wrapper

  Истиқлолият – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост.

Эмомалӣ Раҳмон

  Истиқлоли давлатӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ раванди давомдор буда, таҳкими он яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ба шумор меравад. Соҳибистиқлол гаштан ин марҳилаи аввали расидан ба мақсади худсозӣ мебошад, ки тавассути ҳамгироии зичи ҷомеа, талошҳои созанда, руҳияи истиқлолхоҳӣ ба даст омада, тақозо менамояд, ки он ҳамчун арзиши тағйирпазир ва рушдбанда доимо ҳифз карда шавад. Тағйирпазирии ин раванд аз омилҳои гуногуни дохилӣ ва берунӣ, объективӣ ва субъективӣ вобаста буда, сафинаи дар баҳр қарордоштаро мемонад, ки фақат идоракунии дуруст метавонад онро аз ғарқшавӣ наҷот диҳад.

  Тоҷикистон дар тӯли 31 соли соҳибистиқлолӣ ва дар масири давлатдорӣ ба дастовардҳои бузурге ноил гардидааст, ки васфашон беохир аст. Аммо бе муҳобот ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар тӯли давлатдории тоҷикон бузургтарин дастоварди миллӣ маҳсуб меёбад, ки онро бояд чун гавҳараки чашм азизу гиромӣ донист ва баҳри пойдориву устувории он тамоми талошҳоро ба харҷ дод.

  Аз ҷумла, мо-кормандони соҳаи маорифро лозим аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли наврасро дар руҳияи ватандорӣ тарбия намуда, аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ кадрҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯро омода намоем ва барои рушди ҳамаҷониба тамоми самтҳои давлатдорӣ саҳми шоиста гирем.

  Пеш аз ҳама бояд ёдовар шуд, ки дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург. Аз ин лиҳоз, бояд сиёсати дурбинона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори хеш қарор дода дар ҷиҳати боз ҳам ободу зубо гардонидани Тосикистони азиз беҳтару хубтар кор кунем.

  Бо ҳамин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф ба хотири рушди минбаъдаи Тоҷикистон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм солҳои 2020-2040»-ро эълон карданд ва ва ҳамчунин ҳамасола ба роҳ мондани озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат»-ро роҳандозӣ карданд. Ин иқдомҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати руҳбаланд кардани насли ҷавон ва марҳила ба марҳила инкишоф ёфтани соҳаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла, саноатикунонӣ мусодат менамоянд. Мо маорифчиёнро лозим аст, ки ба ин иқдомҳо ҷиддӣ муносибат намуда, рисолати ватандории худро ба сурати комил дар мавриди таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли давлатӣ анҷом бидиҳем.

 Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат, васолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад».

 Пас, такя ба ин суханони Сарвари давлат истиқлолияти давлатиро азизу гиромӣ дошта, онро ҳифзу ҳимоя кардан муқаддаси мо сокинон мебошад.

 Мисли ангуштони як даст, фарзандони як модар, гулҳои як боғ, шохобҳои як руд ба ҳам омада, ҳазорсолаҳо як мулки ободу зеборо ба ояндагон ба мерос гузорем.

 Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамватанони азиз якояки Шуморо ба муносибати 31-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош мегӯям ва таманнои онро дорам, ки рӯзгоратон ҳамеша пурнишот бошад.

 Бигзор ҳазор солаҳои дигар истиқлолу озодӣ дар ватани азизамон Тоҷикистон побарҷо ва устувор бимонад.

Ҳамватан субҳат ба хайр ин субҳи истиқлоли мост,

Ин муҳаббат, ин саодат, ин шараф шаҳболи мост.

 

Ширинзода Наҷмуддин Асомуддин 

корманди Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35