
Агентӣ

- Ҷумъа, 19 Феврал 2021
Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентӣ
Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729 дар толори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми феврали соли ҷорӣ нишасти матбуотии агентӣ бо иштироки роҳбарият, аъзоёни мушовараи агентӣ, сардорони раёсату шуъба, бахшҳои агентӣ, ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Муфассал...
- Душанбе, 15 Феврал 2021
Ҳувияти миллии ҷавонон ва таҳкими сулҳу ваҳдат
Мусаллам аст, ки соҳибистиқлолии ҳар кишварро арзишҳои муқаддас чун сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа муайян месозад. Хушбахтона, имрўз маҳз бо шарофати сулҳу субот дар роҳи таъмини рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар аз ҷониби раҳбарияти давлат, хосатан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор гузошта шудааст. Тоҷикистон аз он лаҳзае, ки ба сулҳу ваҳдат ноил гардид, падидаи ваҳдат сароғози ташаббусҳои бузург дар роҳи ободкорию созандагии миллати тамаддунофару фарҳангпарвар шуд.
Муфассал...
- Чоршанбе, 03 Феврал 2021
Маъракаи ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ
Бо мақсади дар сатҳи баланд ва хотирмон таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Сада барои вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободу зебогардонии кӯчаву ва боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва ба «Шаҳри сабз» табдил додани он тибқи иқдомҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таърихи 29.01.2021 аз ҷониби кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд.
Муфассал...