wrapper

Items filtered by date: Декабр 2024

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 28 декабр соли 2024, Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ироа гардид. Кормандони раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон, дар якҷоягӣ бо кормандони дигар ташкилоту муассисаҳо дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Паёмро тамошо карданд. Бояд қайд кард, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа буда, барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг, варзиш ва умуман ноил гардидан ба зиндагии шоистаи мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳуҷҷати роҳнамои комил мебошад. Хело хурсандибахш аст, ки чун солҳои қаблӣ, имсол низ барои беҳтар намудани шароити мардум аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардид, ки музди маоши кормандони бахши буҷавӣ, стипендия ва нафақапулӣ зиёд карда мешаванд. Бо ин мақсад аз 1 сентябри соли 2025 музди маоши кормандони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ 30 фоиз ва дигар кормандони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешаванд. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф таваҷҷӯҳи доимӣ дошта, барои пойдории сулҳу ваҳдат, амнияти мардуму сарзамин, давлатдории миллӣ ва ҷовидонагии Тоҷикистони азиз рушду инкишофи илму маорифро зарур меҳисобанд. Дар Паёми навбатиашон низ, Пешвои миллат қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Инчунин, Пешвои миллат дар Паёмашон қайд намуданд, ки дар се соли охир зиёда аз 1500 адад иншооти соҳаи маориф бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва ниёз ба муассисаҳои таълимӣ масъулон вазифадор гардиданд, ки дар 5 соли оянда сохта ба истифода додани 800 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1000 адад муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Бояд гуфт, ки дар 5 соли оянда, дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 хонавода зиндагӣ мекунад, бунёди 1 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад. Ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки дар ин муддат, фарогирии 50 фоиз кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабиро таъмин намоянд. Ба ғайр аз ин Пешвои миллат дар Паёмашон ба масъулон дастур доданд, ки вобаста ба рушди фанҳои технологӣ зарурати аз нав таҳия намудани барномаву нақшаҳо ва стандартҳои таълимӣ ба миён омадааст. Инчунин, барои ба таври васеъ ва самаранок ба роҳ мондани омузиши забонҳои хориҷӣ зиёд намудани воњидњои кории омӯзгорони ин фанҳо лозим аст. Хело фараҳбахш аст, ки сарвари давлат зимни Паёми навбатиашон ба таълиму тарбияи насли наврас, соҳиби касб ва илму дониш гардидани ҷавонону наврасон, эҳтироми волидайн хусусан модарону бонувон, сидқан дӯст доштани ҳамватанон ва барои ноил гардидан ба зиндагии шоста дахл намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи зиндагии шоистаро дорад.
Мо кормандони раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон низ беш аз пеш кушиш менамоем, ки Паёми роҳнамунсози Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, барои ба даст овардани вазифаҳои гузошташуда аз тамоми имкониятҳо истифода намоем.
Сардори раёсати Агентии назорати маориф
ва илм дар вилояти Хатлон - Аззизода Бахриддин
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ТАВАҶҶУҲИ АВВАЛИНДАРАҶА БА СОҲАИ МАОРИФ
28 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилї ва хориљии кишвар» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.
Пешвои муаззами миллат дар баробари таҳлили соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, ба соҳаи маориф илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки давлатҳои пешрафтаи дунё аз руй овардан ба ин соҳаи афзалиятнок ва аз фуруши идеяҳои олимону донишмандони худ ва аз натиҷаи ихтирооту кашфиёти техника ва технологияи нав ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии худро пайваста боло мебаранд.
Бинобар ин, таъкид намуданд, ки бояд ин соҳаи ҳаётан муҳим дар зери танзими давлатӣ қарор дошта бошад. Зимни суханрониашон Пешвои муаззами миллат зикр намуданд, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Бояд тазкуккур дод, ки сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ вобаста ба афзоиши аҳолӣ ин саривақтӣ буда, аксарияти онҳо муассисаҳои таълимии типпи нав мебошанд, ки барои таъмини сифати тањсилот заминаи мусоидро фароҳам меоварад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон, Президенти маҳбуби кишвар бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш додаанд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад.
Дар баробари ин, маоши вазифавии кормандони дигари муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.
Дар воқеъ Пешвои муаззами миллат ҳар сол дар баробари дигар соҳаҳо маоши омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ва илмро баланд мебардорад, ки аз таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Президенти кишварамон ба соҳаи маориф ва илм дарак медиҳад. Ин аст, ки зимни супориши Президенти маҳбуби кишвар дар бораи баланд бардоштани маоши вазифавии кормандони соҳаҳои гуногун маълум гардид, ки аз ҳама зиёд маоши вазифавии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии соҳаи маориф аст, ки 30 фоиз мебошад.
Бодарназардошти таваҷҷуҳи аввалиндараҷа доштани Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш додаанд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Инчунин ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур додаанд, ки дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон Президенти мамлакат иброз доштаанд, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Пешвои муаззами кишвар зимни муқоисаи худ дар даврони соҳибистиқолии кишвар махсусан соҳаи маориф чунин иброз намудаанд:
Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.
Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.
Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфўзи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.
Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Инчунин, Президенти маҳубуби кишвар зикр намудаанд, ки имрузҳо дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Тавре Ҷаноби олӣ ишора кардаанд, ин маблағ ғайр аз буҷети давлатӣ мебошад.
Ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ низ назаррас буда, тибқи таҳлилҳои ЮНЕСТКО ва Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистон ба гуруҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории он ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин радабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамоян
Бодарназардошти таваҷҷуҳи аввалиндараҷа доштани Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф, мо кормандони ин соҳаи ҳаётан муҳимро лозим аст, ки бо масъулияти баланд дар иҷрои вазифаҳои ба уҳдаамон гузошташуда софдилона камари ҳиммат бандем.
Муовини якуми директори Агентии
назорат дар соҳаи маориф ва илми назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Содиқзода Хурсанд Сафар
ПАЁМИ ПЕШВО – РОҲНАМОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Ҳамасола мардуми шарафманди тоҷик Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизорӣ мекашанд. Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои бошукуҳи Парлумони Тоҷикистон баргузор гардид. Паёми раҳнамунсоз фарогири тамоми баҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат буда, чун ҳарвақта соҳаи маориф дар меҳвари асосии сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, таҳлили вазъи соҳа шуруъ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дар соли 2024 ва даврони соҳибитиқлолии кишвар мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ хеле мубрам гардидани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ саркарда аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад. Вобаста ба дастгирии ҳифзи иҷтимоии ва тақвиятбахшидани некуаҳволии мураббиёну омӯзгорон аз моҳи сентябри соли 2025 маоши вазифавии онҳои 30 дарсад зиёд карда мешавад. Маоши вазифавии дигар кормандони соҳаи маориф ва илм 20 дарсад зиёд када мешавад. Пешвои муаззами миллат кормандони соҳаи маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ дар 5 соли оянда барои фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта ба истифода дода шавад. Пешниҳоди ҷолиби диққати дигар ин буд, ки дар ҳар деҳоту маҳаллаҳое, ки дар онҳо зиёда аз 100 оила истиқомат мекунанд, ҳатман як муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта ба истифода диҳанд. Таъкид гардид, ки дар зарфи 10 соли оянда теъдодни хонандагон беш аз 1 млн. нафар меафзояд. Дар соли 2024 синфи 11-ро 136 ҳазор хатм намуда, 240 ҳазор кӯдак ба синфи якум рафтанд, ки зиёда аз 100 ҳазор ҷойи нишаст намерасад. Дар соҳаи маориф 11 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи 4,6 млрд. сомонӣ татбиқ гашта истодааст, ки ин низ аз дастирии Ҳукумати мамалакат нисбат ба соҳаи афзалиятноки кишвар дарак медиҳад. Дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3670 муассисаи нави муассисаи таҳсилоти умумӣ, 262 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Имрӯз 42 ҳазор ҷавонони тоҷик дар 42 кишвари дунё таҳсил менмоян, ки 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, ки ин аз заҳмати омӯзгор дарак медиҳад.
Паёми навбатии Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кормандони соҳаи маорифро вазифадор менамояд, ки аҳлона кору фаъолият намоем ва дар рушди соҳаи маориф ва баландбардории сифати таҳсилот саҳми назарраси худро гузорем.
 
Сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ,
миёнаи умумӣ ва иловагии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Садуллозода Алишер
Паёми Президенти маҳбуби мамлакат-калиди музаффариятҳои нав дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои нави Парламони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд, баргузор гардид.
Дар Паёми навбатии Президенти маҳбуби кишвар натиҷаҳои 5 соли гузашта ва соли 2024 ироа гардид. Паёми навбати аз Паёми солҳои қабли фарқ дошта, тамоми паҳлуҳои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар гирифт.
Қобили тазаккур аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон, бевосита аз дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуданд, ки яке аз он соҳаҳо, соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ мебошад.
Пешвои миллат бори дигар таъкид намуданд, ки соҳаи маориф ва илм яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва аввалиндараҷа дар мади назари Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додард. Дар ин замина ва бо дарназардошти афзоиши табии аҳолӣ Президенти кишвар аз корҳои ба анҷом расонидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатиро ёдовар гардиданд, ки яке аз онҳо сохта ба истифода додани муассисаҳои нави таълимӣ ва аз таъмири асосӣ баровардани онҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мебошад. Дар баробари ин қайд карданд, ки имрӯз теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва дигар зинаҳои таҳсилот ба маротиб зиёд гардиданд ва дар ҳолати рушд буда, ҷавонони ҷумҳуриро ба таҳсил фаро гирифта истодаанд.
Президенти кишвар аз дастовардҳои соҳаи маориф ва илм ва ҳамзамон аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардиданд, ки ин ҳам бошад дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба маротиб зиёд кардани музди меҳнати кормандони соҳа мебошад.
Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон диққати ҳозирин ва халқи шарафманди кишварро оид ба омӯзиши касбу ҳунар, технологияи иттилотӣ, забондонӣ ва ихтироъкорӣ ҷалб намуданд.
Дар охир бояд ёдовар гардид, ки Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат таърихи ва калиди муваффақиятҳои соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва муносибатҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо давлатҳои дуру наздик ва ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад.
Сардори шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги сифати таҳсилоти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Олимзода Шоҳин
 
 
 
Page 1 of 2

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35