Рӯзномаи ҷаласа вобаста ба масъалаҳои аккредитатсия, иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, таълими калонсолон ва муассисаҳои хусусӣ, ҳамзамон мутобиқати меъёрҳои муайянкунандаи таҳсилот мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии масъалаҳои зикргардида директори Агентӣ - Субҳонзода Икром ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, назорати иҷрои пурраи барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани ҳайати сифатии соҳа аз ҳисоби кадрҳои баландихтисос дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа бо назардошти пешниҳоду тавсия ва эродҳои гирифташуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.