wrapper

Истиқлолият – бузургтарин сарвати миллӣ ва рамзи худшиносӣ

 

Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик ва неъмати бебаҳост, ки арзиши онро бо ҳеҷ гуна ченак баҳогузорӣ кардан мумкин нест. Маҳз истиқлолият ба миллат имкони худшиносӣ, худнигарӣ ва озодии воқеӣ мебахшад. Он заминаи асосии давлатдорӣ, пешрафт ва суботи ҷомеа мебошад.

Арзиши таърихиву маънавии истиқлолиятро инсоният ба хубӣ дарк бинмудааст. Зеро ҳар миллате, ки таърих ва тамаддуни худро мешиносад ва аз он ифтихор мекунад, истиқлолро чун бузургтарин сарват медонад. Истиқлолият ба ҷомеа нерӯи нав мебахшад ва миллатро ба худогоҳиву худшиносӣ мерасонад. Барои тоҷикон истиқлолият на танҳо озодии сиёсӣ, балки эҳёи тамаддун, забон ва фарҳанги миллӣ низ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода борҳо таъкид менамоянд, ки «Истиқлолият – неъмати бебаҳову сармояи маънавӣ маҳсуб меёбад!». Бар ҳақ дар муқоиса бо дигар сарватҳо, ки бо миқёс ва арзишҳои моддӣ чен карда мешаванд, истиқлолият танҳо бо ваҳдат, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ арзёбӣ мегардад. Он ганҷинаест, ки наслҳои имрӯза ва оянда бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Таърих исбот намудааст, ки Истиқлол ваҳдатофар асту Ваҳдат хоси халқу давлатҳоест, ки соҳибихтиёру озод мебошанд. Шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибихтиёр дар ин самт қадамҳои устувор гузоштаанд. Онҳо дар атрофи меъмори Сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид омада, ваҳдати миллиро бунёд менамоянд.

Истиқлолияти давлатӣ калиди соҳибдавлатӣ ва рамзи ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик мебошад. Миллат бо он тавонистааст тақдирашро ба дасти худ бигирад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хос пайвастагӣ пайдо намояд. Истиқлолият ҳамеша талош мекунад, ки набзи давлату давлатдорӣ бо набзи ҷаҳониён ҳамоҳанг ва ҳамсадо бошад, ки ин омили муҳими устувории сиёсӣ ва маънавии миллат мебошад.

Ба хотири дарки арзиши таърихӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои таҳкими истиқлолият, мо паҳлуҳои гуногуни ин неъмати азизи худододро мунтазам мавриди арзёбӣ қарор медиҳем. Истиқлолияти Тоҷикистон на танҳо дар асри охир, балки дар садсолаҳои дароз ва дар даврони таърихи куҳан ва сарнавишти иҷтимоии халқамон ҳамеша пирӯзии бузург маҳсуб меёбад. Чунон ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, таҳкими истиқлолияти миллӣ бояд мақсади доимии ҳар шаҳрванди худогоҳ бошад.

Дар даврони истиқлол Тоҷикистон тавонист дар соҳаҳои маорифу илм, иқтисоду фарҳанг ва сиёсат дастовардҳои назаррас ба даст орад. Баланд гардидани мақому манзалати омӯзгорон ва олимон, таҳкими пояҳои худшиносии миллӣ, густариши тафаккури техникӣ ва рушди насли нав ҳама аз баракати истиқлолият мебошанд.

Масъулияти наслҳои имрӯзу фардоро Пешвои муаззами миллат дар соҳаи маориф дониста, маҳз ҳамин соҳаро самти афзалиятнок эълон намуданд ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ ва наҷоти миллат арзёбӣ кардаанд. Ин мавқеи стратегӣ нишон медиҳад, ки илму маориф танҳо василаи донишандӯзӣ нест, балки заминаи воқеии пойдории истиқлолият ва рушду такомули ҷомеа ба шумор меравад.

Бо ҳамин далел, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бемайлони низоми маориф ва илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисосу унвондор ва тақвияти неруи инсонӣ дар ҳама зинаҳои таълимро вазифаи аввалиндараҷа қарор додааст. Натиҷаи чунин сиёсати пайгирона дар он аст, ки тайи сиву чор соли истиқлолият соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои танзими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ садҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд.

Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ин муддат фаъолияти худро ба ҳадафи асосӣ — бунёди ҷомеаи мутамаддини демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равона сохтааст. Тарбияи худшиносиву худогоҳии насли нав, ифтихори ватандорӣ, таҳкими шаъну шарафи шаҳрвандӣ, ташаккули шахсияти донишҷӯёну хонандагон, инчунин таъмини амнияти иттилоотӣ ва рушди зеҳнии ҷавонон, аз ҷумла самтҳои калидии фаъолияти он маҳсуб мешаванд.

Аз дастовардҳои солҳои истиқлол, яке низ баланд гардидани мақому манзалати устоду олим аст. Ин падида, аз ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат шаҳодат медиҳад. Дар ин росто Садри фардоназари миллат таъкид кардаанд: «Давлату Ҳукумат ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омўзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомўзад ва он чӣ андўхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омўзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омўзгор буданду ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд». Ин андеша баёнгари он аст, ки китобу қалам, илму маърифат ва омӯзгори асил аз замонҳои қадим то имрӯз арҷмандтарин сармояи миллати тоҷик маҳсуб меёбад ва дар оянда низ чунин хоҳад монд.

Истиқлолияти воқеии давлат моҳияти раҳоӣ аз дастнигарӣ ва расидан ба худшиносиву худнигариро дорад. Ин неъмат танҳо амонати имрӯз нест, балки сармояест барои наслҳои оянда. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди худогоҳ вазифадор аст, ки истиқлолро пос дошта, онро ҳамчун рамзи ҳастии миллӣ ва омили бақои давлатдорӣ аз насл ба насл интиқол диҳад.

Истиқлолият меъёри ҳастии миллӣ ва пояи давлатдорӣ мебошад. Ҳифзу таҳкими он на танҳо рисолати наслҳои имрӯз, балки масъулияти наслҳои оянда низ мебошад. Бо ифтихори истиқлол, миллати тоҷик роҳи пешрафту шукуфоии худро интихоб намуда, ояндаи равшанро дар партави ваҳдату худшиносӣ месозад.

Сафарзода Сафармад Саид – сардори раёсати

назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти

ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолонаи

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35