wrapper

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МУҚАДДАСИ РӮЗИ ЗЕБОИ ЗАН-МОДАР

ДАР АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Санаи 6-марти соли ҷорӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфренсияи илмӣ-назариявӣ ба муносибати «Рӯзи Модар» таҳти унвони «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» баргузор карда шуд.

Дар ҷаласа роҳбарият, кормандон ва ҳамаи занону модарони дастгоҳи марказии Агентӣ иштирок карданд.

Дар чорабинӣ нахуст табрикоти муовини директори Агентии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ализода Довуд Алӣ ба самъи ҳозирон расонида шуд. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки «Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат - ҷашни фархундаи Рӯзи Модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям».

Дар идома, қабл аз ҳама аз мақому манзалати Зан-Модар дар ҷомеаи кунунӣ сухан рафта, нақши онҳо дар рушуд тараққиёти мамлакат арзанда маънидод карда шуд. Аз ҷониби баромадкунандаҳо таъкид гардид, ки бонувони Агентӣ низ дар кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо донишу малакаи баланд масъулияти ҷиддӣ эҳсос карда, корҳои шоистаро барои таъмини назорати босамари ин соҳаи калидӣ пеш мебаранд. Аксарияти онҳо шоистаи таҳсин ва фахр ҳастанд, ки дар гузашта ва имрӯз бо дасту дили покиза дар ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа саҳми пурарзиш мегузоранд.

Ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварамон маҳз ба хотири қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба ҳамин нақшу мақоми хосаи онҳо мебошад. Барои амалӣ намудани ин мақсади наҷиб Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ қонуну барномаҳои муҳимеро қабул намуд, ки ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои кору зиндагии занон, таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳалли масоили мубрами ҳаёти кишвар ва рушди устувори он мебошад. Занону духтарони арҷманди мо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат дар баробари мардон заҳмат кашида, ба хотири таҳкими иқтидор ва мақоми шоистаи Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ саъю талош доранд.

Ҳамчунин, дар раванди ҷаласа қайд гардид, ки мақому манзалати зан дар ҷомеаи соҳибистиқлоли мо торафт баланд мегардад ва духтарону бонувон ба илму ҳунар бештар таваҷҷуҳ мекунанд то зиндагии арзанадаро соҳибгарданд. Хушбахтии Зан - Модари тоҷик аст, ки дар тамоми сохтори ҷомеа кору фаъолият дорад ва дар сатҳи баланди роҳбарикунанда низ теъдодашон афзун мегардад. Ҳамаи ин далел аз он аст, ки занон таҳти ғамхориву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд ва аз он ҳуқуқу озодиҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, бархӯрдоранд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ҳамаи занону бонувони Агентӣ барои хизматҳои арзандаашон дар рушду тараққиёти ҷомеа қадрдонӣ гардиданд.

 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35