Истиқлолият неъмати бебаҳо!
- Сешанбе, Сен 06 2022
- Агентӣ
Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт.
Истиқлолу озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмат ва бузургтарину арзишмандтарин сарват барои ҳар як миллат ва халқ мебошад. Бинобар ин, мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошед.
Эмомалӣ Раҳмон
Баъди аз байн рафтани давлати Шӯравӣ дар фазои бузург ва паҳновари он давлатҳои нави соҳибистиқлол ба вуҷуд омаданд. Тоҷикистон низ дар қатори онҳо 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон кард. Набояд фаромӯш кард, ки Истиқлолият барои халқу миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари тоҷикон мебошад. Сокинони кишвари озоду азизи мо бо муҳаббату садоқат имрӯз ифтихор доранд, ки сию як сол муқаддам нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки Ватани мо шукуфон гардад. Зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстиву якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, дар он рӯз аз рӯз бунёдкориву созандагӣ танинандоз гардида, аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик баҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат ва наҷоти миллат ба шумор меравад.
Бо сарварию ҷонбозиҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтани халқи тоҷик – ғалабаи бузурги ҳикматпарвари миллати мо буд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд:
«Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашни бузурги 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, ҳар як шаҳрванд бояд ифтихор аз соҳибистиқлоливу сулҳу озодӣ ва комёбиҳои бузурге намояд, ки ба шарофати ин тамоми дастовардҳо дар ҳамаи самтҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба даст омад.
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик муҳимтарин дастоварди таърихӣ ба ҳисоб рафта, кишвари мо баъди эълони истиқлолияти давлатӣ дар арсаи баййналмилалӣ ҳамчун давлати озоду соҳибихтиёр муаррифӣ гардид.
Аммо бояд қайд кард, ки бо баробари расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон низоъҳои дохилӣ оғоз гардида, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Дар натиҷаи талошҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳ ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ин расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад.
Маҳз самараи истиқлоли давлатӣ буд, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ва ташаббускор муаррифӣ намуд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ кишвари мо дар ҳалли муаммоҳои глобалии замони муосир аз кишварҳои ташаббускор буда, то имрӯз чор ташаббуси Тоҷикистон дар ҳалли масоили оби тоза аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шудааст.
Тоҷикистони озоду якпорча доимо ҷонибдори сулҳ ва оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон буда, ин нукта пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат ироа мегардад.
Истиқлолу озодӣ дар Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон бигузор ҳазорсолаҳои зиёд побарҷо ва устувор бимонад.
Баҳриддинзода Ақлиддин
сармутахассиси раёсати Агентии назорат
дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МОСТ»
- ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
- ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- САРФАРОЗГАРДОНИИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ
- Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024