Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун рамзи озодии миллат
- Чоршанбе, Сен 07 2022
- Агентӣ
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии хеш таъкид доштанд, ки “Ҳатто дар солҳои вазнини ибтидои Истиқлолият тамоми фикру андешаи ман ҳамчун Сарвари давлат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф ва дастгирии ин соҳаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Ва чунонки мушоҳида мекунед, ман ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаҳои муҳими иҷтимоқ диққати махсус медиҳам ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дастгирӣ менамоям”.
Истиқлолияти давлатӣ дастоварди беназир ва падидаи сиёсӣ ба шумор рафта, маҳз бо ташаббус ва ҳидоятҳои созандаи муҳтарам Ҷаноби Олӣ мардуми тоҷик пас аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақил гардида, ормонҳои миллии халқи тоҷик амалӣ ва манфиатҳои миллӣ ҳифз гардиданд.
Бо ташаббусҳои бевоситаи Президенти маҳбуби кишварамон халқи тоҷик, ҳамчун як миллати илмдӯст, сулҳхоҳу сулҳпарвар, соҳибтамаддун, фарҳангӣ, озодихоҳ ва дорандаи мавқеъ ва иродаи устувор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида, бо сохти давлатдорӣ, рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, пешниҳоди ташаббусҳои созанда дар ҳалли масоили ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд гардид.
Бо сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф яке аз соҳаҳои меҳварӣ, афзалиятнок ва калидӣ эълон гардида, дар партави ин сиёсат соҳаи маориф бонизом рушд намуда, тафаккури миллӣ дар заминаи арзишҳои бузурги миллӣ ташаккул ёфт. Таҳия ва чопи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ барои насли нав, бо назардошти дастоварҳои муосири илмӣ, арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, сохтмон ва ба истифода додани садҳо муассисаҳои таълимӣ барои ворид гардидан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот шароити мусоид фароҳам овард. Бо зеҳнияти баланд иштирок намудани хонандагони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ ва пайваста баланд гардидани парчами Тоҷикистони азиз обрӯи маорифи миллии тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам афзун гардид.
Президенти маҳбуби кишварамон соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ, омили асосӣ ва муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Бо назардошти ин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи соҳаи маориф ва илм, алалхусус барои баландбардории сатҳу сифати таълими хонандагону донишҷӯён ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси талаби замони муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Ин аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ соҳаи маориф ва илм ба дастовардҳои назаррасе ноил гардида, дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳиму тақдирсоз таҳия ва тасдиқ гардида, барои рушди бемайлони соҳаи маориф ва илм заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Натиҷаи ғамхориҳо пайвастаи Пешвои миллат аст, ки теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ сол аз сол зиёд гардида, дар зарфи 31 соли истиқлолият беш аз 300 муассисаи тасилоти томактабӣ таъсис дода шуда, айни замон 696 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии беш аз 101,2 ҳазор нафар кӯдак фаъолият намуда истодаанд, ки афзоиши мунтазами муассисаҳо ва фарогирии кӯдак ба мушоҳида расида, фоизи фарогирӣ аз 7 фоизи соли 2010 ба 16 фоиз дар соли 2022 расидааст.
Барои муҳайё намудани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ дар 31 соли соҳибистиқлолӣ муассисаҳои таҳсилоти умумии зиёде, аз ҷумла 156 гимназия, литсей ва мактабҳои байналмилалӣ бунёд ва таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2021 ва 6 моҳи соли 2022 - 247 мактаб барои зиёда аз 110 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шуд.
Агар дар соли таҳсили 1991-1992 ҳамагӣ 3229 мактаб бо фарогирии 1 млн 325,4 ҳазор хонанда фаъолият карда бошад, айни замон 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонанда фаъолият мекунанд, ки мутаносибан 711 мактаб ва 974,6 ҳазор хонанда зиёд мебошад.
Агар сохтмони мактабҳо ва сарбории афзоишёбандаи омӯзгоронро таҳлил кунем, пас дар даврони сҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон барои муҳайё кардани шароити мусоиди таълим милиардҳо доллар сарф карда шудааст.
Бояд қайд кард, ки дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии 40,7 ҳазор донишҷӯ фаъолият менамуданд. Айни замон бошад, 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият намуда, 93,3 ҳазор нафар донишҷӯ фаро гирифта шудааст, ки афзоиш мутаносибан 39 муассиса ва 52,6 ҳазор нафар донишҷӯро ташкил медиҳад.
Дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ низ рушди мунтазам мушоҳида гардида, дар соли 2022 шумораи муассисаҳои мазкур ба 42 адад расида, зиёда аз 234 ҳазор донишҷӯ ба таълим фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 – 39 муассиса ва 163,4 ҳазор нафар донишҷӯ зиёд мебошад.
Дар баробари ин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани қонунҳои соҳавӣ, қарорҳои дахлдори Ҳукумати кишвар, даҳҳо барномаҳо, консепсияҳою стратегияҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба самти рушди маорифи кишвар равонашуда, заминаи муфиде барои баландбардории сатҳу сифати таълиму таҳсилот гузоштаанд.
Бар ивази ин қадар ҷоннисориҳо, ғамхориҳо ва ташаббусҳои Пешвои муаззами миллатамон ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон содиқонаву софдилона меҳнат намуда, дар рушди бонизоми ватани муқаддасамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Субҳонзода Икром Субҳон
Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МОСТ»
- ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
- ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- САРФАРОЗГАРДОНИИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ
- Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024