wrapper

Items filtered by date: Душанбе, 12 Декабр 6095

  20-уми июни соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Пайрав”-и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ҳомидзода Насимҷон-намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Наботов Шукрулло–муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Турсунова Маъмурхон-намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Содиқзода Хурсанд-муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии мазкур маҷлиси ҳисоботии ҳизбӣ оид ба ҷамбасти фаъолияти ташкилот дар соли 2023 баргузор шуд.

  Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сафарализода Хуҷамурод Қудусӣ-номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, Мудири кафедраи “Равандҳои сиёсӣ”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Сиёсати иҷтимоии давлат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дар партави сиёсати миллӣ барои давраи то соли 2030” бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ хониши идоравӣ баргузор гардид.

 Таҳти раёсати директори Агентӣ-Икром Субҳонзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, намояндагон аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки дар сохторашон муассисаи таълимӣ доранд, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таълимии зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи ва олии касбӣ иштирок намуданд.

  Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Самандари Қаландар-ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсияи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ хониши идоравӣ баргузор гардид.

Page 26 of 51

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35