wrapper

Хабарҳо

Мақоми зан-модар дар фарҳанги миллӣ ва ашъори шоирони ҷаҳон

       Мақоми зан-модар дар фарҳанги миллӣ ва ашъори шоирони ҷаҳон

Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои пурмуҳаббат ва пурмаънӣ ба шумор рафта, ҳамасола дар Тоҷикистони маҳбуби мо 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад. Ин рӯз рамзи эҳтиром ба зан-модар, арҷгузорӣ ба заҳматҳои ӯ ва қадршиносии меҳру муҳаббати беандозааш мебошад.

Модари тоҷик аз қадим бо поктинатӣ, ҳаё, сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ маъруф аст. Ӯ на танҳо тарбиятгари фарзанд, балки ҳомии оила ва нигоҳдорандаи суннатҳои миллӣ мебошад. Занони тоҷик бо одобу ахлоқи ҳамида, меҳнатдӯстӣ ва садоқат намунаи ибрат барои ҷомеа ҳастанд. Дар фарҳанги миллӣ мақоми модар бисёр баланд аст. Бузургон гуфтаанд, ки биҳишт зери қадамҳои модарон аст. Ин сухан арзиши баланди модарро дар зиндагии инсон нишон медиҳад. Шоири халқии тоҷик Мирзо Турсунзода дар шеъри «Модарнома» бузургии модарро чунин васф кардааст:

                     Модарнома- суруди меҳри пок аст,

                     Номи модар муқаддас дар дилу ҷон аст.

Ин мисраъҳо шаҳодат медиҳанд, ки меҳри модар пок ва ҷовидона аст. Ҳамчунин, шоири классик Абдураҳмони Ҷомӣ дар ашъори худ ба нақши тарбиявии модар ишора намуда, таъкид мекунад, ки тарбияи нек аз домони модар оғоз меёбад.

Дар адабиёти ҷаҳон низ васфи модар ҷойгоҳи махсус дорад. Шоири рус Сергей Есенин дар шеъри «Письмо к матери» бо эҳсоси самимӣ менависад:

                    Ты жива ещё, моя старушка?

                    Жив и я. Привет тебе, привет!

Ин суханон муҳаббати гарми фарзандро нисбат ба модар ифода мекунанд.

Ҳамчунин, дар адабиёти араб қасидаи «Қалби модар», ки  яке аз асарҳои пурмазмун ва таъсирбахши  шоир Иброҳими Манзар дар васфи муҳаббати модар мебошад. Дар он шоир бузургии меҳри модар ва покии қалби ӯро бо як ҳодисаи бисёр фоҷиавӣ нишон медиҳад, ки тарҷумаи он чунин аст:

             Рӯзе марде ҷавони нодонеро,

             Бо пул фиреб дод баҳри як ҳавас.

                      Гуфт: «Эй ҷавон, биёр қалби модаратро ба ман,

                      Туро диҳам ҷавоҳиру дирҳаму зар.

                      Рафт ӯву ханҷаре ба синаи модари хеш зад,

                         Қалби модарро баровард аз миёни хун.

                      Биштофт зуд сӯйи он марди фитнаангез

                      Бо қалби модар, ки андаруни остини худ буд.

                      Аз суръати баланд пояш лағжиду афтод,

                         Қалби бурида ғел хӯрд бар замин.

                       Ногоҳ аз он миёни хоку хунолуд

                       Овози модар омад ба гуш чунин:

                       “Эй ҷонакам, эй фарзанди азизам”,

                        Оё нарасида бар ту ранҷе, дарде?»

                        Гӯё ки ин садои пур аз меҳр

                        Барқе шуду фурӯ рехт аз осмон бар ӯ.

                        Фаҳмид он дам ҷинояти даҳшатноки худро,

                        Ки онро касе накарда дар таърихи башар.

                        Боз омад ӯ ба сӯйи қалби модар,

                        Шусташ ба ашки чашм, пур аз ғаму шарар.

                         Гуфт: «Эй дили модар, қасос аз ман бигир,

                         Маро, ки гуноҳам нобахшиданист.

                         Агар бубахшӣ ҳам, ман худ ҳалок гардам,

                         Чун гунаҳкоре, ки аз зиндагӣ гурез аст.»

                         Ҷавон зи миёни худ ханҷаре кашид то дили худро занад,

                         То ибрате шавад барои дигарон.

