Дар нишасти матбуотӣ 44 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма аз агентии иттилоотӣ, телевизион, радио, нашрия, маҷалла ва ҳафтаномаҳо иштирок намуданд.
Нишасти матбуотиро директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Саидзода оғоз намуда, ҳозиринро бо аъзои ҳайати мушовара ва кормандони агентӣ шинос карда, хайрамақдам гуфтанд. Сипас, вобаста ба самтҳои муҳимтарини раванди таълиму тарбия, сифати таҳсилот, неруи кадрӣ, базаи моддӣ-техникӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва фаъолияти агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 маълумот дода, варақаи иттилоотиро дастраси намояндагон ва иштирокдорони воситаҳои ахбори омма гардониданд.
Баъд аз шунидани ҳисоботи директор аз ҷониби намояндагон ва рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма саволҳо вобаста ба фаъолияти агентӣ, таҳсили шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ, таъсиси муассисаҳои таълимии хусусӣ, вазъи кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ вобаста ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 - «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», гузариш ба низоми 12-сола, омодагӣ ба таълим тавассути онлайн, рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ, вазъи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ғайраҳо пешниҳод гардиданд, ки ба саволҳои мазкур аз ҷониби Ш.Саидзода – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони директор, мушовир, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои агентӣ посухҳои мушаххас дода шуд.