Низомнома
дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ
ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)
Қисми умумӣ
Фасли 1.
Муқаррароти умумӣ
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
1.Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозат-номадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (минбаъд - Низомнома) мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" таҳия гардидааст.
2.Ин Низомнома муносибатҳои амалӣ намудани фаъолиятеро (амалеро), ки бояд барои он аз мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда иҷозатнома (литсензия) (минбаъд- иҷозатнома) гирифта шавад, ба танзим медарорад.
3.Иҷозатномаҳо метавонанд аз ҷониби мақомоти марказӣ ё сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷозатномадиҳанда дода шаванд, агар ин ҳолат дар қисми махсуси ин Низомнома пешбинӣ шуда бошад.
4.Иҷозатномаро роҳбари мақомоти иҷозатнома-диҳанда ё муовини ў имзо намуда, он бо мўҳри ин мақомот тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки иҷозатнома аз ҷониби воҳидҳои сохтории мақомоти иҷозатномадиҳанда ё сохторҳои маҳаллии он дода мешавад, онро роҳбари воҳиди сохторӣ ё сохтори маҳаллии ин мақомот имзо намуда, бо мўҳри ин мақомот тасдиқ менамояд.
5.Шахсони воқеӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият ва соҳибкорони инфиродӣ, ки барои машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки бояд барои он иҷозатнома гирифта шавад, изҳори хоҳиш намудаанд, ўҳдадоранд тибқи тартиби муқаррарнамудаи ин Низомнома иҷозатнома гиранд.
6.Бе иҷозатнома машғул шудан ба фаъолияте, ки бояд барои иҷрои он иҷозатнома гирифта шавад, манъ аст.
7.Ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти иҷозат-номашаванда (литсензияшаванда) (минбаъд иҷозатнома-шаванда)-ро шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ пас аз гирифтани иҷозатнома пайдо мекунад. Иҷозатномаи ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ додашуда, ҳуҷҷате мебошад, ки барои машғул шудан ба намуди фаъолияте, ки дар он нишон дода шудааст, ҳуқуқ медиҳад.
- Намуди фаъолияте, ки дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозат-номадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудааст, метавонад намудҳои корҳоеро дарбар гирад, ки ба ин намуди асосии фаъолият дохил мегарданд. Дар қисми махсуси ин Низомнома метавонад рўйхати мушаххаси ин намудҳои корҳо нишон дода шаванд.
- Ба ҳар як намуди фаъолияти дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" номбаршуда, як иҷозатнома дода мешавад. Агар фаъолияти иҷозатномашаванда ба намуди корҳоро дар бар гирад, ин намуди корҳо дар иҷозатнома нишон дода мешаванд. Иҷозатномаи алоҳида ба намудҳои корҳое, ки ба намуди фаъолият дохил мешаванд, талаб карда намешавад.
10.Агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд бо ҳамон шарт ва бо ҳамон тартибе, ки барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, иҷозатнома мегиранд. Шахси ҳуқуқии хориҷии довталаби иҷозатнома бояд филиал ё намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад.
11.Иҷозатномаҳое, ки дар давлатҳои дигар гирифта шудаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартҳои мутобиқ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.
Боби 2. Тартиби ҷорӣ намудани намудҳои
фаъолияти иҷозатномашаванда
1.Ҷорӣ намудани намуди нави фаъолияти иҷозат-номашаванда ё бекор кардани онҳо танҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" муқаррар карда мешавад.
2.Меъёрҳои алоҳидаи танзими масъалаҳои махсуси марбут ба иҷозатномадиҳӣ, ки дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуданд, набояд хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозат-номадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" бошанд ва метавонанд танҳо баъди ворид намудани тағйирот ё иловаҳои дахлдор ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" мавриди истифода қарор гиранд.
3.Ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳангоми иҷозатномадиҳӣ мустақилона муқаррар намудани намудҳои иловагии фаъолияти иҷозатӣ, ки ба намуди фаъолият вобастаанд, инчунин муқаррар намудани талабот ё шартҳои дар ин Низомнома пешбининагардида манъ аст.
Боби 3. Ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатнома ва
қарори додани онро тасдиқ мекунад
1.Дар қарор дар бораи додани иҷозатнома ва ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани онро тасдиқ мекунад, инҳо нишон дода мешаванд: номи мақомоти иҷозат-номадиҳанда:
барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, суроғаи ҳуқуқӣ;
барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;
намуди фаъолияти иҷозатномашаванда бо намудҳои кор (агар фаъолияти иҷозатномашаванда ба намудҳои кор тақсим шавад);
рақами бақайдгирӣ, рўз ва мўҳлати амали иҷозатнома;
рақами мушаххаси (идентификатсионии) андоз-супоранда;
рақами иҷозатнома;
рўзи қабул кардани қарор дар бораи додани иҷозатнома.
