wrapper

  Мусаллам аст, ки ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун барномаи ҳадафмандона тарҳрезишуда ва ояндасоз, инчунин дастури ҷомеасозу халқпарвар барои аҳолии кишвари ҳамешасабз ва шукуфони мо манзур мегардад. Мӯҳтавои Паёмҳои Пешвои миллат мардумро аз вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ огоҳ сохта, ба ояндаи дурахшон умеди мутмаинро пайдо менамояд.
  Дар сиёсати созанда ва халқпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф мақоми хосаи худро касб намудааст. Аз рўзҳои аввали сарвари мамлакат интихоб гардидан, Пешвои миллат маорифро соҳаи афзалиятнок эълон намуда, дилпурона изҳор менамоянд: “Ман дар сиёсати худ маорифро дар мадди аввал мегузорам”.
 Таваҷҷуҳи сарвари давлат ба аҳли илму маориф ва зина ба зина рушд ёфтани низоми таҳсилот дар мамлакат аз ғоя ва ормонҳои маорифпарварона ва маънавиятгароёнаи Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад. Дар ҳақ, бо баробари ҳама мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист пояи устувори соҳаи маорифро бунёд намуда, дар ин давра сатҳ ва сифати маълумотро ҳамқадами замон гардонад.
  Мактаб ва маориф соҳае ба ҳисоб меравад, ки барои ояндаи солим ва дурахшони ҳар халқу миллат заминаҳои боэътимод мегузорад. Он яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва ҳалкунанда ба шумор рафта, иқтисодиёти тараққикарда, иҷтимоиёти рушдёфта, маънавиёти баланд ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба мактабу маориф вобастагии бевосита дорад.
Ин соҳаи пурафзалияти миллӣ чун ҳамасола дар паёми Садри муаззами кишвар меҳвари асосиро қарор гирифт. Аз ҷумла, зимни ироаи паём ишора гардид, ки «Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад». Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат мавқеи аввалиндараҷа дорад. Дар воқеъ мушоҳидаи таҷрибаи кишварҳои муттараққии дунё далели онанд, ки рушди сармояи инсонӣ метавонад, дар камтарин фурсат рушди бо суръати иқтисодию иҷтимоиро таъмин намояд. Фаромӯш набояд сохт, ки омили калидии баландбардории сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ - маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.
  Табиист, ки раванди рушди сармояи инсонї бе маблағгузорӣ ғайриимкон аст. Ишора гардидани ин масъала дар Паёми имсола низ гувоҳӣ он аст, ки дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот назари некбину ояндасозӣ Садри фардоназари мост.
  Пушида нест, ки давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ соҳаи маориф аз ҳисоби маблағгузории буҷети давлатӣ дар ҷойи дуюм ба ҳисоб меравад. Дар баробари зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ, ҳамасола шумораи хонандагон низ афзоиш ёфта истодааст. Аз ҷумла, ин нуқта дар паём дарҷ гардид, ки агар соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад.
 Илова бар ин, Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст. Дар воқеъ қабули хонандагон ба синфи якум нисбат ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 158 ҳазор нафар зиёд мебошад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ масъалаи сохта ба истифода супоридани муассисаҳои таълимӣ ва таъмиру аз навсозии онҳоро зери таваҷҷуҳ қарор дода, дар ин давра корҳои зиёде дар ин самт ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла, роҷеъ ба ин масъала Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки гарчанде дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам ба ҳисоб меравад, зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад. Дар ин росто, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо дастур доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.
Раванди ҷаҳонишавӣ ва воридшавӣ ба фазои таҳсилоти ягонаи ҷаҳонӣ, зарурияти баҳогузорӣ ва омўзиши таҷрибаи кишварро аз ҷониби созмонҳои байналмилаллӣ ба миён меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, хамчун узви ҷудонопазири ҷомеъаи ҷаҳонї аз ҷониби созмонҳои байналхалқи дар масъалаҳои гуногун мавроиди омўзиш ва таҳлил қарор мегирад. Аз ҷумла, тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.
Новобаста аз ин Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Дар ин раванд, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зарур аст, ки ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд. Ҷоиз ба қайд аст, ки Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, вазифадор карда шуданд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  Дар ин замина бояд рушди иқтидори илмии муассисаҳои зикршуда, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад.
  Сол то сол беҳтар гардидани вазъи маблағгузории соҳа, ворид гардидани технологияи муосири инноватсионӣ ба ҷараёни таҳсилот, сифатан боло рафтани фаъолияти омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии миёна дар ҷумҳурӣ имконият ба миён овард, ки сафи хонандагони лаёқатманду соҳибистеъдод рӯй ба афзоиш орад.
  Дар охир Пешвои миллат Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, вазифадор намуданд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд.
  Ҷавобан ба ин ғамхории Пешвои миллат ҳар кадоми моро мебояд, ки барои дастгирии ҳадафҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, барои ба талаботи ҷомеа мутобиқ намудани мазмуни таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба бозори меҳнат, ворид намудани технологияи инноватсионӣ ба ҷараёни таълим, дар рӯҳияи ватандӯстию ватансозӣ, хештаншиносию таҳаммулпазирӣ таълиму тарбия намудани фарзандону шогирдон ва ворид гардидани бар фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ масъулиятшиносона заҳмат кашем.
 
Сафарзода Сафармад Саид
Мутахассиси пешбари раёсати назорати илм ва
инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаҳолии таълимӣ
 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35