wrapper

22 июл дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «50-солагии Октябр» шинос шуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагӣ ба кишти картошкаи тирамоҳӣ оғоз бахшида, ба кишоварзон дар фаъолияти пурмасъулу заҳматталаб барору комёбӣ орзу карданд.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «50-солагии Октябр» яке аз хоҷагиҳои намунавии шаҳри Ҳисор ба шумор рафта, 232,6 гектар замини корамро дар ихтиёр дорад.

Роҳбарият ва аҳли заҳмати ҷамъият дар афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода, дар фаровонии бозорҳои маҳаллӣ ва шаҳри Душанбе саҳми худро мегузоранд.

Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими кишти такрорӣ дар шаҳри Ҳисор майдони кишти картошка то 40 фоиз зиёд карда мешавад. Имсол дар ҳамаи бахшҳои кишоварзии шаҳр дар масоҳати 600 гектар кишти картошка гузаронида хоҳад шуд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “50-солагии Октябр” бо мақсади амалӣ намудани ин нақшаҳо дар масоҳати 25 гектар картошкаи тирамоҳӣ кишт мекунанд. Барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ масъулин тухмиҳои хушсифат дастрас намудаанд. Кишти картошка бо риояи талаботи агротехникӣ гузаронида мешавад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «50-солагии Октябр»-и шаҳри Ҳисор 200 нафар ба фаъолият фаро гирифта шуда, 80 нафар коргари доимӣ ва 120 нафари дигар коргарони мавсимӣ мебошанд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «50-солагии Октябр»-и шаҳри Ҳисор дар самти парвариши дигар зироати кишоварзӣ низ пешсаф буда, дар як қисми заминҳои обии он ҷуворимакка барои дон, пахта, сабзавот ва дигар зироат кишт карда шудааст.

Деҳқонони хоҷагӣ аз кишти баҳорӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, бозорҳои маҳаллӣ ва пойтахтро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намуданд. Акнун бо ҳамин азму талош кишти такрориро ба роҳ мемонанд.

Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори хоҷагидорон баҳои баланд дода, онҳоро ба заҳмати софдилонаву пурмаҳсул ҳидоят намуданд. Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаровонии бозорҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулоти тару тоза, махсусан картошка ва татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз аз фаъолияти хубу босамари кишоварзон вобастагӣ дорад.

Боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “50-солагии Октябр”-и шаҳри Ҳисор 22.07.2020

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35