2.Шакли варақаҳои (бланкаҳои) иҷозатнома аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешаванд. Варақаҳои иҷозатнома бояд ба тариқи типографӣ тайёр карда шуда, дараҷаи ҳифозат, силсилаи қайд ва рақам дошта бошанд. Варақаҳои иҷозатнома ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии қатъӣ мебошанд. Варақаҳои иҷозатномаро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба ҳисоб мегирад ва нигоҳ медорад.
3.Ба ислоҳкунӣ дар варақаҳои иҷозатнома роҳ дода намешавад. Варақаҳои вайроншудаи иҷозатнома бо тартиб додани санад нест карда мешаванд.
4.Дар сурати гум кардани иҷозатнома, иҷозат-номадор барои гирифтани дубликати иҷозатнома ҳуқуқ пайдо мекунад.
5.Тибқи дархости мақомоти иҷозатномадиҳанда ва андоз иҷозатномадор ўҳдадор аст иҷозатномаро пешниҳод кунад. Агар иҷозатномадор барои додани дубликат, азнавбарасмиятдарорӣ ё дароз намудани мўҳлати амали иҷозатнома ариза дода бошад, пешниҳод кардани нусхаи иҷозатнома мумкин аст.
Боби 4. Амали иҷозатнома
1.Намуди фаъолияте, ки барои амалӣ намудани он иҷозатнома дода шудааст, метавонад танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки иҷозатнома гирифтааст, анҷом дода шавад.
2.Фаъолияте, ки мақомоти иҷозатномадиҳанда барои иҷрои он иҷозатнома додааст, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, агар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳолати дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
3.Дар ҳолатҳое, ки бевосита қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, амали иҷозатнома метавонад танҳо дар ҳудуди муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн гардад.
Боби 5. Шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ
1.Яке аз шарту талаботи ҳатмии иҷозатномадиҳӣ ҳангоми аз ҷониби иҷозатномадор амалӣ кардани намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талаботи дар ин Низомнома пешбинишуда мебошад.
2.Нисбати намудҳои фаъолияти иҷозатнома-шавандае, ки барои амалӣ намудани онҳо дониши махсус талаб карда мешавад, дар қисми умумии ин Низомнома метавонанд талаботи тахассусӣ нисбати довталаби иҷозатнома ё иҷозатномадор пешбинӣ карда шаванд, аз ҷумла талаботи тахассусӣ нисбати кормандони шахси ҳуқуқи ё шаҳрванде, ки соҳибкори инфиродӣ мебошад.
3.Нисбати намудҳои фаъолияти иҷозатномашавандае, ки шартҳои махсус барои амалӣ намудани онҳо талаб карда мешавад, дар шарту талаботи иҷозатномадиҳии дар қисми умумии ин Низомнома муқарраргардида, метавонанд талаботи ба шартҳои махсуси пешбинишуда мутобиқат намудани объекте дохил карда шаванд, ки дар он ё бо ёрии он чунин намуди фаъолият амалӣ карда мешавад.
Эзоҳ: Дар ин Низомнома таҳти мафҳуми объект иморатҳо, иншоот, инчунин воситаҳои техникие фаҳмида мешавад, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда амалӣ карда мешавад.
4.Номгўи шарту талаботи иловагии иҷозатно-мадиҳии намуди мушаххаси фаъолияти иҷозатнома-шаванда дар қисми махсуси ин Низомнома нишон дода мешавад ва ҷузъи таркибии иҷозатномаи додашаванда мебошад (дар шакли замимаи иҷозатнома дода мешавад).
5.Ҳангоми зарурат мақомоти иҷозатномадиҳанда мутобиқати шароити фаъолиятро ба талаботи муқар-раршуда, дар ҷояш месанҷанд.
6.Санҷишҳо аз ҳисоби маблағҳои аз буҷетҳои дахлдор барои хароҷоти мақомоти иҷозатномадиҳанда ҷудогардида, гузаронида мешаванд.
Боби 6. Хироҷ барои баррасӣ, додан, аз нав ба расмият
даровардан ва дароз намудани мўҳлати амали иҷозатнома
1.Барои аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда баррасӣ гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудаанд, ба андозаи чор ҳадди ақали музди меҳнат хироҷ ситонида мешавад. Барои баррасӣ гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ ҳадди ақали музди меҳнат хироҷ ситонида мешавад. Ин маблағҳо баргардонида намешаванд.
2.Барои додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ музди меҳнати ҳадди ақал хироҷ ситонида мешавад. Хироҷи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" пешбинӣ шудаанд, дар фасли Ш қисми махсуси ин Низомнома муайян карда мешаванд.
