Шукри истиқлолияти Ватан
- Сешанбе, Авг 30 2022
- Агентӣ
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳолатҳои ногуворе тавлид шуданд, ки миллатро дар маркази таҳавулотҳои иҷтимоию иқтисодӣ қарор доданд. Чунин ҳолатҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро водор сохт, ки дар сиёсати иҷтимоӣ, фарҳангӣ тағйиротҳои куллиеро рӯйи кор оварад. Ҳамин гуна давраҳо дар таърихи Ватани мо хеле зиёд буданд. Яке аз онҳо ба аввалҳои асри XX рост меояд, ки кишвари мо ба ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ дохил карда шуда буд. Дигараш замони пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ қаламдод мешавад. Бояд гуфт, ки ҳар як давраи таърихӣ ба худ хусусиятҳои хосеро дарбар гирифта, нақши муайяни иҷтимоию сиёсии худро мерос мегузорад. Ин аст, ки Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронию баромадҳои хеш масъалаҳои худшиносию худогоҳии миллиро дар инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон баръало нишон дода, таҳлилҳои ҷолиби диққате нисбати истиқлолияти сиёсӣ намудааст. Ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ба мо имконият дод, ки оид ба рушду инкишофи соҳаҳоӣ мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ аз назари нав андеша намуда, роҳҳои муносиби тарақиётро ҷустуҷу ва дарёфт намоем.
Аз ин рӯ, мо бояд дар бунёди давлатӣ сохибистиқлол бо ифодаи иродаи сарварӣ давлат Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошем, то битавонем, ҷомеаро ба пояи баланди рушди «Иқтисодию сиёсӣ, илмию техникӣ бардорем». Ба хусус дар ин марҳилаи тақдирсозе, ки тарбияи худшиносии миллӣ бояд ба сатҳи сифатан нав бардошта шавад. Ҳамин заруратро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохуриҳо бо кормандони соҳаи маориф, дар мулоқотҳояш бо зиёиён, бо ҷавонон ва дар Паёми ҳамасолаашон ба Маҷлиси Олӣ борҳо таъкид намуда, зарурати пурзур намудани нақши маорифу илмро дар хаёти ҷамъиятӣ махсус таъкид менамояд. Аз ин бармеояд, ки ба истиқлоли комил мушарраф гардидани мо хусусияти хоса дошта, ба системаи муайяни арзишҳо таъсири босазое гузоштааст. Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем. Дар ин ҷода муассисаҳои типи нави замони истиқлол – мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он мегарданд. (паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 26.01.2021) Истиқлолият назарияи сиёсиест, ки бо роҳбарияти олӣ ё ҳокимияти сиёсӣ пайваст аст.
Маълум аст, ки мафхуми «Истиклол» дар забони мо аз калимаи арабӣ омада, маънояш мухтору мустақил будан, озод будан дар иҷрои коре, мустақили ва соҳибихтиёрӣ аст. Аз ин рӯ, замоне, ки мо ин вожаро мавриди истифода карор медиҳем, пеши назарамон мафҳумҳои гуногуни дигаре, ки ба вожаи «миллат» вобастагӣ доранд, пеши ру меоянд. Ба монанди «Худшиносии миллӣ», «Ҳуввияти миллӣ», ва гайраҳо. Воқеан ҳам, миллати тоҷик дар ҳар марҳалаи таърихӣ фарзандони донишманду хирадманд, адибони хушзавқу хушкалом, роҳбарони дурандешу оқилро ба арсаи илм, адабу сиёсат овардааст, ки ҳар яке баҳри ояндаи неки миллат саҳми бориз гузоштаанд. Ин афрод мояи ифтихору пайравӣ ва саҳмгузор дар тарбияи миллии насли имрӯзу оянда маҳсуб меёбанд, ки яке аз ин гуна чеҳраҳои мондагор Президенти маҳбуби мо - Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аз рӯзҳои нахустин бо нутқи равон симои баҳодуронаю тоҷикона, матонати диловарона бар дили мардум, ки ноумедӣ дар он лона гузошта буд, шуълаи умеду орзу ба ояндаи некро афрӯхт ва донаи ниҳоли умедро кошт. Мардуми дилхаста аз ҷанг ва ташнаи сулҳ дар симои ӯ роҳбари воқеӣ ва ғамхору дилсӯзро пайдо намуд. Халқи дурандешу намакшиноси тоҷик дар интихоби Сарвари худ хато накардааст, зеро ӯ кафили ҳифзи Истиқлоли миллӣ гардид. Бояд зикр намуд, ки расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, ки пояҳои он бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони дар тўли таърихи зиёда аз ҳазорсолаи халқи тоҷик арзишмандтарин дастоварди миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки зери парчами ягонаи Ватани азизамон ҷамъ омада, аз ин истиқлолият шукрона намоянд, сарфарозу сарбаландона аз шаҳрванди ин миллати бузург будан ифтихор кунанд. Шукргузори онам, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст.
Акнун барои халқи тоҷик чун обу ҳаво ваҳдати миллй зарур аст. Танҳо якдилона мо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона мо метавонем, истиқлолияти худро ҳифз намоему ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар души ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан насли ояндасози миллат ҷавонон. Бале, мо ҷавонон бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши мо гузошта мешавад.
Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандустиву ватанпарастӣ кушишу талош намоем. Ва инчунин барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар душ дошта бошем.
Саидзода Аҳмадшо
сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ
Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МОСТ»
- ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
- ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- САРФАРОЗГАРДОНИИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ
- Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024