wrapper

Дастурамали мансабии

мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Муқаррароти умуми

 

1.Номи мансаб – мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2.Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.

3.Мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мутахассиси пешбари бахш) аз тарафи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

4.Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – директор) тобеъ ва  ҳисоботдиҳанда мебошад.

5.Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари бахш иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мудири бахш вогузор карда мешаванд.

6.Мутахассиси пешбари бахш бо роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтори ва сохторҳои маҳаллии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм), сохторҳои мақомоти маркази ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкори менамояд.

 

                                   2.Талаботи тахассусӣ

 

7.Барои мансаби мутахассиси пешбари бахш талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшинос;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

 -одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари бахшро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

 

3.Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари бахш

 

8.Нақшаи кори нимсола (солонаи) бахшро якҷоя бо мудири бахш тартиб медиҳад.

           9.Нақшаи чорабиниҳои Агентиро ҷиҳати амали намудани санадҳои қонунгузори, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳо дар соҳаи маориф ва илм таҳия менамояд.

           10.Нақшаи чорабиниҳои бахшро ҷиҳати амали намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқи дар самти дахлдор таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд.

           11.Дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсиони дар доираи салоҳияти худ ба директори Агенти, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дода, бо онҳо ҳамкори менамояд.

12.Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти бахш дахлдоштаро ташкил, назорат ва таъмин менамояд.

13.Дар таҳияи лоиҳаи дастурамалҳои мансабии иштирок менамояд.

14.Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти бахш дахлдоштаро таҳия менамояд. 

15.Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти бахш дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷояги бо дигар кормандони бахш таҳия менамояд.

16.Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи дигар мақомоти давлати барои мувофиқа пешниҳод карда шудаанд, мустақилона ё дар якҷояги бо дигар кормандони бахш барраси намуда, хулосаи Агентиро омода менамояд.

17.Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории Агентиро мустақилона ё дар якҷояги бо кормандони бахш барраси намуда, хулосаи бахшро омода менамояд.

18.Дар санҷиши фаъолияти муассисаҳои таълими тибқи тартиби муқарраргардида иштирок менамояд ва аз натиҷаи санҷиш ҳисобот манзур менамояд

19.Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кори, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Агенти иштирок менамояд.

20.Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқиро барраси менамояд.

21.Дар рафти таҳияи лоиҳаи тафоҳумҳо, шартномаҳо, созишномаҳо ва протоколҳои байнисоҳави оид ба ҳамкори дар соҳаи фаъолият, пайнависии протоколҳои вохуриҳои директори Агенти доир ба ҳамкориҳои хориҷи иштирок менамояд.

22.Дар рафти таҳияи лоиҳаи тафоҳумномаҳо, шартномаҳо ва созишномаҳо оид ба ҳамкори миёни Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо сохторҳои соҳави, созмонҳои байналмилалии муқимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз кишвар иштирок менамояд.

23.Назорати татбиқи созишномаҳои баимзорасидаи байнисоҳави оид ба ҳамкори дар соҳаи маориф ва илмро анҷом медиҳад.

24.Ташкил ва гузаронидани конфронсҳо, семинарҳо, сафарҳои таълими ва тадқиқотҳои муштараки илми бо марказҳои таълимии кишварҳои хориҷи ва созмонҳои байналмилалиро ба роҳ мемонад.

25.Дигар уҳдадориҳои вобаста ба фаъолияти бахш, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд иҷро менамояд.

26.Дигар дастурҳои мудири бахш ва роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро иҷро менамояд. 

 

                           4.Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари бахш

 

  1. Мутахассиси пешбари бахш ҳуқуқҳои зерин дорад:

-дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти бахш дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

-самтҳои фаъолияти бахшро таҳлил ва оид ба такмили фаъолияти бахш, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таклиф пешниҳод намояд; 

-маводҳои дар ихтиёри бахш ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм қарордоштаро омӯзад;

-аз маълумоти дар ихтиёри мақомоти давлати, муассисаҳои таълими ва илми қарордошта тибқи тартиби муқарраргардида истифода намояд;

-иҷрои масъалаҳои таҳти назорати бахш қарордоштаро бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълими, илми ва ё шахсони мансабдор дархост намояд;

-аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълими ва илмии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансаби заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;

-аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлати ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзи фаро гирифта шавад.

28.Мутахассиси пешбари бахш дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудаанд.

 

  1. Масъулияти мутахассиси пешбари бахш

 

  1. Мутахассиси пешбари бахш дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

-барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансаби, ки дар дастурамали мансабии мазкур пешбини шудаанд;

-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлати, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;

-барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлати» ва «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;

-барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулки дар муҳлатҳои муқарраргардида;

-барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-барои ошкор намудани сирри хизмати, давлати ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

-барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохили;

-барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;

-дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

30.Мутахассиси пешбари бахш барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансаби, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохили, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансаби вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.

 

  1. Муқаррароти хотимави

 

  1. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадри нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадри бо гирифтани имзо баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансаби ба мутахассиси пешбари бахш супорида мешавад.
  2. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансаби ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмури аз рӯи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии бахш ва ё Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари бахш мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35