3.Дар сурати аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба андозаи ду ҳадди ақали музди меҳнат хироҷ ситонида мешавад.
- Барои дароз намудани амали иҷозатнома ба ҳамаи мўҳлате, ки иҷозатнома дода шудааст, маблағ баробар ба хироҷи додани иҷозатнома ситонида мешавад.
5.Хироҷ барои баррасии ариза ва додани иҷозатнома, инчунин барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ё дароз намудани мўҳлати амали иҷозатнома аз ҷониби иҷозатномадор дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ пардохт карда мешаванд. Пардохт мутобиқи тартиби муқаррар-намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Барои гирифтани дубликати иҷозатнома, хироҷ ба андозае, ки барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ситонида мешавад, пардохт карда мешавад.
6.Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ надоранд, ки аз довталаби иҷозатнома дигар маблағҳои пулиро ситонад.
7.Иҷозатномадиҳӣ дар доираи маблағҳои аз буҷетҳои дахлдор барои хароҷоти мақомоти иҷозатнома-диҳанда ҷудогардида маблағгузорӣ карда мешавад.
Боби 7. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд
1.Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда хуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд;
-барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва номи бонк;
-барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;
- намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ мақсади анҷом додани онро доранд ва мўҳлате, ки дар давоми он чунин фаъолият анҷом дода мешавад;
-барои шахси ҳуқуқӣ - нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ;
барои соҳибкори инфиродӣ - нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ;
-нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;
-ҳуҷҷате, ки пардохти хаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;
-маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома;
- рўзи додани ариза ва имзои довталаб.
2.Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои мазкур дар қисми махсуси ин Низомнома пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки мавҷуд будани онҳо барои амалӣ намудани намуди мушаххаси фаъолият зарур аст, пешбинӣ шуда метавонанд.
3.Аз довталаби иҷозатнома пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва ҳамин Низомнома пешбинӣ нашудаанд, талаб кардан мумкин нест.
4.Ҳуҷҷатҳоро довталаби иҷозатнома ба забони тоҷикӣ ё русӣ пешниҳод мекунад. Ҳуҷҷатҳое, ки шахсони хориҷӣ пешниҳод мекунанд ё аз хориҷа пешниҳод карда мешаванд, бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуҳуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.
5.Шакли аризаро, мақомоти иҷозатномадиҳанда бо дарназардошти талаботи Низомномаи мазкур тасдиқ мекунад.
6.Мақомоти иҷозатномадиҳанда ўҳдадор аст лавҳаи иттилоотӣ тартиб дода, дар он рўйхати ҳуҷҷатҳо ва намунаҳои онҳоро, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд, овезон кунад.
7.Довталаби иҷозатнома барои дурустии маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ҷавобгар аст. Мақомоти иҷозатномадиҳанда, дар мавриди зарурат, ҳуқуқ дорад дурустии маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталаби иҷозатномаро санҷад.
8.Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи руйхат қабул карда мешаванд ва нусхаи рўйхат бо қайди рўзи қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур ба довталаби иҷозатнома фиристонида (супорида) мешавад.
Боби 8. Қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома
1.Мақомоти иҷозатномадиҳанда қарорро дар бораи додан ё надодани иҷозатнома дар мўҳлати на зиёда аз сӣ рўзи ворид гардидани аризаи довталаби иҷозатнома, бо тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ, баъд аз баррасии ҳуҷҷатҳо, гузаронидани экспертизаҳо, муоинаҳо ва дигар амалҳои зарурӣ қабул мекунад.
2.Баррасии ариза ва додани иҷозатнома аз ҷониби комиссия иҷро карда мешавад, агар дар қисми махсуси ин Низомнома ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад. Ҳайати комиссия бо фармони роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешавад. Ба ҳайати комиссия метавонанд намояндагони дигар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор дохил карда шаванд. Низомномаи комиссияро мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ мекунад.
3.Рўз ва ҷои гузаронидани ҷаласаи комиссияи мақомоти иҷозатномадиҳанда бояд пешакӣ эълон карда шаванд. Довталаби иҷозатнома ё намояндаи ваколатдори он ҳақ дорад дар ҷаласаи комиссияи мақомоти иҷозатномадиҳанда иштирок кунад. Ба ҷаласа ҳозир нашудани шахсони номбурда барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.
- Мақомоти иҷозатномадиҳанда ўҳдадор аст, ки дар мўҳлати барои қабули қарор муқарраргардида дар бораи додан ё надодани иҷозатнома пешбинишуда довталаби иҷозатномаро оид ба қарори қабулшуда ба таври хаттӣ огоҳ намояд.
