Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ин рўзи муборак, шахсияти заминию самими, оқилу заковатпеша, нексиришту поквиҷдон, кордону сиёсатмадор, донишманду соҳибҳамол, шахсияте, ки тамоми хислатҳои неки инсони дар вуҷудашон нуҳуфта ҳаст, Маҳмадова Тоҷиниссо Файзалиевна-сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.
Роҳбарият ва кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллимаи ниҳоят азизу гиромиро бо фарорасии мавлуди хуљастаи умрашон самимона таҳнияту муборакбод намуда, барояшон хушҳолию хушрўзӣ, саломатию саодатмардӣ, некномию некумрӣ, хушбахтию хушрўзии рўзгорро тамонно дорем.
Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бошад,
Сари болои ту то Каҳкашон бошад.
Ба муаллимаи азизу гироми, дар кору фаъолият ва рузгори некашон муваффақияту комёбӣ, мурборию барор ва саодатмандиро хохонем.
Ниҳоли қоматат пурбор гардад,
Туро умри наку ҳам ёр гардад.
Дар ин дунё бизи сад соли дигар,
Ки дунё аз паят гулзор гардад.