wrapper

  Ахдшикани низоъ ва игвои навбатии киргизхо ки 16.09.2022 бо маслихати пешаки ва тайёрии мусаллахонаи чанги, гайриконуни гузаштан аз сархади давлати ва ба мукобили ахолии осоиштаи сокинони шахри Исфара ба амал омад, талафоти зиёди чони ва хисороти молиро ба миён овард, ки боиси андухи амики точикзабонони тамоми дунё гардид.
  Вокеан бо иттихоми бепояву ночо ва ночавонмардона ва ахдшиканона бо тайёрии пешаки хучуми мусаллахона намудан бо техникаи вазни чанги ба ахолии осоишта бисёр амали нангин махсуб ёфта конунхо ва конвенсияхои байналмилали чунин киродори чиноятиро сахт махкум менамоянд. Наворе, ки ба шабакахои ичтимои рох ёфтааст дидани он бисёр вахим ва дахшатнок аст, ки ин хам дар натичаи хучуми мусаллахонаи киргиз, мошини ёрии таъчили бо аслихаи вазнини чанги тарконида шудааст, ки сокинони осоиштаи як оила, аз чумла кудакони хурдсол ва як зани хомиларо аз хаёт махрум сохт.
  Вобаста ба амали терористи ва ходисаи мудхиши ба амал омада, ки хилофи меъёрхои койдахои инсони ва Конвенсияхои байналмилали мебошад , ман хамчун шахрванди чомеаи озоду хукукбунёди Точикистон аз чомеаи чахони ва хусусан Созмони милали Муттахид даъват ба амал меорам, ки ба хучуми мусаллахона, акти терористи ва тачовузи ошкорои киргиз, ки ба куштори берахмонаи ахолии осоишта, кудакони хурдсол, занони хомила, маъбон ва ёрии таъчили ки дар пайи хамла берахмона ба катл расонида шудаанд расидаги намоянд. Ман ин амали гаризона ва чангчуёнаи киргизро махкум намуда амали терористи мехисобам.
Анвари Хирадманд

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35