wrapper

  Истиқлолият падидаи муҳимтарини давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, зеро он ба ҳар яки мо озодии комилро ҳадя намуд. Санаи 9 – уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардид. Маҳз Истиқлолият кишвари моро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуд. Бо талошҳои пайвастаи Роҳбари давлат дар мамлакат сулҳу субот пойдор гардид.
 Дар ин муддат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дигаргун гардида, рушд намудаанд. Аз ҷумла дар соҳаи маориф пешравиҳои назаррас ба миён омад. Ин соҳаи ҳаётан муҳим пайваста дар зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат соҳаи маорифро «омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат» унвон кардаанд.

  Дар даврони Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташабус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиеро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиро дар ин соҳаи калидӣ босуръат идома дода истодаанд.
  Дар воқеъ Президенти маҳбубамон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва калидӣ дониста, дар аксарияти баромадҳоияшон қайд менамоянд, ки мо дар сиёсати худ соҳаи маорифро дар мадди аввал мегузорем. Зеро давлатро танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони дорои дигар ихтисосҳои замонавӣ, яъне кадрҳои баландихтисос обод мекунанд.
  Дар ин муддат барои беҳтар шудани вазъи сифати таълиму тарбия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатии соҳа қабул карда шудаанд, ки рушди минбаъдаи ин соҳаро таъмин менамоянд.    Инчунин, бо мақсади танзими соҳа қонунҳои соҳавӣ, Консепсияи миллии тарбия, Консепсияи миллии таҳсилот, Стандартҳои давлатии таҳсилот ва дигар санадҳои меъюрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул гардиданд.
  Дар даврони истиқлолият 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ таъсис дода шудааст, ки ин самараи истиқлолияти давлатӣ мебошад.
  Боиси пазироӣ аст, ки танҳо дар соли 2021 ва шаш моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат 247 муассисаи навбунёди таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 110 ҳазор хонанда ба истифода дода шудааст.
  Дар даврони истиқлолият барои муассиаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ 315 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ аз ҷумла 15 ҳазор нафар дар муаиссисаҳои таҳсилоти миёнаи касӣ, тайёр карда шудааст.
 Дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ низ дар давраи Истиқлолият навгонӣ ва пешравиҳои назаррас ба миён омаданд. Аз ҷумла бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол духтарон аз деҳаҳои дурдаст тариқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил мешаванд.
 Агар соли 1991 шумораи муассисаҳои олӣ 13 ададро ташкил медод, пас дар соли 2022 ба 43 адад расид. Ин имкон медиҳад, ки ҷавонон ба омӯзиши дилхоҳ касбу ихтисос машғул шаванд. Айни замон дар муассиаҳои таҳсилоти олии касбӣ 234523 нафар донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд.
  Зикр кардан ба маврид аст, ки дар зарфи 31 соли Истиқлолият пояҳои моддию техникии мактабҳои олӣ мустаҳкам гардиданд. Ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ба низоми кредитии таҳсилот гузашта, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замонро омода намуда истодаанд.
  Хурсандиовар аст, ки бо фарорасии соли нави таҳсил ҳар сол дар ҷумҳурии азизамон даҳҳо муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода мешаванд, ки аксарияти онҳо бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Муассисаҳои таълимии баистифодашуда мутобиқ ба талаботи замон ва стандартҳои байналмилалӣ буда, шароити хуби таҳсил ба хонандагону донишҷӯён фароҳам оварда шудаанд.
  Соҳаи маориф соҳае мебошад, ки рушди ҳамаи соҳаҳо аз ин вобастагӣ дорад. Бинобар ин, моро зарӯр аст, ки ба қадри хизматҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм бирасем ва дар ҷавоб ба он шабонарӯзӣ саҳми худро барои рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим гузорем.

Содиқзода Хурсанд Сафар 
Муовини якуми директори
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35