wrapper

Items filtered by date: Январ 2026

Шанбе, 31 Январ 2026 11:08

САДА-ҶАШНИ ОИНИ НИЁГОН

САДА-ҶАШНИ ОИНИ НИЁГОН

 

Халқи тоҷик аз даврони қадим соҳиби анъанаю суннатҳои бостонӣ ва фарҳангӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштааст. Ҷашнҳои миллии мо аз қабили Наврӯз, Меҳргон Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда то имруз ҷойгоҳи хоссаи худро дар ҷомеа нигоҳ доштааст .

Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16-уми декабри соли 2025  ироа гардид, ки “Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд. Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд”

Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда, то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII-XIII бо таъсири рӯҳониёни мутаассиб таҷлили расмии ҷашни Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил ёфта, дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расидааст. Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст. 

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ ҷашн гирифта шуда,  мутобқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 – уми январ рост меояд.

Сада ном гирифтани ин ҷашн беҳуда нест, зеро он аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд ва он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро дар бар мегирифт. Сада яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва пурқадимтарини мардуми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки решаҳои он ба таърихи ҳазорсолаҳо пеш бармегардад.     Сада аз ҷашнҳои миллии мост ва руҳияи миллиро таҳким бахшида, ифтихори мардумро тақвият медиҳад.

Иди Сада пеш аз ҳама ҷашни табиат ва меҳнати инсон мебошад, ки он ба зиндашавии табиат, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ишора мекунад.

Ҳаким Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.Метавон бо таваҷҷуҳ ба сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва муҳтавои “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ дар шарҳу тавсифи ҷашни Сада ҳамин ҷанбаи асливу асосии он, ободонӣ, тамаддунофаринӣ ва рушду ривоҷи ҳунарҳои саноатӣ, рӯшангарӣ ва кишоварзиву чорводориро аслу асос қарор дод.

Ҷашнҳои миллӣ пояи ҳуввияти миллӣ ва нишонаи асолати фарҳангии тоҷикон буда, анъанаҳои давлатдории халқи тоҷикро инъикос менамоянд.

Сада рамзи пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сармо ва дониш бар нодонист.Он мардумро ба меҳнат, умед ва ҳамбастагӣ даъват мекунад.

Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойину суннатҳои ниёгон зинда гардида, расман рӯзи 30-юми январ ҳар сол ҷашни оини ниёгон Сада таҷлил мегардад.

Ин иқдомҳои бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд пешаи худ намуда, баҳри пос нигоҳ доштани ҷашнҳои миллӣ, урфу одатҳо, анъанаҳои ниёгон , таҳкими худшиносӣ саҳмгузор бошем.

Мавлододова Аслигул –мутахассиси пешбари муносибатҳои байналмилалӣ, котиби ташкилоти  ибтидоии “Пайрав”-и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА ДАР ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Миллати тоҷик дар радифи дигар халқҳои мутамаддини ҷаҳон дар ташаккулу рушди фарҳанг ва тамаддуни башарӣ нақши хоссаи худро гузоштааст. Имрӯз аз саҳми бузурги тоҷикон дар тамаддуни башарӣ мероси моддӣ ва маънавии аз ниёкон боқимонда ба таври мушаххас хабар медиҳад. Оид ба масъалаи нақши хоссаи ниёкони мо дар рушди унсурҳои тамаддуни башарӣ садҳо сарчашмаҳои муътамади таърихию фарҳангӣ ва натиҷаи пажӯҳиши муҳаққиқони ватанию хориҷӣ маълумот медиҳанд.

Дар раванди таърих баъзан аз боиси омилҳои субъективӣ аксар анъанаҳои неки ниёкон қариб, ки аз байн рафта буданд. Вале хираду дониши чеҳраҳои мондагори миллат ва руҳи маърифатпарварии ҷомеаи мо боис шуд, ки аксар унсурҳои фарҳанги мардумӣ ҳифз карда шаванд. Маҳз фарҳанги ғанӣ чун сипар дар тули таърих мо тоҷиконро дар муқобили тамоми аҷнабиён ҳифз намуд. Онҳое, ки ба манотиқи тоҷикнишин ворид шуданд, минбаъд дар зери таъсири фарҳанги тоҷикон қарор гирифтанд. Унсурҳои фарҳанги ниёкони тоҷикон халқиятҳои ба минтақа воридшударо дар худ ғарқ намуд. Дар ҳама марҳилаҳои таърихии сарнавиштсоз фарҳанги воло ба тоҷикон имкон дод, ки ҳастии хешро ҳифз намоянд. Вале мутаассифона, тули сесад соли охири таърих аз боиси ташкили ҳукуматҳои ғайритоҷикии истисморӣ ва аз фарҳанги маҳаллӣ дур ва ташаккули идеологияҳои махсуси давлатӣ фарҳанги миллии тоҷикон рӯ ба завол оварда буд. Маҳз Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки фарҳанги ин миллати тамаддунсоз бори дигар эҳё гардад.

