Items filtered by date: Июл 2026
Баргузории маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии «Пайрав»-и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 10.07.2026 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии «Пайрав»-и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ кори худро оғоз намуд.
Нахуст ҷаласаро Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Содиқиён Умед кушода, ҳайати раёсатро бо иштирокчиён шинос намуда, рӯзномаи ҷаласаро ироа намуд.
Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии «Пайрав» Саидзода Муҳаммадтоир оид ба ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2026 ҳисобот пешниҳод намуда, қайд карда шуд, ки ташаббуси бевоситаи роҳбари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамоми соҳаҳо бахусус соҳаи маориф корҳои зиёде ба монанди тақвияти маорифи миллӣ, ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ, бунёди мактабҳои типии нав, имконияти мусодид барои донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён ва фароҳам намудани шароити хуби корӣ ба омӯзгорон ба сомон расонида шуд.
Дар баробари ин, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.
Ташкилоти ибтидоии «Пайрав»- и Агентӣ аз моҳи декабри соли 2015 фаъолият дошта, ба ҳолати 1 июни соли 2026 113 нафарро дар сафҳои худ муттаҳид сохтааст. Ҳар як аъзои ҳизб вазифаҳои хизматии худро дар назди халқу ватани азиз дар соҳаи маориф ва илм софдилона иҷро карда истодаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ ташкилоти ибтидоии «Пайрав» ҷихати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор чорабиниҳои зеринро амалӣ намуда, дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ба тарбияи маънавии ҷомеа низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дастгирии якдигар аз муҳимтарин ҳадафҳо ба шумор мераванд. Чунин сиёсат ба ташаккули ҷомеаи солим ва муттаҳид мусоидат мекунад.
Ғайр аз ин, ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои хайриявӣ, аёдати оилаҳои сарбозон ва расонидани кӯмакҳои амалӣ аз ҷониби ташкилотҳо ва шахсони алоҳида, намунаи олии инсондӯстӣ ва ҳамдилӣ мебошад. Ин иқдомҳо на танҳо ниёзмандонро дастгирӣ мекунанд, балки рӯҳияи ҳамбастагӣ ва меҳру шафқатро дар ҷомеа таҳким мебахшанд.
Дар ин замина Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди Саиди фитр ва ҷашни байналмилалии Наврӯз ба яке аз қисмҳои низомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва оилаҳои ниёзманди ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маводи ғизоӣ дастрас намуд.
Бо мақсади дастгирии саривақтӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии осебдида, дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ва инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб кӯмакҳои моддӣ дастрас карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ сафарбар карда шуданд. Ҳамбастагӣ ва дастгирии ҳамдигар нишонаи сатҳи баланди ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии «Пайрав» дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша сармашқи худ намуда, барои пешрафти соҳаи маориф ва сарбаландона истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ раҳнамоӣ менамояд.
Баъди барассии маърӯзаи мазкур муовини раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Содиқиён Умед баромад намуда, қайд кард, ки Мо, ҳамеша ному насаби Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо камоли эҳтиром, саршор аз меҳру муҳаббат ва бо ифтихор ба забон мегирем. Зеро ин роҳбари хирадманду асил, кафили сулҳу амонӣ, сиёсатмадори арсаи байналмилалӣ, дурандешу фидокор тавонист, ки миллату Ватанро аз нестшавию фалокат бо сари баланд раҳо намояд. Номи ӯ, кору пайкораш дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст ва Пешвои миллат донистанашон далели гуфтаҳои болост..
Дар ҳақиқат, аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар ташкилоти ибтидоии мо муттаҳид гардидаанд, пеш аз ҳама кӯшиш мекунанд, ки обрӯю нуфузи ҳизбро боз хам баландтар бардоранд. Ҳар як узви ҷомеаи имрӯза баҳри он бояд саъю талош намояд, ки дар ҷомеа мавқеи устувор дошта бошад.
Баъди баромадкунандагон лоиҳаи қарори ташкилоти ибтидоии «Пайрав»-и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Пайрав»- и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2026» ироа карда шуда, қарор қабул карда шуд.
ИСТИҚЛОЛ ¬ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА РОҲ БА СӮЙИ ФАРДОИ ОБОД
ИСТИҚЛОЛ ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА РОҲ БА СӮЙИ ФАРДОИ ОБОД
Ҳар боре ки сухан дар бораи 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад, беихтиёр симои шахсияте пеши назар меояд, ки тамоми даврони давлатдории навини тоҷиконро бо фаъолияти шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва масъулияти бузурги таърихӣ паси сар намудааст. Ин сиву панҷ сол азхудгузаштаниҳои умри ҷавонмарде, ки тамоми хушиҳои зиндагиашро барои бунёди давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат, эҳёи миллат, ободии Ватан ва ҳифзи амнияти халқи тоҷик бахшид.
Дар саҳифаҳои таърихи навини халқи тоҷик нафаси пурдарди замон нуҳуфтааст: ашки ороми модароне, ки шабҳоро бо дуои сулҳ ба субҳ мерасониданд; нигоҳи хастаи падароне, ки орзӯи як рӯзи бе тарсу оворагиро дар дил мепарвариданд; хомӯшии талхи кӯдаконе, ки кӯдакии худро дар интизори оромии Ватан сипарӣ мекарданд. Дар ҳамин саҳифаҳо ҳамчунин заҳмати бедорхобии ҳазорон фарзандони содиқи миллат сабт гардидааст — онҳое, ки бо дили пур аз умед, дастони хаста, вале иродаи шикастнопазир барои поягузории сулҳ, ободӣ ва эҳёи Тоҷикистон камари ҳиммат бастаанд.
