wrapper

 Баргузории ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Назоратчӣ» дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳманс

  Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Назоратчӣ» бо иштироки кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Вализода Муҳаммад доир гардид.

  Маҷлиси мазкур дар маҷлисгоҳи агентӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфта, сипас директори агентӣ, раиси ташкилоти ибтидоии «Назоратчӣ» Шоҳин Саидзода ҳисобот дода, қайд намуданд, ки дар давраи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, раванди тарбия, ҳисси баланди ватандўстӣ, худшиносию худогоҳӣ, баланд бардоштани малакаи касбии омўзгорону мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои таълимии кишвар, пешгирӣ ва гароиши фарҳанги бегона, падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ҳимояи манфиатҳои давлатию миллӣ, сатҳи забондонии ҷавонону наврасон дар давраи истиқлолият ва дастгирии сиёсати созандаю маорифпарваронаи Раиси Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёде ба сомон расонида шуд.  

 

  Баъд аз шунидани ҳисоботи Раиси ташкилоти ибтидоӣ Баҳрулло Давлатзода - сардори Раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва Фаромуз Орзузода - ҳуқуқшиноси агентӣ ба музокира баромада, ҳисоботи раисро мусбӣ арзёбӣ намуданд.

  Сипас, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Вализода Муҳаммад суханронӣ намуда, қайд карданд, ки аъзои ташкилоти ибтидоӣ бояд вобаста ба риояи интизоми ҳизбӣ, обунашавӣ ба рўзномаҳои давлатӣ ва ҳизбӣ, супоридани аъзоҳаққии ҳизбӣ, иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолияти хуб нишон дода, барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва бо аҳолӣ бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи корҳои санитарию гигенӣ, пешгирӣ ва худмуҳофизатӣ аз таъсири бемории COVID-19, тозаю озода нигоҳ доштани боѓу гулгаштҳо  ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизиону радио суҳбату вохўриҳо гузаронидан саҳмгузор бошанд.

  Баъдан дар рафти ҷаласа бинобар сабаби ба 44 нафар расидани теъдоди аъзои ҳизб раёсати Ташкилоти ибтидоии «Назоратчӣ» дар Агентӣ ташкил карда шуда, раис ва аъзои он интихоб гардиданд.

  Дар охири ҷаласа аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ бинобар сабаби саҳми арзанда гузоштан дар иҷрои дастур ва супоришҳои роҳбарияти ҳизб, ҳамкориҳои судманд, ҳамзамон, дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ бо ифтихорнома ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.  

 

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35