wrapper

   6-уми октябри соли ҷорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар нуҳ моҳи соли 2023 баргузор гардид.

  Дар ҷаласа муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Содиқзода Хурсанд, муовини директор-Назарализода Дилафрӯз, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хотлон, шурои ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, намояндагони нашрияҳои “Омӯзгор”, “Маорифи Тоҷикистон”, “Маърифати омӯзгор”, сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм иштирок доштанд.

  Дар ҷаласаи ҳайати мушовара вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома, муовини якуми директори Агентӣ Содиқзода Хурсанд оид ба фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баромад намуда, вазъи норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, самти фаъолияти корҳои илмию тадқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, нақшаи қабул дар муассисаҳои таъилмӣ дар зинаи бакалавр ва магистратура, мутобиқатии муассисаҳои таълимӣ ба меъёрҳои муайянкунандаи соҳа, назорати иҷрои пурраи барномаҳои таълимӣ, бандҳои нақшаи чорабиниҳо ва фаъолияти китобхонаҳо дар муассисаҳои таълимӣ, вазъи пояи модию техникӣ, рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ ва оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи раёсату шуъбаҳои Агентиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, ҳамзамон, вазифаҳо барои давраҳои минбаъдаи соли 2023 муайян карда шуд.

    Дар фарҷом ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришои мушаххас дода шуда, қарори дахлдор қабул карда шуд.

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35