Дар ин масири пурпечутоби таърих, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми неру, дониш, таҷриба ва ҳастии худро ба хотири ҳифзи давлатдории тоҷикон, таҳкими пояҳои истиқлол ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум равона намуданд.
«Истиқлолият неъмати бебаҳост ва қарзи ҳар яки мо шукронаи ин неъматро ба ҷо овардан ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намудан аст», таъкид медоранд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
Дар таърихи ҳар як миллат рӯйдодҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки на танҳо оғози марҳалаи нав, балки сарнавишти чандин наслро муайян мекунанд. Барои миллати тоҷик чунин рӯйдоди бузург Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо гузашти 35 сол метавон бо ифтихор гуфт, ки истиқлолият барои тоҷикон танҳо як воқеаи сиёсӣ набуд, балки оғози эҳёи давлатдории миллӣ, тақвияти худшиносӣ, рушди иқтисодӣ, болоравии обрӯи байналмилалӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ гардид.
Солҳои аввали истиқлол барои Тоҷикистон давраи бисёр вазнин буда, буҳрони сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти иқтисодӣ мавҷудияти давлатро зери хатар гузошта буданд. Дар ҳамин марҳалаи ҳассоси таърихӣ иродаи сиёсӣ, ваҳдати мардум ва роҳбарии хирадмандона имкон доданд, ки Тоҷикистон аз вартаи парокандагӣ раҳо ёфта, роҳи сулҳу субот ва созандагиро пеш гирад. Маҳз ҳамин сулҳу оромӣ асоси тамоми дастовардҳои минбаъдаи кишвар гардид.
Таҷрибаи навини давлатдории мо нишон медиҳад, ки истиқлолият танҳо ба даст овардани соҳибихтиёрӣ нест, балки ҳифз ва таҳкими пайвастаи давлатдорӣ мебошад. Дар ин давра Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, пояҳои давлатдории миллӣ устувор шуда, сохтори мақомоти давлатӣ такмил ёфт. Артиши миллӣ таъсис ёфта ва волоияти қонун тадриҷан таҳким ёфт. Давлати ҷавони тоҷик тавонист дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, сулҳхоҳ ва ташаббускор мавқеи арзандаи худро пайдо намояд.
Дар даврони истиқлолият рушди иқтисоди миллӣ ба яке аз самтҳои афзалиятнок табдил ёфт. Амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат — барои рушди устувори кишвар заминаи воқеӣ фароҳам овард. Бунёди неругоҳҳои бузурги барқи обӣ, сохтмони роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти иҷтимоӣ симои Тоҷикистони имрӯзаро куллан дигаргун сохт. Ҳар як иншооти нав далели равшани он аст, ки истиқлолият барои мардум на танҳо мафҳуми сиёсӣ, балки сарчашмаи ободӣ ва пешрафт мебошад.
Дар баробари рушди иқтисоди миллӣ, давлат ба соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Садҳо муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ бунёд гардида, имкониятҳои нави таҳсил ва рушди ҷавонон фароҳам оварда шуданд. Пешрафти давлат пеш аз ҳама ба сатҳи маърифат ва неруи инсонӣ вобаста буда, ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос кафили идомаи роҳи созандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Истиқлолият барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва таърихии тоҷикон низ шароити мусоид фароҳам овард. Забони давлатӣ мақоми воқеии худро пайдо карда, мероси ғании фарҳангӣ дубора эҳё ва осори шахсиятҳои барҷастаи миллат мавриди омӯзиш ва муаррифии байналмилалӣ қарор гирифт. Ин раванд ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба таърихи давлатдориро дар ҷомеа тақвият бахшид.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор ва сулҳҷӯ шинохта шудааст. Пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, обрӯи байналмилалии кишварро боз ҳам баланд бардоштанд. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар баробари ҳалли масъалаҳои дохилӣ, дар баррасии мушкилоти глобалӣ низ саҳми арзанда мегузорад. Ҳамин аст, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Маҷмаи умумии СММ дастгирӣ ёфта, Қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” қабул гардид.
Сиву панҷ соли Истиқлол исбот намуд, ки бо вуҷуди мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷаҳонӣ Тоҷикистон роҳи дурусти рушди давлатдории миллиро интихоб кардааст. Давлате, ки замоне барои ҳифзи ҳастии худ мубориза мебурд, имрӯз бо боварӣ ба сӯи ояндаи устувор қадам мегузорад. Ин ҳама самараи сулҳу ваҳдат, заҳмати содиқонаи мардуми Тоҷикистон ва сиёсати давлатсозона мебошад.
Таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо ёдоварии як санаи таърихӣ нест, балки фурсати андеша дар бораи масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан мебошад. Ҳифзи истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ, рушди илму маърифат ва меҳнати софдилона рисолати муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа аст. Танҳо дар сурати эҳсоси ҳамин масъулият мо метавонем Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам ободу зебо, пешрафта гардонем ва ин мероси бузурги таърихиро ба наслҳои оянда бо ифтихор ба ёдгор гузорем.
Мудири бахши муносибатҳои байналмиалӣ Нодиршоҳи Ҳабибулло.
Нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори омма мерасонад, ки 14 июли соли 2026, соати 11:00 дар толори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ 126 нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм баргӯзор мегардад.
Намояндагони васоити ахбори омма метавонанд, барои дарёфти маълумот ва пешниҳоди саволҳо ба шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм (225-83-28, 93-474-25-25, This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.) муроҷиат намоянд.
Тоҷикӣ
Русский
English
