Дастурамали мансабии
мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муқаррароти умумӣ
1.Номи мансаб – мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.
3.Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мутахассиси пешбар) аз тарафи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
4.Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – сардори раёсат) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
5.Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбар иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассиси раёсат вогузор карда мешаванд.
6.Мутахассиси пешбар бо роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд –Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм), сохторҳои мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва муассисаҳои таълимӣ дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.
2.Талаботи тахассусӣ
7.Барои мансаби мутахассиси пешбар талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;
-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари раёсатро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.
3.Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбар
8.Мутахассиси пешбар дар давраи муваққатан набудани сармутахассис уҳдадориҳои мансабии онро иҷро менамояд.
9.Нақшаи кории худро таҳия ва барои тасдиқ ба сардори раёсат пешниҳод, ба нақшаҳои кори раёсат ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таклифу пешниҳодҳо менамояд.
10.Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба самтҳои фаъолияти раёсат баррасӣ ва натиҷаи онро ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.
11.Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат таҳия ва пешниҳод, лоиҳаҳои тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаашро пешниҳод менамояд.
12.Дар санҷиши фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм тибқи тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ё бекор кардани қарорҳои муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, ки бар хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм қабул карда шудаанд, санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
13.Иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсияро риоя намуда, дар ҳолати ошкор гардидани амалҳои коррупсионӣ ба сардори раёсат ва ё директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм тариқи хаттӣ гузориш пешниҳод менамояд.
14.Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, мақомоти давлатии дахлдор (дар мувофиқа ва бо тартиби муқарраргардида) иштирок ва уҳдадориҳои супоридашударо иҷро менамояд.
15.Оид ба фаъолияти худ, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба сардори раёсат (семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона) ҳисобот пешниҳод менамояд.
16.Дар тарғиби соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад.
17.Тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои сардори раёсат ва директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба иҷрокунандагон ва шахсони масъул, назорати иҷрои онҳоро таъмин менамояд.
18.Иҷрои консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатиро оиди фаъолияти раёсат дар доираи самтҳои фаъолияти худ таъмин менамояд.
19.Дар таҳияи лоиҳаи дастурамали мансабиии худ иштирок намуда лоиҳаро ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.
20.Дар рафти гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузориии маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иштирок менамояд ва ё тибқи талабот комиссияро роҳбарӣ менамояд.
21.Арзёбии рейтинги муассисаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро холисона ҷамбаст намуда, ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.
22.Тартиби коркард, истифода, нигоҳдории маводи таълимӣ-илмӣ ва шароити ҷобаҷогузории он дар портали шабакаҳои иттилоотии интернетии муассисаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро назорат менамояд.
23.Дар раванди гузаронидани аттестатсия ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иштирок намуда санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ ва пурсишҳои шифоҳӣ мегирад.
24.Дигар уҳдадориҳои вобаста ба фаъолияти раёсат, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд иҷро менамояд.
25.Дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба мақомотҳои ваколатдор хабар дода, бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.
26.Ҳангоми набудани сармутахассиси раёсат вобаста ба дастурҳои Сарвазири мамлакат ва муовинони он, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи лозимаро омода намуда, барои аз назар гузаронидан ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.
27.Ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколҳои ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти набудани сармутахассиси раёсат масъул мебошад.
28.Дигар дастурҳои сардори раёсат ва роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро иҷро менамояд.
4.Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбар
- Мутахассиси пешбар ҳуқуқҳои зерин дорад:
-дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;
-самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил ва оид ба такмили фаъолияти раёсат, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таклиф пешниҳод намояд;
-маводҳои дар ихтиёри раёсат ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм қарордоштаро омӯзад;
-аз маълумоти дар ихтиёри мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ қарордошта тибқи тартиби муқарраргардида истифода намояд;
-иҷрои масъалаҳои таҳти назорати раёсат қарордоштаро бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва/ё шахсони мансабдор дархост намояд;
-аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ ва илмии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;
-дар баррасии дастурҳои Сарвазири мамлакат ва муовинони он, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти раёсат алоқаманд мебошанд, иштирок менамояд;
-ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз Протоколҳои ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сардори раёсат ва дигар зерсохторҳои мактубҳои ирсолиро талаб намояд;
-аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад.
30.Мутахассиси пешбар дар ҳуҷҷатҳо, санадҳо, лоиҳаҳои фармоишҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои баррасӣ ба сардори раёсат ва роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм пешниҳод карда мешаванд, ҳуқуқи имзо карданро доро мебошад.
31.Мутахассиси пешбар дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
- Масъулияти мутахассиси пешбар
- Мутахассиси пешбар дорои чунин масъулиятҳо мебошад:
-барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;
-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
-барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият -барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;
-барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
-барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;
-барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;
-барои сари вақт иҷро кардани дастурҳои Сарвазири мамлакат ва муовинони он, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз Протоколҳои ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
33.Мутахассиси пешбар барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
- Муқаррароти хотимавӣ
- Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ бо гирифтани имзо баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ ба мутахассис супорида мешавад.
- Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбар мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.