Зимни сухани ифтитоҳӣ директори Агентӣ ҳозиринро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи хизматчиёни давлатӣ табрику муборакбод намуда, зикр намуданд, ки ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, воқеияту матонат ва ҳисси баланди масъулияти дӯстории давлату миллат ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати ростин миёни мардуми кишвар комёб гардад.
Роҳ ба сӯи созандагӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз боз шуд. Душвориҳо пушти сар гаштанду гавҳари мақсуд ба даст омад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо иродаи мустаҳками сиёсӣ ва тинати ватандӯстона ӌиҳати таҳкиму таъмини сулҳу субот дар як минтақаи ҷангдидаву харобшуда созишу ризоияти тоӌиконро фароҳам оварад. Ба шарофати ӯ сулҳу истиқлол дар Тоҷикистон пойдор ва тоҷикон соҳиби ғояи миллӣ гардиданд, ки онро Ваҳдат унвон аст.
Дар рафти баргузори ҷаласа Саидзода Муҳаммадтоир қайд намуданд, ки ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, сулҳу суботи осоишта, озодии ҷомеаи демократӣ, ободкориву созандагӣ ва рушди ҳамаи самтҳои сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат аз Ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад.
Ҳар яки мо амиқ дарк менамоем, ки музаффариятҳои ваҳдату истиқлолиятро бояд муҳофизат намуда, таҳким бахшему тақвият диҳем. Инро танҳо ба воситаи заҳмати шабонарӯзӣ ба нафъи Ватан ва насли ояндаи миллат ба даст оварда метавонем.
Дар ҷаласа сардорони Раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ-Мирзозода Абдусалом ва Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Душанбе-Маҳмадова Тоҷиниссо вобаста ба муҳтаво ва арзишҳои Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи хизматчиёни давлатӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои зикршуда табрику таҳрият намуданд.
Дар идомаи ҷаласа ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи хизматчиёни давлатӣ ба як қатор кормандони собиқадори Агентӣ ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Дар фарҷом Саидзода Маҳмадтоир- Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ҳозиринро ба муносибати фарорасии рӯзи фархундаи сулҳофар, Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи хизматчиёни давлатӣ самимона муборакбод гуфта, ба кишвари азизамон сулҳу суботи сартосариро таманно карданд.