wrapper

Дастгирии маъюбону ниёзмандон яке аз самтҳои иҷтимоии сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии ниёзмандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии ба 150 нафар тарбиягирандагони Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб» туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, ба оилаҳои 4 нафар афсароне, ки дар ҳифзу ҳимояи Модар-Ватан ҷони худро аз даст додаанд (истиқоматкунандагони шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон), барои ҳар кадом дар алоҳидагӣ кӯмаки яквақтаина аз қабили орд, равған, биринҷ, картошка, шакар, пиёз, сабзӣ, макарон ва туҳфаҳои солинавӣ барои фарзандони онҳо дастрас карда шуд. Инчунин, оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии афсарону сарбозоне, ки ба ҳифзу ҳимояи Модар-Ватан машғуланд, ба яке аз қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ 2 тонна маводҳои ғизоӣ (аз қабили равған, лубиёи сурх, лубиёи сафед, мош, гарох, ҷав-марворид (приловка), марҷумак (гречка), макарон, наск, шакар, нахуд ва картошка) дастрас намуд. Роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва лми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба дастгирии иҷтимоии шахсони ятим ва бепарастор дастгирӣ намуда, ба таври ҳамешагӣ дар арафаи иду ҷашнҳо ба онҳо кӯмак менамояд.

 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35