Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз дар нишасти хабарӣ зимни тавзеҳи вазъи макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2020 ба доираи намояндагони расонаҳои хабарии ватанӣ ва хориҷӣ гуфт, ки қурби нақдӣ (қурби фурӯши доллари нақди амрикоӣ дар бозори ғайрибонкӣ) дар ҳамин давра 8,7 фоиз баланд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 банди фоизӣ зиёд мебошад. Фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди амрикоӣ 30 июни соли равон ба 3,3 фоиз баробар шудааст.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода афзуд, ки ин тағйирёбӣ таҳти таъсири равандҳои иқтисодию молиявии ҷаҳон ва минтақа, бахусус давлатҳои шарикони асосии тиҷоратӣ сурат гирифтааст. Зеро бо назардошти вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ, ки пандемияи COVID-19 ба он таъсири манфӣ расонид, дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон низ раванди коҳишёбӣ дошт.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, бартараф намудани таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта, таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2-фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди амрикоӣ ва аз байн бурдани фарқият дар бозори ғайрибонкӣ 20 марти соли равон тасҳеҳи якдафъаинаи қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари амрикоиро ба андозаи то 5,0 фоиз амалӣ намуд.