Агентӣ
- Шанбе, 31 Январ 2026
САДА-ҶАШНИ ОИНИ НИЁГОН
САДА-ҶАШНИ ОИНИ НИЁГОН

Халқи тоҷик аз даврони қадим соҳиби анъанаю суннатҳои бостонӣ ва фарҳангӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштааст. Ҷашнҳои миллии мо аз қабили Наврӯз, Меҳргон Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда то имруз ҷойгоҳи хоссаи худро дар ҷомеа нигоҳ доштааст .
Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, ки “Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд. Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд”
Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда, то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII-XIII бо таъсири рӯҳониёни мутаассиб таҷлили расмии ҷашни Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил ёфта, дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расидааст. Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ ҷашн гирифта шуда, мутобқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 – уми январ рост меояд.
Сада ном гирифтани ин ҷашн беҳуда нест, зеро он аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд ва он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро дар бар мегирифт. Сада яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва пурқадимтарини мардуми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки решаҳои он ба таърихи ҳазорсолаҳо пеш бармегардад. Сада аз ҷашнҳои миллии мост ва руҳияи миллиро таҳким бахшида, ифтихори мардумро тақвият медиҳад.
Иди Сада пеш аз ҳама ҷашни табиат ва меҳнати инсон мебошад, ки он ба зиндашавии табиат, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ишора мекунад.
Ҳаким Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.Метавон бо таваҷҷуҳ ба сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва муҳтавои “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ дар шарҳу тавсифи ҷашни Сада ҳамин ҷанбаи асливу асосии он, ободонӣ, тамаддунофаринӣ ва рушду ривоҷи ҳунарҳои саноатӣ, рӯшангарӣ ва кишоварзиву чорводориро аслу асос қарор дод.
Ҷашнҳои миллӣ пояи ҳуввияти миллӣ ва нишонаи асолати фарҳангии тоҷикон буда, анъанаҳои давлатдории халқи тоҷикро инъикос менамоянд.
Сада рамзи пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сармо ва дониш бар нодонист.Он мардумро ба меҳнат, умед ва ҳамбастагӣ даъват мекунад.
Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойину суннатҳои ниёгон зинда гардида, расман рӯзи 30-юми январ ҳар сол ҷашни оини ниёгон Сада таҷлил мегардад.
Ин иқдомҳои бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд пешаи худ намуда, баҳри пос нигоҳ доштани ҷашнҳои миллӣ, урфу одатҳо, анъанаҳои ниёгон , таҳкими худшиносӣ саҳмгузор бошем.
Мавлододова Аслигул –мутахассиси пешбари муносибатҳои байналмилалӣ, котиби ташкилоти ибтидоии “Пайрав”-и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муфассал...- Шанбе, 31 Январ 2026
ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА ДАР ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА ДАР ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Миллати тоҷик дар радифи дигар халқҳои мутамаддини ҷаҳон дар ташаккулу рушди фарҳанг ва тамаддуни башарӣ нақши хоссаи худро гузоштааст. Имрӯз аз саҳми бузурги тоҷикон дар тамаддуни башарӣ мероси моддӣ ва маънавии аз ниёкон боқимонда ба таври мушаххас хабар медиҳад. Оид ба масъалаи нақши хоссаи ниёкони мо дар рушди унсурҳои тамаддуни башарӣ садҳо сарчашмаҳои муътамади таърихию фарҳангӣ ва натиҷаи пажӯҳиши муҳаққиқони ватанию хориҷӣ маълумот медиҳанд.
Дар раванди таърих баъзан аз боиси омилҳои субъективӣ аксар анъанаҳои неки ниёкон қариб, ки аз байн рафта буданд. Вале хираду дониши чеҳраҳои мондагори миллат ва руҳи маърифатпарварии ҷомеаи мо боис шуд, ки аксар унсурҳои фарҳанги мардумӣ ҳифз карда шаванд. Маҳз фарҳанги ғанӣ чун сипар дар тули таърих мо тоҷиконро дар муқобили тамоми аҷнабиён ҳифз намуд. Онҳое, ки ба манотиқи тоҷикнишин ворид шуданд, минбаъд дар зери таъсири фарҳанги тоҷикон қарор гирифтанд. Унсурҳои фарҳанги ниёкони тоҷикон халқиятҳои ба минтақа воридшударо дар худ ғарқ намуд. Дар ҳама марҳилаҳои таърихии сарнавиштсоз фарҳанги воло ба тоҷикон имкон дод, ки ҳастии хешро ҳифз намоянд. Вале мутаассифона, тули сесад соли охири таърих аз боиси ташкили ҳукуматҳои ғайритоҷикии истисморӣ ва аз фарҳанги маҳаллӣ дур ва ташаккули идеологияҳои махсуси давлатӣ фарҳанги миллии тоҷикон рӯ ба завол оварда буд. Маҳз Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки фарҳанги ин миллати тамаддунсоз бори дигар эҳё гардад.
Дар шароити ҷаҳони бесуботу ноороми муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки ба фарҳангу маънавиёти мо ҳам таъсири манфӣ расониданаш имкон дорад, омӯзиши суннату анъанаҳои миллӣ ва истифодаи онҳо ба хотири ҳифзи ҳувияти миллӣ ва манфиатҳои давлату миллат бисёр муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол фарҳангро ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа ҳисобида, аз рӯзҳои нахусти давлатдорӣ ба рушди ин самти муҳимму афзалиятнок диққати махсус равона кард. Махсусан, дар зери сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ рушд карда, ба ташаккулу тарғиби арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, рушди маънавиёт, худшиносӣ ва таҳкими санъати миллӣ диққати хосса зоҳир мегардад. Имрӯз рушди бонизоми фарҳангу санъат, эҳёи фарҳанги миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани он самти муҳимму афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Чи хеле, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд: «Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид».
Яке аз анъанаҳои неки ниёкон дар радифи Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ин ҷашни Сада мебошад, ки нишоне аз волоияти тамаддуни мо маҳсуб меёбад. Бояд гуфт, ки Садда аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёӣ буда, фалсафаи онро пирӯзии рӯшноӣ ба торикӣ, гармо ба сармо ва некӣ ба бадӣ фарогир аст. Дар гузашта ва имрӯз мардум онро бо афрухтани гулханҳои бузург таҷлил менамуданд. Чун оташ дар фарҳанги мардуми ориёӣ рамзи покӣ, рӯшноӣ ва гармӣ буда, сарчашмаи рӯзгори босубот ва зиндагии шоиста маҳсуб меёфт.
Тибқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ мардум ба афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват менамуданд. Мардуми ориёӣ, ки бумӣ ва кишоварз буданд бо таҷлили Сада ба кишту кор омодагӣ медиданд. Ҷашни Сада ба ягон дину ойин тааллуқ надошта, он натиҷаи маҳсули тафаккури рушдкардаи ниёкони мо аст, ки аз дарки амиқи равандҳои табиӣ хабар медод.
Мафҳуми Сада дар сарчашмаҳои таърихӣ тафсир шудааст. Машҳуртарини он «сада»-ро аз шумораи 100 медонад, ки иборат аз панҷоҳ шабонарӯз то Наврӯз аст. Ҳамчунин, истилои «сада» аз калимаи «санд»-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шудан омадааст. Яъне падид омадани рӯшноӣ ва гармӣ. Дар маҷмуъ обонрӯз аст. Сада тамоми самтҳои ҳаётии ниёконро фарогир буд. Самтҳои иҷтимоию фарҳангии пайдарҳамии ҷашнҳои солона низ мавҷуданд, ки онҳо бар асоси бахши кишоварзӣ қомат афрохтаанд, зеро ин ҷашнҳое, ки аз аввали пайдоишашон ғояву мароми сиёсиву идеологӣ надоштанд ва давраҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии ниёконамон дар давоми солро ифода мекарданд, пайваста бо ҷашнҳои порсоию мардумӣ дар ҳаёти ҷомеа рукнҳои асосии камолоти ахлоқиро ба вуҷуд овардаанд, ки зинаҳои худшиносии инсонро дар шакли хеле содааш инъикос намудаанд. Аз омӯзиши натиҷаи пажӯҳиши манобеи таърихӣ аз ҷониби муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ бармеояд, ки Сада ба ҳеҷ дину мазҳабе пайвандӣ надошта, маҳсули тафаккур ва ҷаҳонбинии аҷдоди тоҷикон-ориёиҳо буд.
Ниёкони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ ҳам таҷлил менамуданд. Сабаби ситоиши ин ҷашн дар осори шоирону адибони мо инъикос гардидааст. Оташ на танҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рӯшанӣ аст. Дар айёми Сада рӯзҳо то рафт дароз ва шабҳо кӯтоҳ мешаванд. Яъне маҳз аз ҳамин шабу рӯзҳо ғалабаи рӯшанӣ ба торикӣ ва некӣ бар бадӣ ибтидо мегирад. Ин рамзҳо аз аҳди бостон ҳамчун ҷузъи асосии ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии ниёкони мо пазируфта шудаанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҷашни Сада аз аҳди ориёиҳо (нимаи дуюми ҳазорсолаи 2 то мелод) то давраи ҳукумати Сомониёну Салчуқиён ва дар баъзе аз манотиқи тоҷикнишини Хуросону Мовароуннаҳр то истилои муғулҳо маъмул буд. Он дар сатҳи дарбори шоҳу амирон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардид, ки аз ин «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ хабар медиҳанд.
Дар замони истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дар кишвари мо расман ҳар сол 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати зиёд таҷлил мегардад. Дар ин росто гуфтан меарзад, ки Тоҷикистон ягона кишварест, ки рӯзи муайяни таҷлили ҷашни Сада дорад.
Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳад».
Дар воқеъ, фалсафаи тамоми ҷашну маросими мардумии тоҷикон аз ваҳдати ҷомеа, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар, омӯзиши илму ҳунар, маърифат, арҷгузорӣ ба тамоми унсурҳои табиат ва дигар падидаҳои нодир иборат мебошад.
Имрӯз ҳар як аъзои ҷомеаро зарур аст, ки суннатҳои ҷашни Садаро ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани хонаву ҷойи кор, обод кардани маҳалли зисти хеш, сарсабз гардонидани гулгашту хиёбонҳо, бунёди боғҳо ва рушди босуботи Ватани маҳбубамон дар амал татбиқ намоянд.
Миллати тоҷик шаҳрсозу шаҳрдор ва покманишу фарҳангӣ буда, ин ҳама ҷашну маросимҳои мардумӣ, ки аз аҳди бостон то имрӯз таҷлил мегарданд, нишоне аз тамаддуни воло мебошад.
Файзуллоев Меҳроб – сармутахассиси раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муфассал...
- Шанбе, 31 Январ 2026
БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ ҲИЗБИ ХАҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ ҲИЗБИ ХАҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
10 январи соли 2026 роҳбарият ва кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он аз осорхонаи Ҳизби Хақии Демократии Тоҷикистон дидан намуданд.
Аз ҷониби роҳбалади Осорхона ба кормандон доир ба давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, ки дар толорҳои намоишии осорхона инъикос ёфтаанд, маълумот дода шуд.
Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ роҳбарият ва кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он бо таъриху фарҳанг, расму оин ва анъанаҳи миллии ниёгонамон аз наздик шинос шуда, таассуроти баланд бардоштанд.



Тоҷикӣ
Русский
English
