Таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентӣ
- Панҷшанбе, Сен 08 2022
- Агентӣ
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазавор пешвоз гирифтани ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Субҳонзода Икром – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Содиқӣ Насиба – раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хонзода Абдураҳмон – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кормандони дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Аъзои раёсат зимни баромадҳои худ қайд намуданд, ки дар даврони Истиқлолият бо ташаббусу ҳидоят ва ибтикору ғамхориҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи соҳаи маориф корҳои зиёду нотакроре, ба монанди бунёди маорифи миллӣ, ворид гардидан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, таъсиси муассисаҳои таълимӣ, ихтисосҳои нав, таҳия ва тасдиқи барномаҳои давлатӣ, фароҳам овардани беҳтарин, дастрастарин имкониятҳо барои донишҷӯёну хонандагон ва шароити мусоиди корӣ барои омӯзгорон ба сомон расонида шуд. Яъне, дар даврони соҳибистиқлолӣ назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба муваффақияту дастовардҳои зиёде ноил гардидем, ки дар ягон давру замон дида намешуд.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти арзёбӣ намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, сиёсати ягонаи назорати давлатиро дар соҳаи маориф пеш бурда, ҳамзамон ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши хонандагону донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисон дар соҳа ва дигар самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимиро арзёбӣ менамояд.
Дар фарҷоми чорабинии ҷашнӣ бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони соҳибтаҷриба ва ҷавонони болаёқати дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.
Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МОСТ»
- ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
- ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- САРФАРОЗГАРДОНИИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ
- Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024