5.Хабарнома дар бораи додани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома дар шакли хаттӣ бо қайди реквизити ҳисоби бонкӣ ва мўҳлати пардохти маблағи хироҷи додани иҷозатнома фиристонида (супорида) мешавад.
6.Хабарнома дар бораи надодани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкунӣ фиристонида (супорида) мешавад.
7.Мақомоти иҷозатномадиҳанда баъди се рўзи пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷи додани иҷозатнома ба иҷозатномадор ҳуҷҷатеро, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунад, ройгон медиҳад.
8.Қарори мақомоти иҷозатномадиҳанда бо санади дахлдор ба расмият дароварда мешавад ва дар парвандаҳои он нигоҳ дошта мешавад. Тибқи дархости аризадиҳанда ё намояндаи ваколатдори он, иқтибос аз протоколи дахлдор ё нусхаи санад ройгон дода мешаванд.
Боби 9. Надодани иҷозатнома
1.Асосҳои надодани иҷозатнома инҳо мебошанд:
-вуҷуд доштани маълумоти нодуруст ё таҳрифшуда дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома;
-мутобиқ набудани довталаби иҷозатнома, объектҳои ба ў тааллуқдошта ё аз тарафи ў истифодашаванда ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ;
-хулосаи манфии мақомоти дахлдор вобаста ба намуди фаъолияти дархостшаванда.
2.Дар сурати аз ҷониби довталаби иҷозатнома дар мўҳлати як моҳ аз рўзи гирифтани огоҳнома дар бораи надодани иҷозатнома бартараф гардидани монеаҳои дар сархатҳои якум ва дуюми банди 1 ҳамин боб нишондодашуда, ариза бо тартиби муқаррарӣ бе пардохти такрори мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар сурати надодани иҷозатнома хироҷи баррасии ариза ба довталаби иҷозатнома баргардонида намешавад.
- Ҳаҷми маҳсулоте (кору хизматрасоние), ки довталаби иҷозатнома истеҳсол мекунад (анҷом медиҳад) ё истеҳсолашро (анҷом доданашро) ба нақша гирифтааст, барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.
4.Надодани иҷозатнома бо дигар асосҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатно-мадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва ҳамин Низомнома пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.
- Довталаби иҷозатнома ҳуқуқ дорад нисбати надодани иҷозатнома ё барои бефаъолиятии мақомоти иҷозатномадиҳанда ба суд муроҷиат намояд.
Боби 10. Аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате,
ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд
1.Дар ҳолати азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, тағйир ёфтани ном ё макони ҷойгиршавӣ ва ё тағйир ёфтани ном ё ҷои истиқомати соҳибкори инфиродиро тасдиқ менамояд, иҷозатномадор - шахси ҳуқуқӣ шахси ҳуқуқӣ (вориси ҳуқуқии ў) ё соҳибкори инфиродӣ ўҳдадор аст дар давоми на дертар аз понздаҳ рўз барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуҷҷатҳоеро замима кунанд, ки тағйироти нишондо-дашударо тасдиқ менамоянд.
2.Ҳангоми аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, мақомоти иҷозатномадиҳанда ба феҳрасти иҷозатномаҳо тағйироти дахлдор ворид менамоянд.
- Аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда дар давоми даҳ рўз аз рўзи ворид гардидани аризаи дахлдор анҷом дода мешавад.
- То аз нав ба расмият даровардан ва гирифтани иҷозатнома иҷозатномадор метавонад фаъолиятро дар асоси нусхаи иҷозатномаи пештар гирифташуда анҷом диҳад.
5.Хангоми азнавбарасмиятдарории иҷозатнома санҷиши ғайринавбатӣ, муоина, экспертиза гузаронида намешаванд.
6.Аз иҷозатномадор бо асосҳои дигаре, ки дар ин боб пешбинӣ нагардидаанд, талаб намудани азнав-барасмиятдарории иҷозатнома манъ аст.
7.Иҷозатномадор ҳақ дорад дар сурати рад гардидани азнавбарасмиятдарории иҷозатнома ба суд шикоят намояд.
Боби 11. Дароз намудани мўҳлати амали иҷозатнома
1.Мўҳлати амали иҷозатнома ҳангоми ба охир расиданаш метавонад дар асоси аризаи иҷозатномадор дароз карда шавад.
2.Мўҳлати иҷозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷудияти иҷозат-номаро тасдиқ мекунад ва ба мўҳлати дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" барои ин намуди фаъолият пешбинӣ гардида, дароз карда мешавад.
3.Иҷозатномадор ҳақ дорад дар сурати рад гардидани дароз кардани мўҳлати амали иҷозатнома ба суд шикоят намояд.
