Шумо чун сиёсатмадори содиқ ба касбу пешаи худ ва фарзанди донишманди миллат дар ҳар самте, ки то имрӯз фаъолият доштед, хоксориву фурутанӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ва пеш аз ҳама садоқат ба Ватану миллат ва сиёсати пешгирифтаи падари маҳбуб ва меҳрубон Пешвои миллати тоҷиконро сармашқи кору пайкори хеш намуда, навгониҳои зиёде дар рушди зеҳнии ҷомеаи шаҳрвандии кишвар гузоштаед. Донишу малака, зеҳни равон ва талошҳои шабонарӯзии Шумо дар самти рушди сиёсати пешгирифтаи сиёсати Пешвои миллат бори дигар моро ба кор дилгарму масъулиятамонро зиёдтар месозад.
Мо аҳли кормандон ифтихормандем, ки имрӯз дар зери сиёсати Пешвои миллат ва пайрави аз хирадмадию кордонии Шумо барин роҳбари кордону тавоно ва хоксору инсонпарвар фаъолият мекунем.
Бо эҳтирому самимаӣ ва арҷгузории бепоён ба шахсияти Шумо ҷашни мелодатонро табрик гуфта, барои Шумо саодати рӯзгор, саломатии бардавом, сарҷамъии хонадон, хушҳолию хушрӯзӣ, саломатию саодатмардӣ, некномию некумрӣ, хушбахтию хушрӯзии рӯзгор ва дар корҳоятон барору комёбиҳои беназирро таманно дорем.
Бо арзи эҳтироми бепоён ҳайати кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зодрӯзи муаллимаи гиромӣ, сиёсатмадор, зани оқилу тавоно мубораку хуҷаста бод!
- Чоршанбе, Ян 04 2023
- Агентӣ
Санаи 3-юми январ муаллимаи гиромӣ, шахсияти заминию самими, инсони нексиришту адолатпарвар, сиёсатмадори сатхи оли, пайрави сиёсатозмудаи падар, Озода Раҳмон зодрӯз доранд.
Роҳбарият ва ҳайати кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳолу сарфароз аз он ҳастанд, ки Шумо низ аз шумули кадрҳои тавоною кордон ва миллатдӯсти Ватан ҳастед, ки имрӯз бо завқу салиқаи баланд ва ифтихори миллӣ паи адои хизмати софдилона барои рушди нумуи ватани маҳбубамон, ки онро ном Тоҷикистон аст талошу корнамоӣ мекунед.
Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ТАВАҶҶУҲИ АВВАЛИНДАРАҶА БА СОҲАИ МАОРИФ
- ПАЁМИ ПЕШВО – РОҲНАМОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
- Паёми Президенти маҳбуби мамлакат-калиди музаффариятҳои нав дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
- Паём дастурамал барои пешрафт ва рушди соҳаи илму маорифи кишвар!