ВАСФИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ
«Истиқлолият барои миллати мо дастоварди беназир ва муқаддас мебошад, ки бо заҳматҳои чандинсолаи фарзандони содиқи Ватан ба даст оварда шуд. Мо бояд онро бо тамоми қувва ва ҷонфидоӣ ҳифз намоем ва барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони азизамон кӯшиш намоем».
ЭМОМАЛӢ Раҳмон
Истиқлолият, пояи асосии давлатдории ҳар як миллат ва нишонаи соҳибихтиёрии он аст. Барои ҳар як кишвар соҳибистиқлолӣ имкон медиҳад, ки роҳи рушди худро мустақилона муайян ва барои ободии Ватан кӯшиш намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1991 тобеи Иттиҳоди Шӯравӣ буда, пас аз пошхӯрии он 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Ин сана барои тамоми тоҷикону тоҷикистониён рӯзи фаромӯшнашаванда буда, роҳи нави озодӣ ва соҳибихтиёрии миллатро оғоз бахшид.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди бузург ва таърихӣ на танҳо роҳи рушду пешрафти кишварро боз кард, балки барои рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам овард. Истиқлолият ба Тоҷикистон имконият дод, ки низоми маорифро бо назардошти шароити миллӣ ва замонавӣ ташкил ва такмил диҳад.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 1991) барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф шароити мусоид фароҳам овард. Дар давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маориф дигаргуниҳои куллӣ ва дастовардҳои муҳиме ба амал омаданд. Масалан, зиёда аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф қабул ва амалӣ шуда истодааст. Дар ин замина аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм танҳо дар ду соли охир 3 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷумла, Тартиби гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.07.2025, №405), Тартиби гузаронидани рейтинги муассисаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, №475), Тартиби эътироф ва муайян намудани баробарарзишӣ (нострификатсия)-и ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №119) қабул ва татбиқ гардида истодааст.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади кафолат додани ҳуқуқи таҳсилоти ройгон ва дастрас, ҳифзи ҳуқуқи омӯзгорон ва таълимгирандагон, мутобиқ кардани системаи таълим ба талаботи замони муосир ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ таҳия шудаанд. Қонунгузории соҳа ва стратегияи рушди маориф тавассути эҷоди асосҳои ҳуқуқӣ ва амалии мутобиқ ба талабот ва стандартҳои ҷаҳонӣ, кӯмак мекунанд, ки таълим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари кишварҳои мутараққӣ бошад.
Истиқлолият барои соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи рушд ва тағйироти назаррасро фароҳам овард, ки бо таъсиси муассисаҳои таълимӣ, таъмини дастрасӣ ба таҳсил, ҷорӣ кардани методологияҳои муосир ва истифодаи технологияи нав ба беҳтар кардани сифати таълим кӯмак кардааст. Дар 34 соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди системаи таълимии мукаммал ва муосир ноил гардидааст.
Мақсади асосии соҳаи маориф натанҳо таъмини дастрасӣ ба таҳсил, балки баланд бардоштани сифати таҳсилот мебошад. Бо вуҷуди дастовардҳои зиёд ҳанӯз ҳам дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мушкилот ҷой дорад, ки барои бартараф кардани он омилҳои зерин мусоидаткунанда мебошад.
1. Таъмини баробарии имконот:
Баробарии имконот барои ҳамаи шаҳрвандон, махсусан дар минтақаҳои дурдаст, ки имкониятҳои молиявӣ ва инфрасохтори нокифоя доранд, бояд дар маркази диққат бошанд.
2. Мутобиқ кардани таълим бо талаботи замони муосир:
Бо пешрафти технологӣ ва талаботи ҷаҳони муосир дар бахши кор ва иҷтимоии он, системаи таълим бояд ба ин талабот мувофиқ гардонида шаванд. Шаклҳои нави таълим, ки бо истифода аз технологияи иттилоотӣ ва роҳу усулҳои фаъоли таълим татбиқ мегарданд, дуруст ба роҳ монда шаванд.
3. Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ:
Барномаҳои байналхалқӣ ва ҳамкориҳо бо созмонҳои ҷаҳонӣ ба монанди ЮНЕСКО, Юнисеф, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ барои рушди соҳаи маориф аҳамияти калон доранд. Ташкилотҳои байналмилалӣ метавонанд, дар рушд ва ҳалли масъалаҳои таълим, таъмини монеаҳои молиявӣ ҳиссагузор бошанд.
4. Ислоҳоти сиёсати маориф ва мутобиқати он бо стандартҳои ҷаҳонӣ:
Сиёсати давлатии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста такмил ёфта, ба рушди ин соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад. Мутобиқ ба талаботи замон пайваста ворид намудани тағйирот ба қонунгузории кишвар, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷузъи муҳими ин раванд мебошад.
5. Баланд бардоштани сифати таҳсилоти дар муассисаҳои таълимӣ:
Яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва дараҷаи азхудкунии дониши хонандагон ин сохта ба истифода додани муассисаҳои муосири таълимӣ мебошад, тибқи талаботи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузор танҳо дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд ва ба истифода дода шудааснд. Қобили зикр аст, ки дар зарфи 34 соли соҳибистиқлоли 3670 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба соли 1991 1,5-2 баробар зиёдтар аст.
Имрӯз, ҳар як самти маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз зинаи таҳсилоти томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таъмини он ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва байналмиллалӣ муваззаф гардидаанд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дастовардҳои бузург ба бор овард, ки ба рушди ҳамаҷонибаи кишвар, аз ҷумла пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии он, пайванд мебошад. Бо барпо кардани асосҳои нав барои таълим ва таҳсилот, Тоҷикистон тавонист, ки системаи маорифи худро дар ҳамоҳангӣ бо стандартҳои ҷаҳонӣ рушд диҳад ва дар арсаи байналмилалӣ бо таҳсилот ва илм пешрафта худро муаррифӣ намояд.
Мутахассиси пешбари раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Душанбе
Қурбонов Муҳаммадвафо