Боби 12. Боздоштан, бекор кардан ва
қатъ намудани амали иҷозатнома
1.Боздоштани амали иҷозатнома дар холатҳои зерин роҳ дода мешавад:
- риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ;
- ба шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ додани иҷозатнома;
- истеҳсол ва ё ба фурўш баровардани маҳсулоти пастсифат, хизматрасонии пастсифат;
- риоя накардани дигар талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
2.Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми такроран ошкор кардани қонуншиканиҳо (ду ва зиёда маротиба) ё шарту талаботи иҷозатномадиҳиро дағалона вайрон намудани иҷозатномадор амали иҷозат-номаро боздорад. Боздоштани амали иҷозатнома ҳамчунин дар ҳолатҳои истисноӣ, агар он барои пешгирии хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногенӣ, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист зарур бошад ва пешгирии ин ҳолатҳо бо роҳҳои дигар имконнопазир бошад, татбиқ карда мешавад.
3.Мақомоти иҷозатномадиҳанда ўҳдадор аст, ки мўҳлати аз ҷониби иҷозатномадор бартараф кардани қонуншиканиро, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, муқаррар намояд. Мўҳлати нишондодашуда набояд аз се моҳ зиёд бошад. Агар иҷозатномадор қонуншиканиҳои мазкурро дар мўҳлати муқарраршуда бартараф накарда бошад, мақомоти иҷозатномадиҳанда ўҳдадор аст ба суд муроҷиат намуда, бекор кардани иҷозатномаро талаб намояд.
4.Тамоми қарорҳои марбут ба боздоштани амали иҷозатнома ё бекор кардани он дар маҷлиси мақомоти иҷозатномадиҳанда бо даъвати ҳатмии иҷозатномадор (намояндаи ў) баррасӣ мегарданд. Мақомоти иҷозатнома-диҳанда бояд иҷозатномадорро пешакӣ ба таври хаттӣ на дертар аз 10 рўз пеш аз оғози маҷлис хабардор созад. Дар сурати бе сабабҳои узрнок ҳузур надоштани иҷозатномадор (намояндаи ў), ки ба таври зарурӣ хабардор гардидааст, қарорҳо метавонад бе иштироки ў қабул карда шаванд.
5.Мақомоти иҷозатномадиҳанда қарор дар бораи боздоштани амали иҷозатномаро дар шакли хаттӣ бо асосноксозии ваҷҳнок на дертар аз се рўзи баъди қабули чунин қарор ба маълумоти иҷозатномадор мерасонад.
6.Иҷозатномадор ўҳдадор аст мақомоти иҷозат-номадиҳандаро аз бартараф кардани қонун-шиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидаанд, хаттӣ хабардор намояд.
7.Мақомоти иҷозатномадиҳандае, ки амали иҷозат-номаро боздоштааст, дар бораи барқарор намудани амали он қарор қабул мекунад ва дар ин бора ба иҷозатномадор дар давоми се рўзи баъди гирифтани хабарномаи дахлдор ва санҷидани бартараф намудани қонуншиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидаанд, ба таври хаттӣ хабар медиҳад.
8.Мўҳлати иҷозатнома дар давоми боздоштани амали он дароз карда намешавад ва барои барқарор кардани амали он маблағ ситонида намешавад.
9.Агар иҷозатномадор шарту талаботи иҷозат-номаро риоя накарда бошад ва бар асари ин ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлат, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён расида бошад ва ё дар ҳолате, ки агар иҷозатномадор қонуншиканиҳоро дар мўҳлати муқар-ранамудаи мақомоти иҷозатномадиҳанда ислоҳ накарда бошад, иҷозатнома бо қарори суд дар асоси аризаи мақомоти иҷозатномадиҳанда бекор карда мешавад. Инчунин иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми ба суд додани ариза амали иҷозатномаи мазкурро то рўзи ба қувваи қонунӣ даромадани қарори суд боздорад.
10.Мақомоти иҷозатномадиҳанда метавонад иҷозат-номаро дар мавриди аз тарафи иҷозатномадор дар давоми понздаҳ рўз напардохтани хаққи иҷозатнома бекор кунад.
11.Маълумот оид ба боздоштан, барқарорсозии амали иҷозатнома ва бекор кардани он аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда ба мақомоти андози маҳалли қайди иҷозатномадор фиристода мешаванд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба маълумоти мақомоти назоратию тафтишӣ фиристонида мешаванд.
12.Нисбати қарори боздоштани амали иҷозатнома ва бекор кардани он бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин аст.
13.Амали иҷозатнома дар ҳолатҳои барҳамдиҳии шахси хуқуқӣ ва қатъ гаштани амали шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани амали иҷозатнома, ба охир расидани мўҳлати амали иҷозатнома, инчунин дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор қатъ карда мешавад.
