wrapper

ПАЁМИ ПЕШВО – РОҲНАМОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Ҳамасола мардуми шарафманди тоҷик Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизорӣ мекашанд. Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои бошукуҳи Парлумони Тоҷикистон баргузор гардид. Паёми раҳнамунсоз фарогири тамоми баҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат буда, чун ҳарвақта соҳаи маориф дар меҳвари асосии сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, таҳлили вазъи соҳа шуруъ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дар соли 2024 ва даврони соҳибитиқлолии кишвар мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ хеле мубрам гардидани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ саркарда аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад. Вобаста ба дастгирии ҳифзи иҷтимоии ва тақвиятбахшидани некуаҳволии мураббиёну омӯзгорон аз моҳи сентябри соли 2025 маоши вазифавии онҳои 30 дарсад зиёд карда мешавад. Маоши вазифавии дигар кормандони соҳаи маориф ва илм 20 дарсад зиёд када мешавад. Пешвои муаззами миллат кормандони соҳаи маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ дар 5 соли оянда барои фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта ба истифода дода шавад. Пешниҳоди ҷолиби диққати дигар ин буд, ки дар ҳар деҳоту маҳаллаҳое, ки дар онҳо зиёда аз 100 оила истиқомат мекунанд, ҳатман як муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта ба истифода диҳанд. Таъкид гардид, ки дар зарфи 10 соли оянда теъдодни хонандагон беш аз 1 млн. нафар меафзояд. Дар соли 2024 синфи 11-ро 136 ҳазор хатм намуда, 240 ҳазор кӯдак ба синфи якум рафтанд, ки зиёда аз 100 ҳазор ҷойи нишаст намерасад. Дар соҳаи маориф 11 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи 4,6 млрд. сомонӣ татбиқ гашта истодааст, ки ин низ аз дастирии Ҳукумати мамалакат нисбат ба соҳаи афзалиятноки кишвар дарак медиҳад. Дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3670 муассисаи нави муассисаи таҳсилоти умумӣ, 262 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Имрӯз 42 ҳазор ҷавонони тоҷик дар 42 кишвари дунё таҳсил менмоян, ки 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, ки ин аз заҳмати омӯзгор дарак медиҳад.
Паёми навбатии Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кормандони соҳаи маорифро вазифадор менамояд, ки аҳлона кору фаъолият намоем ва дар рушди соҳаи маориф ва баландбардории сифати таҳсилот саҳми назарраси худро гузорем.
 
Сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ,
миёнаи умумӣ ва иловагии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Садуллозода Алишер

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35