
Агентӣ

- Сешанбе, 02 Феврал 2021
Фаъолияти солона: вазъият ва дурнамои рушд
15 январи соли 2021 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоот - Идизода Файзалӣ, аъзои мушовара ва ҳайати васеи кормандони агентӣ, намояндаи раиси шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ректорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, намояндагони сарраёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе, намояндаи раиси шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, директорони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, раиси шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, директори Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ва директори Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мушовараи ҷамъбастӣ доир гардид.
Муфассал...
- Чоршанбе, 27 Январ 2021
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.
Муфассал...
- Душанбе, 09 Ноябр 2020
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Ҳамватанони азиз!
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳимми тақдирсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди кишварро самимона табрик мегӯям.
Муфассал...