Боби 13. Феҳристи иҷозатномаҳо
1.Феҳристи иҷозатномаҳо - маҷмўи маълумот дар бораи додани иҷозатнома, аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома, бекор кардан ва қатъ гардидани амали он мебошад. Шакли феҳрист аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешавад.
2.Мақомоти иҷозатномадиҳанда феҳристи иҷозат-номаҳоро ба намудҳои фаъолияте, ки иҷозатномадиҳии онро анҷом медиҳанд, тартиб медиҳад. Ба ҳар як намуди фаъолияти иҷозатномашаванда феҳристи алоҳида тартиб дода мешавад. Дар ҳолати аз тарафи сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷозатномадиҳанда додани иҷозатнома, маълумотҳо барои ворид намудан ба феҳрист фавран ба мақомоти иҷозатномадиҳанда фиристода мешаванд.
3.Дар феҳристи иҷозатномаҳо маълумотҳое, ки дар моддаҳои 9 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият", инчунин маълумотҳои дигаре, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ шудаанд, ворид карда мешаванд.
4.Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда, барои ба он шинос гардидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ кушода аст. Дар воситаҳои ахбори омма интишор намудани маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо мавҷудбуда мумкин аст.
5.Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда, дар бораи иҷозатномадори мушаххас дар шакли иқтибос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо пардохти маблағ дода мешавад. Андозаи пардохти маблағ барои додани маълумот як хадди ақали музди меҳнатро ташкил медиҳад ва он ба буҷети давлатӣ гузаронида мешавад.
6.Маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ бемузд дода мешавад.
7.Мўҳлати додани маълумот аз феҳристи иҷозат-номаҳо баъди қабули аризаи дахлдор набояд аз се рўз зиёд бошад.
8.Расмиёти ворид намудани тағйирот ба феҳристи иҷозатномаҳо набояд аз се рўзи баъди аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда қабул гардидани қарори дахлдор зиёд бошад.
9.Феҳристи иҷозатномаҳо бо тартиби хронологӣ аз рўи санаи бақайдгирии иҷозатнома ва ба он додани рақами бақайдгирӣ тартиб дода мешавад.
- Роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда масъул аст:
-барои сари вақт ва дуруст бурдани феҳристи иҷозатномаҳо;
-барои сари вақт додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо ба шахсони манфиатдор тибқи дархости онҳо.
11.Маълумоти феҳристи иҷозатномаҳо, инчунин ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо иҷозатномаҳо дода шудаанд, панҷ сол дар парвандаҳои мақомоти иҷозат-номадиҳанда нигоҳ дошта мешаванд ва баъдан мувофиқи тартиби муқарраргардида ба бойгонӣ супурда мешаванд.
Боби 14. Салоҳияти мақомоти иҷозатномадиҳанда
ва бурдани назорат
1.Мақомоти иҷозатномадиҳанда салоҳият доранд, ки:
- иҷозатнома диҳанд;
-ҳуҷҷатҳоеро аз нав ба расмият дароранд, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд;
- мўҳлати амали иҷозатномаҳоро дароз намоянд;
- амали иҷозатномаро боздоранд;
- амали иҷозатномаро барқарор созанд;
-иҷозатномаро бекор кунанд (дар мавридҳои пешбининамудаи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият");
- феҳристи иҷозатномаҳоро тартиб диҳанд;
-ба риоя гардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби иҷозатномадор назорат кунанд.
2.Назорати аз ҷониби иҷозатномадор риоя гардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳиро мақомоти иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ анҷом медиҳад.
3.Мақомоти иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад фаъолияти иҷозатномадорро ҷиҳати мутобиқати он ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ санҷад. Санҷишҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" гузаронида мешавад.
4.Мақомоти давлатии назоратию тафтишотӣ, инчунин дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ўҳдадоранд ба мақомоти иҷозатномадиҳанда аз хусуси камбудиҳои ошкоргардида ва тадбирҳои андешидашуда хабар диҳанд.
Боби 15. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани
қонунгузорӣ оид ба иҷозатномадиҳӣ
1.Зараре, ки бинобар беасос рад намудани доданн иҷозатнома ё вайрон намудани ҳуқуқу манфиатҳои иҷозатномадор ба ў расонида шудааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
2.Бе иҷозатномаи дахлдор машғул шудан ба фаъолият ё риоя накардани шарту талаботи литсензионӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқараррагардида мегардад.
Боби 16-47[1].
Боби 48. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии
фаъолияти соҳаи маориф
1.Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти соҳаи маориф (ба истиснои муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ).
2.Мақомоти иҷозатномадиҳанда:- Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ.