                         Нидо расид аз қалби модар боз:

                         Бас кун, писарам, мадӯз дилам боз он замон.

                         Бо дасти худ дигар марасон дард бар ман,

                         Дилам макун ду бор пора-пора, ҷон!»

 

Ин лаҳзаи шеър “Оё нарасида бар ту ранҷе, дарде?” нуқтаи асосӣ ва таъсирбахши шеър аст. Ҳатто баъд аз он ки писар ба модараш чунин ҷинояти даҳшатнок мекунад, модар боз ҳам дар фикри саломатии фарзанди худ аст. Муҳаббати модар ҳатто бо марг ҳам поён намеёбад. Модар новобаста аз ранҷу озор, ҳатто дар лаҳзаи марг, фарзандашро дӯст медорад. Ин муҳаббат пок, самимӣ ва беғараз мебошад.

Рӯзи Модар ҷашни сипосгузорӣ аз модарони меҳрубон ва занони поктинат мебошад. Модар чароғи хонадон, сарчашмаи тарбия ва рамзи муҳаббати беинтиҳост. Биёед, ҳамеша модарони худро гиромӣ дорем, сухани нек гӯем ва бо рафтори шоиста онҳоро сарфароз гардонем. Зеро бузургии модар бузургии миллат аст. Бори дигар рӯзатон муборак бошад модарони азиз!

 

 

Амонов Хуршед-муовини сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Муфассал...

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МУҚАДДАСИ РӮЗИ ЗЕБОИ ЗАН-МОДАР ДАР АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МУҚАДДАСИ РӮЗИ ЗЕБОИ ЗАН-МОДАР

ДАР АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Санаи 6-марти соли ҷорӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфренсияи илмӣ-назариявӣ ба муносибати «Рӯзи Модар» таҳти унвони «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» баргузор карда шуд.

Дар ҷаласа роҳбарият, кормандон ва ҳамаи занону модарони дастгоҳи марказии Агентӣ иштирок карданд.

Дар чорабинӣ нахуст табрикоти муовини директори Агентии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ализода Довуд Алӣ ба самъи ҳозирон расонида шуд. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки «Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат - ҷашни фархундаи Рӯзи Модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям».

Дар идома, қабл аз ҳама аз мақому манзалати Зан-Модар дар ҷомеаи кунунӣ сухан рафта, нақши онҳо дар рушуд тараққиёти мамлакат арзанда маънидод карда шуд. Аз ҷониби баромадкунандаҳо таъкид гардид, ки бонувони Агентӣ низ дар кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо донишу малакаи баланд масъулияти ҷиддӣ эҳсос карда, корҳои шоистаро барои таъмини назорати босамари ин соҳаи калидӣ пеш мебаранд. Аксарияти онҳо шоистаи таҳсин ва фахр ҳастанд, ки дар гузашта ва имрӯз бо дасту дили покиза дар ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа саҳми пурарзиш мегузоранд.

Ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварамон маҳз ба хотири қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба ҳамин нақшу мақоми хосаи онҳо мебошад. Барои амалӣ намудани ин мақсади наҷиб Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ қонуну барномаҳои муҳимеро қабул намуд, ки ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои кору зиндагии занон, таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳалли масоили мубрами ҳаёти кишвар ва рушди устувори он мебошад. Занону духтарони арҷманди мо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат дар баробари мардон заҳмат кашида, ба хотири таҳкими иқтидор ва мақоми шоистаи Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ саъю талош доранд.

Ҳамчунин, дар раванди ҷаласа қайд гардид, ки мақому манзалати зан дар ҷомеаи соҳибистиқлоли мо торафт баланд мегардад ва духтарону бонувон ба илму ҳунар бештар таваҷҷуҳ мекунанд то зиндагии арзанадаро соҳибгарданд. Хушбахтии Зан - Модари тоҷик аст, ки дар тамоми сохтори ҷомеа кору фаъолият дорад ва дар сатҳи баланди роҳбарикунанда низ теъдодашон афзун мегардад. Ҳамаи ин далел аз он аст, ки занон таҳти ғамхориву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд ва аз он ҳуқуқу озодиҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, бархӯрдоранд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ҳамаи занону бонувони Агентӣ барои хизматҳои арзандаашон дар рушду тараққиёти ҷомеа қадрдонӣ гардиданд.

 

Муфассал...

Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Дастурамали мансабии                             

мутахассиси пешбари раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

 

  1. Муқаррароти умумӣ

 

  1. Номи мансаб – мутахассиси пешбари раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
  2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.
  3. Мутахассиси пешбари раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (минбаъд – мутахассиси пешбари раёсат аз тарафи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
  4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини соҳавӣ ва сардори раёсат (минбаъд – роҳбарият) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
  5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба яке аз мутахассисони раёсат вогузор карда мешаванд.
  6. Мутахассиси пешбари раёсат бо роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм), сохторҳои мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

 

2.Талаботи тахассусӣ

 

7.Барои мансаби мутахассиси пешбар талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

 -одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари раёсатро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер (барномаҳои офисӣ, аз қабили Microsoft Word, Microsoft Exel, Microsoft PowrPoint) ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

 

  1. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари раёсат

 

  1. Мутахассиси пешбари раёсат дар давраи муваққатан набудани сармутахассиси раёсат уҳдадориҳои мансабии онро иҷро менамояд.
  2. Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти гузаронидани аттестатсияи давлатӣ, аккредитатсияи давлатӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуда аз натиҷаи он тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ ва ё танҳо ба мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба тариқи хаттӣ хулоса (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
  3. Дар рафти санҷиши фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф бо тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва ё бекор кардани қарорҳои муассисаҳои таълимӣ, ки бар хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф қабул карда шудаанд, хулоса (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
  4. Дар рафти гузаронидани санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ, пурсиши шифоҳӣ дар раванди аттестатсияи давлатӣ ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда аз натиҷаи он тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ ва ё танҳо ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба тариқи хаттӣ санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
  5. Иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсияро риоя намуда, дар ҳолати ошкор гардидани амалҳои коррупсионӣ ба директор ва ё роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм тариқи хаттӣ ва ё шифоӣ гузориш пешниҳод менамояд.
  6. Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатии дахлдор (дар мувофиқа ва бо тартиби муқарраргардида) иштирок ва уҳдадориҳои супоридашударо иҷро менамояд.
  7. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи раёсат дар якҷоягӣ бо кормандон дар муҳлатҳои муқарраргардида ба сардори раёсат ҳисобот пешниҳод намояд.
  8. Оид ба фаъолияти нимсола ва солонаи худ ва ҳангоми баҳодиҳии фаъолият дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
  9. Дар тарғиби соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок менамояд.
  10. Иҷрои консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатиро дар самти фаъолияти Раёсатро дар доираи самтҳои фаъолияти худ таъмин менамояд.
  11. Дар таҳияи лоиҳаи дастурамали мансабиии худ иштирок намуда лоиҳаро ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.
  12. Дар таҳияи нақшаҳои кории раёсат иштирок намуда, баъд аз тасдиқи он дар мувофиқа бо сардори раёсат иҷрои онро назорат ва таъмин менамояд.
  13. Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро таъмин менамояд.
  14. Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат таҳия менамояд.
  15. Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба самтҳои фаъолияти раёсатро баррасӣ ва натиҷаи онро дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод менамояд.
  16. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона дар муҳлатҳои муқарраргардида, инчунин дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян шудаанд, ҳисобот пешниҳод менамояд.
  17. Масъалаҳои коргузории раёсатро пеш мебарад.
  18. Дар рафти гузаронидани арзёбии рейтинги муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок менамояд.
  19. Дар раванди гузаронидани аттестатсия ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуда санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ ва пурсишҳои шифоҳӣ мегирад.
  20. Дигар дастурҳои роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро иҷро менамояд.

 

  1. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари раёсат

 

  1. Мутахассиси пешбари раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:

- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

- самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил ва оид ба такмили фаъолияти раёсат, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таклиф пешниҳод намояд; 

- маводҳои дар ихтиёри раёсат ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм қарордоштаро омӯзад;

- аз маълумоти дар ихтиёри мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ  қарордошта тибқи тартиби муқарраргардида истифода намояд;

- иҷрои масъалаҳои таҳти назорати раёсат қарордоштаро бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва ё шахсони мансабдор дархост намояд;

- аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ ва илмии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;

- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад.

  1. Мутахассиси пешбари раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

  1. Масъулияти мутахассиси пешбари раёсат

 

  1. Мутахассиси пешбари раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;

- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;

- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;

- барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

- барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

  1. Мутахассиси пешбари раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.

