wrapper

  4-уми ноябри соли 2022 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазавор пешвоз гирифтани таҳлили ҷашни 28-умин солгарди Консутитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Субҳонзода Икром – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки Мирзозода Иброҳим- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Саидзода Изатулло-директори Маркази қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

 Таҷлили ҷашни Консутитутсияи Ҷумҷурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллии Ҷумҷурии Тоҷикистон оғоз  гардид.

 Дар рафти ҷаласаи мазкур аз ҷониби баромадкунандагон қайд карда шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҳумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ин санади олии ҳуқуқии кишвар дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳифаи тозаеро боз намудааст.

 Дар робита ба ин, ҷиҳати зарурати тағйиру иловаҳо ворид намудан ба Конунститусияи Ҷумҳуруии Тоҷикистон, аҳамияти он дар рушди босуботи мамлакат ва  зиндагии шоистаи мардум ҷониби маърузачиён шарҳу тавзеҳот дода шуд.

 

 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35