3.Иҷозатномадиҳии ташкилоту муассисаҳои таълимии литсейҳои мустақил, гимназияҳо, мактаб-интер-натҳо, коллеҷҳо, мактабҳое, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ доранд, мактабҳои олӣ (бакалавр, магистр) ва миёнаи касбӣ, аспирантура (ординатура), докторантура, донишкадаҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркунии кадрҳо, литсейҳои техникӣ, омўзишгоҳҳои касбию техникӣ, ташкилоту муассисаҳои таълимии илмӣ, ташкилоту муассисаҳои таълимии муштараки байнал-милалӣ ва аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ таъсисёфта аз тарафи мақомоти аттестатсиякунонии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
4.Иҷозатномадиҳии фаъолияти мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
5.Иҷозатномадиҳии ташкилоту муассисаҳои ғайри-давлатии томактабӣ, марказҳои корҳои тарбиявии беруназмактабӣ, мактаб-интернатҳо, литсею гимназияҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои таълимие, ки дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳия таъсис дода мешаванд (ба истиснои ташкилоту муассисаҳои дар банди 3 ҳамин боб нишон додашуда), мувофиқан аз тарафи раёсат ё шўъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳия амалӣ карда мешавад.
6.Иҷозатнома ҳуқуқи амалӣ гардонидани корҳои таълимиро фақат ба он равия, ихтисос, дараҷа, мўҳлат, шакли таълим, миқдори ниҳоии муҳассилин ва дигар нишондодҳо медиҳад, ки дар замимаи он зикр гардидаанд.
7.Ба намудҳои зерини корҳо иҷозатнома дода намешавад:
-фаъолияти таълимӣ дар шакли лексияҳои яквақта, коромузӣ, семинарҳо ва дигар намудҳои омўзиш, ки дар онҳо аттестатсияи ҷамъбастӣ ва додани ҳуҷҷатҳо доир ба таҳсилот ва дараҷаи тахассусӣ сурат намегирад;
-фаъолияти меҳнатии инфиродии омўзгорон, аз ҷумла дар соҳаи тайёрии касбӣ.
8.Иҷозатномадиҳии фаъолияти таълимии ташкилот-ҳои таълимии динӣ (машғул ба таълими рўҳонӣ) ва аз ҷониби ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) динӣ таъсисёфта аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳандаи дахлдор, вобаста ба дараҷаи амалӣ намудани барномаи таълимӣ, амалӣ карда мешавад.
9.Иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъолияти таълимӣ замима дорад, ки дар он нишон дода мешавад:
-номгўи барномаҳои таълимӣ, самт ва ихтисосҳои тайёркунӣ, ки аз рўи онҳо ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, дараҷа ва мўҳлати меъёрии азхудкунӣ дода мешавад;
- дараҷаи тахассусӣ, ки баъди ба охир расидани барномаи таълимӣ ба хатмкардагони ташкилоти таълимӣ дода мешавад;
- меъёрҳои назоратӣ ва шумораи ниҳоии хонандагон, донишчўён, шунавандагон ва тарбиятгирандагон, ки ба меъёрҳои таълими рўзона мувофиқ гардонида шудааст.
- Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:
- ариза бо нишон додани номгўи барномаҳои таълимӣ, самт ва ихтисосҳои тайёр кардашаванда;
-муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимии таҳсилоти касбӣ нусхаи қарори шўрои илмӣ (педагогӣ), дар бораи имконияти тайёр намудани мутахассисон аз рўи барномаи асосӣ ва иловагии таълимӣ, ки барои иҷозатномагирӣ пешниҳод намудааст; ташкилотҳои касбии таълимии динӣ (машғул ба таълими рўҳонӣ) ва ташкилотҳои таълимии ташкилотҳои динӣ таъсисёфта дархости роҳбарияти равияҳои диниро пешниҳод менамояд;
-муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки дар таркиби худ сохторҳои (гурўҳҳои) таълимӣ дорад ва ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ машғул аст, бо тартиби муқарраршуда ба тарзи илова нусхаи низомномаи тасдиқкардашудаи ин сохторҳоро (гурўҳҳоро) пешниҳод менамояд;
-маълумот дар бораи сохтори муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои иҷозатномагиранда, пурра будани ҷадвали штатӣ, шумораи тахминии хонандагон ва тарбият-гирандагон;
-маълумот дар бораи биноҳо, иншоотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, хобгоҳ, дар бораи таъмин будани хонандагон, тарбиятгирандагон ва кормандон бо хўрок ва хизматрасонии тиббӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқии соҳибӣ намудан, истифода бурдан ё ихтиёрдорӣ намудани бино дар давраи мўҳлати амали иҷозатнома;
-хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологӣ ва оташнишонӣ дар бораи мувофиқ будани бинои истифодашаванда барои татбиқи раванди таълим;
-маълумот дар бораи таъминот бо адабиёти таълимӣ ва таҷҳизоти моддию техникӣ;
-маълумот дар бораи таъминоти кадрии раванди таълим, дараҷаи омўзгории кормандони педагогӣ ва шароитҳои ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб кардани онҳо (барои довталабони иҷозатнома, ки мақсади тайёр намудани кадрҳоро баъди таҳсилоти олии касбӣ доранд, маълумот дар бораи роҳбарони илмӣ);
-созишнома ва қарори мақомоти идоракунии давлатии маорифи давлати таъсисдиҳандаи мактаби олӣ ва давлате, ки дар он филиали ин мактаби олӣ ташкил карда шудааст (барои филиалҳои мактабҳои олии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил);
-нақша ва барномаҳои таълимие, ки аз рўи онҳо барномаи таълимии касбӣ татбиқ карда мешавад;
-хулосаи мусбии мақомоти ваколатдор барои ташкилотҳои касбии динӣ (машғул ба таълими рўҳонӣ) ва аз ҷониби ташкилотҳои динӣ таъсисёфта.
