wrapper

Агентӣ

Агентӣ

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҶДММ «50-солагии Октябр»-и шаҳри Ҳисор боздид карданд

22 июл дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «50-солагии Октябр» шинос шуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагӣ ба кишти картошкаи тирамоҳӣ оғоз бахшида, ба кишоварзон дар фаъолияти пурмасъулу заҳматталаб барору комёбӣ орзу карданд.

Муфассал...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва заминҳои хоҷагии ёрирасони деҳоти Фалакон боздид намуданд

22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия ва истифодаи заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии сокинони деҳаи Фалакон дидан намуданд.

Дар намоиш асал, ғалладонагиҳо, сабзавоту меваҷот ва полезиҳо, аз қабили гандум, нахуд, ду навъи лубиё, ҷуворимакка, шолӣ, ду намуди картошка, помидору бодиринг, карам, себу шафтолу ва ғайра, ки аз заминҳои зархези ноҳияи Рӯдакӣ истеҳсол шудаанд, ба маъраз гузошта шуд.

Муфассал...

Бонки миллӣ: Соли равон қурби сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ тағйирёбии муътадил дошт

  Соли равон дар Тоҷикистон  реҷаи қурбии  «шинокунандаи танзимшаванда»  бе муйян ва эълон кардани  ҳудудҳои тағйирёбии қурб идома  дода шуда,  қурби сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ тағйирёбии  муътадил дошта, қурби расмии он (қурби миёнавазни хариду фурӯши доллари амрикоӣ  дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ) 6,4 фоиз  коҳиш ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Муфассал...

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35