Дар шароити ҷаҳони бесуботу ноороми муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки ба фарҳангу маънавиёти мо ҳам таъсири манфӣ расониданаш имкон дорад, омӯзиши суннату анъанаҳои миллӣ ва истифодаи онҳо ба хотири ҳифзи ҳувияти миллӣ ва манфиатҳои давлату миллат бисёр муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол фарҳангро ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа ҳисобида, аз рӯзҳои нахусти давлатдорӣ ба рушди ин самти муҳимму афзалиятнок диққати махсус равона кард. Махсусан, дар зери сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ рушд карда, ба ташаккулу тарғиби арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, рушди маънавиёт, худшиносӣ ва таҳкими санъати миллӣ диққати хосса зоҳир мегардад. Имрӯз рушди бонизоми фарҳангу санъат, эҳёи фарҳанги миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани он самти муҳимму афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Чи хеле, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд: «Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид».

Яке аз анъанаҳои неки ниёкон дар радифи Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ин ҷашни Сада мебошад, ки нишоне аз волоияти тамаддуни мо маҳсуб меёбад. Бояд гуфт, ки Садда аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёӣ буда, фалсафаи онро пирӯзии рӯшноӣ ба торикӣ, гармо ба сармо ва некӣ ба бадӣ фарогир аст. Дар гузашта ва имрӯз мардум онро бо афрухтани гулханҳои бузург таҷлил менамуданд. Чун оташ дар фарҳанги мардуми ориёӣ рамзи покӣ, рӯшноӣ ва гармӣ буда, сарчашмаи рӯзгори босубот ва зиндагии шоиста маҳсуб меёфт.

Тибқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ мардум ба афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват менамуданд. Мардуми ориёӣ, ки бумӣ ва кишоварз буданд бо таҷлили Сада ба кишту кор омодагӣ медиданд. Ҷашни Сада ба ягон дину ойин тааллуқ надошта, он натиҷаи маҳсули тафаккури рушдкардаи ниёкони мо аст, ки аз дарки амиқи равандҳои табиӣ хабар медод.

Мафҳуми Сада дар сарчашмаҳои таърихӣ тафсир шудааст. Машҳуртарини он «сада»-ро аз шумораи 100 медонад, ки иборат аз панҷоҳ шабонарӯз то Наврӯз аст. Ҳамчунин, истилои «сада» аз калимаи «санд»-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шудан омадааст. Яъне падид омадани рӯшноӣ ва гармӣ. Дар маҷмуъ обонрӯз аст. Сада тамоми самтҳои ҳаётии ниёконро фарогир буд. Самтҳои иҷтимоию фарҳангии пайдарҳамии ҷашнҳои солона низ мавҷуданд, ки онҳо бар асоси бахши кишоварзӣ қомат афрохтаанд, зеро ин ҷашнҳое, ки аз аввали пайдоишашон ғояву мароми сиёсиву идеологӣ надоштанд ва давраҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии ниёконамон дар давоми солро ифода мекарданд, пайваста бо ҷашнҳои порсоию мардумӣ дар ҳаёти ҷомеа рукнҳои асосии камолоти ахлоқиро ба вуҷуд овардаанд, ки зинаҳои худшиносии инсонро дар шакли хеле содааш инъикос намудаанд. Аз омӯзиши натиҷаи пажӯҳиши манобеи таърихӣ аз ҷониби муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ бармеояд, ки Сада ба ҳеҷ дину мазҳабе пайвандӣ надошта, маҳсули тафаккур ва ҷаҳонбинии аҷдоди тоҷикон-ориёиҳо буд.

Ниёкони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ ҳам таҷлил менамуданд. Сабаби ситоиши ин ҷашн дар осори шоирону адибони мо инъикос гардидааст. Оташ на танҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рӯшанӣ аст. Дар айёми Сада рӯзҳо то рафт дароз ва шабҳо кӯтоҳ мешаванд. Яъне маҳз аз ҳамин шабу рӯзҳо ғалабаи рӯшанӣ ба торикӣ ва некӣ бар бадӣ ибтидо мегирад. Ин рамзҳо аз аҳди бостон ҳамчун ҷузъи асосии ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии ниёкони мо пазируфта шудаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ҷашни Сада аз аҳди ориёиҳо (нимаи дуюми ҳазорсолаи 2 то мелод) то давраи ҳукумати Сомониёну Салчуқиён ва дар баъзе аз манотиқи тоҷикнишини Хуросону Мовароуннаҳр то истилои муғулҳо маъмул буд. Он дар сатҳи дарбори шоҳу амирон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардид, ки аз ин «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ хабар медиҳанд.

