Хабарҳо
- Панҷшанбе, 23 Июл 2020
Бонки миллӣ: Соли равон қурби сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ тағйирёбии муътадил дошт
Соли равон дар Тоҷикистон реҷаи қурбии «шинокунандаи танзимшаванда» бе муйян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб идома дода шуда, қурби сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ тағйирёбии муътадил дошта, қурби расмии он (қурби миёнавазни хариду фурӯши доллари амрикоӣ дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ) 6,4 фоиз коҳиш ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Муфассал...- Панҷшанбе, 23 Июл 2020
Ду шабакаи телевизионии нав — «Илм ва табиат», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таъсис меёбанд
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ду шабакаи телевизионии нав таъсис медиҳад. Барои таъсиси шабакаҳои нав тамоми низомномаву лоиҳаи он таҳия гардида, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол карда шуд.
Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иброз намуд.
Муфассал...- Панҷшанбе, 23 Июл 2020
Имсол 500 биною иншооти ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба шабакаҳои гармидиҳии мутамарказ пайваст мешаванд
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 500 биною иншоот ба шабакаҳои гармидиҳии мутамарказ пайваст мешаванд. Дар ин бора муовини якуми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифхон Сафарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Муфассал...