Хониши идоравии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - омӯзиши китоби "тоҷикон"
- Ҷумъа, Сен 02 2022
- Агентӣ
Хониши идоравӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани таҳлил ва омӯзиши китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров байни кормандони Агентӣ доир гардид, ки дар он аз ҷониби масъулин гуфта шуд, “Тоҷикон” яке аз асарҳои зинданигоҳдорандаи таъриху тамаддун ва фарҳанги пурғановати мо ориёиҳои машриқзамин мебошад. Бобоҷон Ғафуров бо ин шоҳасари худ барои давлату миллати тоҷик хизматҳои шоён намуда, манфиатҳои милливу фарҳангӣ, урфу одат ва анъанаҳои ниёгонро ҳифз кардааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ ба ин асари безаволи алома Бобоҷон Ғафуров баҳогузорӣ намудааст, ки ““Тоҷикон” – Шиносномаи миллати тоҷик аст. Он қутбнамоест барои шинохти миллати тоҷик ва худшиносии миллист”. Президенти мамлакат дар муқадимаи китоби “Тоҷикон” таъкид мекунад, ки “Ҳар фарди бедордили миллат бояд омӯзиши таърихи халқи азизашро вазифаи муқаддаси худ донад, аз гузаштаи пуршебу фарози он сабақ гирад ва ба корнамоиҳои фарзандони мардуми боҳимматаш шинос шуда, онҳоро дар ҳофизаи таърихиаш нигоҳ дорад”. Ё дар ҷои дигар Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои мардуми ориёитабор қайд менамояд, ки “Маҳз осори мондагори академик Бобоҷон Ғафуров пояи бунёди омӯзиши таърихи халқи тоҷикро ташкил дод. Аз ин рӯ, корҳои нави илмӣ идомаи иқдомҳои неку шоистаи ин муаррихи барҷаста мебошанд, ки ба муаррифии халқи тоҷик ва таърихи пурифтихори он мусоидат менамоянд”.
Китоби “Тоҷикон” барои ҳар фарди тоҷик бешак роҳнамои бузург барои нигоҳ доштани сулҳу субот ва дарку фаҳми арзишҳои миллӣ, пайдо кардани хотираи таърихӣ, қавӣ гардонии ҳисси ватандӯстиву меҳанпарварӣ ва боло бардоштани дарки таассуроти худогоҳиву хештаншиносӣ сарчашмаи бою ғанӣ мебошад.
Бо ташаббуи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонавода тӯҳфа карда шуд, ки ин иқдоми пешанамуда бо мақсади ошноӣ кардан ба гузаштагони пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ руҳандозӣ гардида шуд.
Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МОСТ»
- ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
- ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- САРФАРОЗГАРДОНИИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ
- Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024