Табрикоти директори Агентӣ
- Панҷшанбе, Сен 08 2022
- Агентӣ
Табрикоти директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Субҳонзода Икром Субҳон бахшида ба ҷашни 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик 31-умин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба халқи ватандӯсти кишвар муборакбод мегӯем. Истиқлолияти давлатӣ волотарин дастовард, ва падидаи сиёсӣ ба шумор рафта, маҳз бо ташаббус ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми тоҷик пас аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақил, ягона, демократӣ, ҳуқуқбунёд гардида, ормонҳои миллии халқи тоҷик амалӣ ва манфиатҳои миллӣ ҳифз гардиданд.
Бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ҳамчун як миллати илмдӯст, сулҳхоҳу сулҳпарвар, дорандаи мавқеъ ва иродаи устувор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида, бо сохти давлатдорӣ, рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, пешниҳоди ташаббусҳои созанда дар ҳалли масоили ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд гардид.
Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ мактаби давлатдории миллӣ ташаккул ёфта, ҳадафҳои стратегии миллии кишвар муайян гардида, барои расидан ба ин ҳадафҳо корҳои беназири созандагӣ, аз қабили садҳо иншооти миллӣ, неругоҳҳои барқии обӣ, роҳҳои байналмилалӣ сохта ва ба истифода дода шуд, ки барои рушди бонизоми давлати мутамаддини тоҷикон мусоидат намуд.
Бо сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маориф яке аз соҳаҳои меҳварӣ, афзалиятнок ва калидӣ эълон гардида, дар партави ин сиёсат соҳаи маориф бонизом рушд намуда, тафаккури миллӣ дар заминаи арзишҳои бузурги миллӣ ташаккул ёфт. Таҳия ва чопи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ барои насли нав бо назардошти дастоварҳои муосири илмӣ, арзишҳои миллӣ ва байналмиллалӣ ба роҳ монда шуда, сохтмон ва ба истифода додани садҳо муассисаҳои таълимӣ барои ворид гардидан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот шароити мусоид фароҳам овард.
Бори дигар ҷашни пуршукӯҳи миллиро ба ҳар як халқи сарбаланди кишвар аз самими қалб муборакбод гуфта, саломатию саодати ҷовидонӣ таманно менамоям, бигузор истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон абадан пойянда бошад.
Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МОСТ»
- ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
- ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- САРФАРОЗГАРДОНИИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ
- Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024