Дар оғози ҷаласа Шоҳин Саидзода қайд намуданд, ки Истиқлолият шарафу номус, ифтихор аз давлату ватандории озоду осуда буда, ҷашн гирифтани он ифтихору сарбаландии ҳар фарди ватандўсту ватандори ин миллат ва ин ватани биҳиштосо мебошад. Истиқлоли миллии Тоҷикистони азизи мо бисёр гарон ба даст омадааст. Истиқлолият орзуву омоли садсолаҳои халқи тоҷик буд, ки дар лаҳзаҳои бисёр ҳам ҳассос ва тақдирсоз барои миллати сарбаланди мо муяссар гардид ва дар роҳи саодату истиқлоли комили ватани мо дар баробари саҳми бузурги халқи шарифи Тоҷикистон хизатҳои шабонарўзӣ ва талошҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.
Пешвои муаззами миллат тавонистанд дар фурсати кўтоҳи таърихӣ дар такя ба сарнавишти фарҳангии миллат тафаккур ва андешаи ҳаммиллатони моро дар шинохти ҳувияти миллӣ тағйир диҳанд ва ба сўи худшиносии комил раҳнамун созанд. Ш.Саидзода дар рафти суханронӣ аҳли нишаст ва кормандону меҳмононро бо ин ҷашни бузургу фархунда - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.
Сипас, Саиднуриддинзода Аҳлиддин-сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон доир ба рушду пешрафти раванди таълиму тарбия, илму сифати таҳсилот ва таъсиси муассисаҳои таълимӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакатамон суханронӣ намуд. Номбурда қайд кард, ки бо ташаббус ва кумаку дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди таълим, болоравии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ва таъсиси муассисаҳои таълимиву секторҳои хусусӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон рушду тараққӣ ёфт.
Ҳамзамон, Ализода Довуд - сардори шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги сифати таҳсилот доир ба дастовардҳои даврони Истиқлолият суҳанронӣ намуд.
Инчунин, дар рафти ҷаласа кормандони дигари Агентӣ вобаста ба ин ҷашни бузург фикру андешаҳои худро баён намуда, ба ҳамдигар суханони табрикотӣ арз намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа ба якҷанд нафар кормандони Агентӣ аз ҷониби намояндаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф ва илм бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.