳои байналмилалӣ, Наҷмиддинзода Баҳодур-мутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо маърӯзаҳои хеш вобаста ба муҳимият, афзалият, моҳият ва саҳми конунститутсия дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат баромад намуданд.
Дар рафти ҷаласаи мазкур аз ҷониби баромадкунандагон қайд карда шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҳумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ин санади олии ҳуқуқии кишвар дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳифаи тозаеро боз намудааст.
Дар робита ба ин, ҷиҳати зарурати тағйиру иловаҳо ворид намудан ба Конунститусияи Ҷумҳуруии Тоҷикистон, аҳамияти он дар рушди босуботи мамлакат ва зиндагии шоистаи мардум аз ҷониби маърӯзачиён шарҳу тавзеҳот дода шуд.
Сипас, миёни иштирокдорони конференсия саволу ҷавоб сурат гирифта, устодони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо ифитихорномаҳои Агентӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом акси хотиравӣ гирифта шуд.






Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд:
- МУЛОҚОТОИ КОРМАНДОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАВЗӮИ: «КОРРУПСИЯ-ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА»
- Омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
- Омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон