wrapper

  Истиқлолият падидаи муҳимтарини давлатдорӣ ба ҳисоб рафта он ба ҳар яки мо озодии комилро ҳадя намуд. Маҳз Истиқлолият ва оромии ҷомеаи шаҳрвандӣ кишвари моро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.
  Истиқлолият ҳамчун саҳифаи таърихи навини ватанамон бо хати заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад.

  Дар давраи 31 соли бобарору файзбахш дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқ дигаргунӣ ва пешравиҳои назаррас ба амал омада, маҳз дар соҳаи маориф ва илми кишавари азизамон дастовардҳои назаррасеро соҳиб гардидааст ва ҳамеша соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа пайваста дар зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Пешвои миллат соҳаи маорифро «Омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат» унвон кардаанд. Даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои беҳтар шудани вазъи сифати таълиму тарбия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои муҳим қабул гардида, имконияти хуберо фароҳам овард, ки рушди минбаъдаи соҳаи маориф ва илмро таъмин менамоянд.
Қобили қайд аст, ки мувофиқи Барномаи компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аксарияти муассисаҳои таълимӣ бо техникаи ҳозиразамони компютерӣ, дорои тахтаҳои электронӣ буда, аксарияти синфхонаҳои муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо тахтаҳои электронии муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
  Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусу дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
  Дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 173 муассисаи таълимии типи нав, литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида ба истифода дода шуданд.
  Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардида, шумораи онҳо мутаносибан ба 144 (62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ) ва 41 муассисаи олии касбӣ расонида шуд.
  Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021-2022 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст.
  Истиқлолияти давлатӣ, ватани азизу маҳбуби моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлатӣ соҳибистиқлол муаррифӣ намуд ва боиси ифтихор аст, ки ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.
  Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳуҷҷатҳои муҳим қабул карда шудаанд, ки муҳтавои онҳо ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошанд. Нахустин ҳуҷҷати муҳими соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошад. Бо назардошти пешрафти ҷомеа ва дигаргуниҳои замони муосир ба қонуни мазкур чаҳор маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ҳадафи он баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ба талаботи ҷаҳони муосир, мутобиқ намудани ҳуҷҷатгузории соҳаи маорифи кишвар мебошад.
  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва баъди хатми мактаби олӣ», «Дар бораи сиёсати ҷавонон», «Дар бораи илм ва прогрессии илми техникӣ» қабул гардидаанд, ки нуқтаҳои асосии қонунгузориро дар соҳаи маориф ва илм муайян намуда, барои рушди минбаъдаи он дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат заминаи мусоид гузоштанд.
   Илова бар ин, дар давраи соҳибистиқлолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи мактаби миллӣ, Консепсияи миллии тарбия, Консепсияи касбинтихобкунӣ, Консепсияи миллии таҳсилот, Стандартҳои давлатии таҳсилот, Низомномаи муассисаҳои таълимӣ ва дигар санаду ҳуҷҷатҳоро дар бораи такмилу инкишоф додани соҳаи маориф қабул намуд, ки барои ҳамқадами замони муосир дар арсаи байналмилалӣ намудани муҳтавои маълумот дар зинаҳои гуногуни таълим, нақши асосиро бозидаанд.
  Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири наслҳои оянда дар хусуси таъсиси мактаб – интернатҳо, барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррар намудани имтиёзҳо барои кормандони соҳаи маориф, як қатор қарорҳо ба имзо расидаанд. Маҳз дар ҳамин солҳо мактабиёну донишҷӯёни болаёқат ва муҳаққиқони ҷавон ба дарёфти стипендияи президентӣ мушарраф гардиданд. Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат барои олимони ҷавон Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуд.
  Дар самти муассисаҳои олӣ низ дар зарфи 30 сол навгонӣ ва пешравиҳои назаррас ба миён омадаанд. Аз ҷумла, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар сол духтарон аз деҳаҳои дурдасти мамлакат тариқи квота ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил мешаванд. Барои ба танзим даровардани таҳсилоти олии касбӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олӣ ва баъди хатми мактаби олӣ» нақши муҳим бозид. Шумораи муассисаҳои таълимии олӣ низ сол аз сол зиёд мегарданд.
  Агар дар соли 1991 шумораи муассисаҳои олӣ ба 13 адад баробар буд, пас соли 1999 ин нишондиҳанда ба 28 адад расид. Соли таҳсили 1991 – 1992, 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекард, ки ин шумора дар соли 2019 ба 38 адад расид, ки аз ин миқдор 14 донишгоҳ, 15 донишкада, 3 филиали муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Консерваторияи миллӣ ва 4 муассисаи таълимии мақомоти қудратӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки ҷавонон ба омӯзиши дилхоҳ касбу ихтисос машғул шаванд.
  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо кормандони соҳаи маориф, ки 22 декабри соли 2005 баргузор гашта буд, чунин изҳор намуданд: “Маориф омили муҳимтарини ҳастии давлат ва наҷоти миллат аст. Мо соҳаи маорифро самти асосӣ ва стратегии сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон намудем”.
  Дар Паёмҳои ҳамасола, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мактабу маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, рушди он дар меҳвари сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии Президенти кишвар қарор дорад.   Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 чунин таъкид гардидааст, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.
  Ҳамин тавр, масъалаҳои рушди мактабу маориф, тарбияи насли наврас, ҷавонон самти афзалиятноки сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои рушди он ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мегардад.
  Истиқлолият мақсаду мароми ҳар як кавму миллат буда, имрӯз ин неъмати бебаҳо ба миллати тамадуновари тоҷик бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат насиб гардидааст.
 Дар ин росто ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо, фазои озодию истиқлолият расем, онро чун арзишмандтарин ганҷ ҳифз намоем. Чунки маҳз дурахшонии фазои Ватани азизамон аз озодӣ ва Истиқлолияти ҳар як хонадони ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагии зиёд дорад.
  Ҷашни истиқлоли миллат, озодии мардуми тоҷик, фазои осудаи ин сарзамини биҳиштосо, ки онро ном ТОҶИКИСТОН аст, ба кулли мардуми ин сарзамин муборак бошад.

Назарзода Маҳмуд
Сардори расёсати назорати давлатии муассисаҳои 

таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолони Агентӣ

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35