Дар замони истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дар кишвари мо расман ҳар сол 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати зиёд таҷлил мегардад. Дар ин росто гуфтан меарзад, ки Тоҷикистон ягона кишварест, ки рӯзи муайяни таҷлили ҷашни Сада дорад.

Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳад».

Дар воқеъ, фалсафаи тамоми ҷашну маросими мардумии тоҷикон аз ваҳдати ҷомеа, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар, омӯзиши илму ҳунар, маърифат, арҷгузорӣ ба тамоми унсурҳои табиат ва дигар падидаҳои нодир иборат мебошад.

Имрӯз ҳар як аъзои ҷомеаро зарур аст, ки суннатҳои ҷашни Садаро ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани хонаву ҷойи кор, обод кардани маҳалли зисти хеш, сарсабз гардонидани гулгашту хиёбонҳо, бунёди боғҳо ва рушди босуботи Ватани маҳбубамон дар амал татбиқ намоянд.

Миллати тоҷик шаҳрсозу шаҳрдор ва покманишу фарҳангӣ буда, ин ҳама ҷашну маросимҳои мардумӣ, ки аз аҳди бостон то имрӯз таҷлил мегарданд, нишоне аз тамаддуни воло мебошад.

Файзуллоев Меҳроб – сармутахассиси раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ ҲИЗБИ ХАҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

10 январи соли 2026 роҳбарият ва кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он аз осорхонаи Ҳизби Хақии Демократии Тоҷикистон дидан намуданд.

Аз ҷониби роҳбалади Осорхона ба кормандон доир ба давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, ки дар толорҳои намоишии осорхона инъикос ёфтаанд, маълумот дода шуд.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ роҳбарият ва кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он бо таъриху фарҳанг, расму оин ва анъанаҳи миллии ниёгонамон аз наздик шинос шуда, таассуроти баланд бардоштанд.

 

 

ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 16 декабри соли 2025 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

 

9-уми январи соли 2026 дар толори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷаласаи васеи кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Дар ҷаласа директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм – Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид, муовини директори Агентӣ – Назарализода Дилафрӯз, мудири шуъбаи таблиғот ва ташфиқоти Кумитаи иҷроия марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Ширинбекзода Садриддин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур – Содиқиён Умед ва сардорону кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз мудири шуъбаи таблиғот ва ташфиқоти Кумитаи иҷроия марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Ширинбекзода Садриддин вобаста ба нқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Сипас директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Саидзода Муҳаммадтоир Саид суханронӣ намуда, баён доштанд, ки Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки чорабинии имрӯзаро таҳти унвони Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир намуд.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои навбунёди зебою бошукӯҳи Парламенти кишвар баргузор гардид.

Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян намуданд.

Ба Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки барои дар пойтахти кишвар бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда бунёд кардани Маркази байналмилалии Наврӯз чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз руйдодҳои муҳими соли 2025 номида шуд.

Гуфта шуд, ки дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳодҳои кишвари мо эътироф ва қабул гардид, аз ҷумла қабули қатъномаҳо доир ба:

-«Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ»,

-«Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»,

-ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём иброз доштанд, ки «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар ин замина барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.

Дар Паём зикр гардид, ки тибқи таҳлилҳо дар тӯли 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад. Бинобар ин, мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем.

Ба ин мақсад, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «Соли 2019 дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шуда буд, ки аз он замон шаш сол сипарӣ гардид.

Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб супориш доданд, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамзамон, иброз доштанд, ки ба хотири ҳарчи зудтар ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидани маорифи Тоҷикистон соли 2004 ба низоми кредитии таҳсилот гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат оғоз гардид ва соли 2014 ҳамаи муассисаҳои зикршуда ба ин низом гузаронида шуданд. Имрӯз вақти он расидааст, ки бурду бохти низоми зикршуда аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлилу баррасӣ гардида, зимни супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм омилҳои инсонӣ пурра аз байн бурда шаванд.

Ҳамчунин, дастур доданд, ки аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд.

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.

Дар Паёми имсола ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Махсусан, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз ва музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомотро 20 фоиз зиёд намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли 2026 барои мардуми кишвар соли таърихӣ - соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст. Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад ва то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи онҳо аз 30 ҳазор мегузарад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «Соли 2026 - Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарафманди тоҷик аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашанд.

 

 

 

 

Page 1 of 2

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35