 

  1. Муқаррароти хотимавӣ

 

  1. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ бо гирифтани имзо баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ ба мутахассиси пешбари раёсат супорида мешавад.
  2. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Муфассал...

Дастурамали мансабии мутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Дастурамали мансабии                             

мутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

 

  1. Муқаррароти умумӣ

 

  1. Номи мансаб – мутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.
  2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи ҳафтум мансуб аст.
  3. Мутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд (минбаъд – мутахассиси раёсат аз тарафи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
  4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини соҳавӣ ва сардори раёсат (минбаъд – роҳбарият) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
  5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба яке аз мутахассисони раёсат вогузор карда мешаванд.
  6. Мутахассиси раёсат бо роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм), сохторҳои мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

 

2.Талаботи тахассусӣ

 

7.Барои мансаби мутахассис талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

 -одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси раёсатро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират;

- малакаи кор бо компютер (барномаҳои офисӣ, аз қабили Microsoft Word, Microsoft Exel, Microsoft PowrPoint) ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

 

  1. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси раёсат

 

  1. Мутахассиси раёсат дар давраи муваққатан набудани мутахассиси пешбари

раёсат уҳдадориҳои мансабии онро иҷро менамояд.

  1. Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти гузаронидани аттестатсияи давлатӣ, аккредитатсияи давлатӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда аз натиҷаи он тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ ва ё танҳо ба мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба тариқи хаттӣ хулоса (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
  2. Дар рафти санҷиши фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф бо тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва ё бекор кардани қарорҳои муассисаҳои таълимӣ, ки бар хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф қабул карда шудаанд, хулоса (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
  3. Дар рафти гузаронидани санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ, пурсиши шифоҳӣ дар раванди аттестатсияи давлатӣ ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда аз натиҷаи он тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ ва ё танҳо ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба тариқи хаттӣ санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
  4. Иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсияро риоя намуда, дар ҳолати ошкор гардидани амалҳои коррупсионӣ ба директор ва ё роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм тариқи хаттӣ ва ё шифоӣ гузориш пешниҳод менамояд.
  5. Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатии дахлдор (дар мувофиқа ва бо тартиби муқарраргардида) иштирок ва уҳдадориҳои супоридашударо иҷро менамояд.
  6. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи раёсат дар якҷоягӣ бо кормандон дар муҳлатҳои муқарраргардида ба сардори раёсат ҳисобот пешниҳод намояд.
  7. Оид ба фаъолияти нимсола ва солонаи худ ва ҳангоми баҳодиҳии фаъолият дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
  8. Дар тарғиби соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок менамояд.
  9. Иҷрои консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатиро дар самти фаъолияти Раёсатро дар доираи самтҳои фаъолияти худ таъмин менамояд.
  10. Дар таҳияи лоиҳаи дастурамали мансабиии худ иштирок намуда лоиҳаро ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.
  11. Дар таҳияи нақшаҳои кории раёсат иштирок намуда, баъд аз тасдиқи он дар мувофиқа бо сардори раёсат иҷрои онро назорат ва таъмин менамояд.
  12. Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро таъмин менамояд.
  13. Масъалаҳои коргузории раёсатро пеш мебарад.
  14. Дар рафти гузаронидани арзёбии рейтинги муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок менамояд.
  15. Дар раванди гузаронидани аттестатсия ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ ва пурсишҳои шифоҳӣ мегирад.
  16. Дигар дастурҳои роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро иҷро менамояд.

 

  1. Ҳуқуқҳои мутахассиси раёсат

 

  1. Мутахассиси раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:

- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

- самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил ва оид ба такмили фаъолияти раёсат, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таклиф пешниҳод намояд; 

- маводҳои дар ихтиёри раёсат ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм қарордоштаро омӯзад;

- аз маълумоти дар ихтиёри мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ  қарордошта тибқи тартиби муқарраргардида истифода намояд;

- иҷрои масъалаҳои таҳти назорати раёсат қарордоштаро бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва ё шахсони мансабдор дархост намояд;

- аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ ва илмии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;

- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад.

  1. Мутахассиси раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

  1. Масъулияти мутахассиси раёсат

 

  1. Мутахассиси раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;

- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;

- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

 -барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;

- барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

- барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

  1. Мутахассиси раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.

 

  1. Муқаррароти хотимавӣ

 

  1. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ бо гирифтани имзо баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ ба мутахассиси раёсат супорида мешавад.

Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ к

Муфассал...

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35