11.Барои гирифтани иҷозатнома муассисаҳо ва ташкилотҳои таълимии миёна, олӣ, таҳсилоти иловагии касбӣ, ки технологияи таҳсилоти фосилавиро истифода мебаранд, иловатан ба номгўи ҳуҷҷатҳои дар банди 10 нишондодашуда, ҳуҷҷатҳои зайлро пешниҳод менамоянд:
-маълумоти умумӣ дар бораи муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимӣ, филиал ва намояндагиҳои он;
-нақша ва барномаҳои таълимие, ки аз рўи онҳо барномаҳои таҳсилоти касбии таълими фосилавӣ амалӣ карда мешаванд;
-маълумот дар бораи таъмин будан бо технологияи ахборотии замонавӣ;
-маълумот дар бораи таъмин будан бо лабора-торияҳои махсус, аудитория, кабинетҳо, заминаи чопкунӣ.
12.Комиссияи иҷозатномадиҳӣ ҳуҷҷатҳои пешниҳод-кардашударо таҳлил намуда, дар ҷояш ташхиси заминаҳои моддӣ, техникӣ, кадрӣ, илмӣ, илмӣ-методӣ, имкониятҳои молиявӣ, таъминот бо адабиёт, барномаҳои таълимии касбӣ, тайёрии муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимиро оид ба кабули хонандагону донишҷўён мегузаронад,
13.Комиссияи иҷозатномадиҳӣ самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳо ва дигар ташклотҳои таълимии довталаби иҷозатномаро таҳлил намуда, мувофиқати онро ба меъёрҳои мавҷуда муайян мекунад ва дар асоси он ба мақомоти аттестатсиякунонии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба раёсатҳои (шўъбаҳои) маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия хулоса (мусбӣ ё манфӣ) пешниҳод менамояд.
14.Қарор дар бораи додан ва надодани иҷозатнома аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда дар асоси хулосаи комиссияи иҷозатномадиҳӣ ва қарори Шўрои мақомоти аттестатсиякунонии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои (шўъбаҳои) маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия қабул карда мешавад.
15.Қарори мақомоти аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи фармон дар бораи додани иҷозатнома ба Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Шўрои мақомоти аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати (шўъбаи) маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия мутаносибан ба сардори идора, мудири шўъбаи маориф пешниҳод карда мешавад. Баъди тасдиқи қарори Шўро ва имзо гардидани фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори идора ва мудири шўъбаи маориф ба муассиса, дигар ташкилотҳои таълимӣ иҷозатнома бо замимаи он дода мешавад.
16.Иҷозатномадиҳии фаъолияти муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимӣ аз рўи барномаҳои нави таълимӣ, новобаста аз иҷозатномаи қаблан додашуда барои пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рўи барномаҳои таълимии дигар гузаронида мешавад. Дар ин сурат иҷозатномагир ариза ва ҳуҷҷатҳоро аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои дар банди 10 боби мазкур пешбинишуда, ки номгўи онҳоро мақомоти иҷозатномадиҳанда муайян мекунад, пешниҳод менамояд.
Номгўи барномаҳои нави таълимӣ ба замимаи иҷозатномаи амалкунанда ҳамроҳ карда мешавад.
17.Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад амали иҷозатномаро оид ба татбиқи фаъолияти таълимӣ, ки дар замимаи иҷозатнома нишон дода шудааст, пурра ва ё қисман аз рўи барномаҳои алоҳида боздорад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2007 №105 тасдиқ шудааст
[1] Ба сабаби ба соҳаи маориф дахл надоштан бобҳои 16-47 оварда нашудааст.
- Матлабҳои рӯз
-
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МОСТ»
-
ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
-
ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
-
САРФАРОЗГАРДОНИИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ
-
Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024
-
Кӯмак ба ниёзмандон аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон