Барои мо муҳаббат, меҳру садоқат, зиндагии муносиб, дӯстиву бародарӣ, хешиву авлодӣ ва дар маҷмуъ ҳама ҳастиамон сараввал Истиқлолият ва дигар ин Ваҳдат аст, ки мо аз шаҳди лазизи онҳо ҳар лаҳзаву ҳар сония мечашему лаззат мебарем. Волоияти қонуни мо, фарзанди баруманду фарзона ва ҳар як соҳибияти мо бо калимаҳои манзургардидаи боло тавъам аст. Вале ҳамагон шоҳидӣ медиҳем, ки на ҳама ба қадри ганҷҳои нодири мо мерасанд. Чун ки баъзе аз рашку ҳасад, баъзеи дигар аз беилмиву торикбинӣ ва баъзеи дигар аз ҷаҳолат бо хусумат менигаранду ҳарф мезананд, вале барои мо соҳибватанон назари онҳо ҷуз сухани пучу холӣ чизи дигаре нест. Зеро ки мо бо оддитарин суол ба ҳама андешаву фикрҳои торикбинону ҷаҳилон қатъи сухан медиҳем. Чунончи: зоҳири имрӯзаи ҳар як гӯшаи сарзаминамон ва махсусан ҳар як шахс инъикосгари рушди босуботи ҷомеа шуда метавонад. Зеро мо 10-15 сол пеш чӣ гуна зисту зинадгӣ ва шароити иҷтимоӣ доштему имрӯз ҷигуна!? Яъне дар ҳама маврид баҳогузори аз рӯйи ақалияту аксарият аст. Имрӯз бошад аксарият мардум ва ё шаҳру навоҳии кишвар рӯ ба рушди босуръатанд, ки Истиқлолияти кишвари моро ҷило мебахшанд.
Мо дар ҳар як гоми худ агар шукургузории Истиқлолият ва Ваҳдати сартосарии Тоҷикистони азизамонро кунем, боз кам аст. Зеро мо аз вартаи ноумедӣ ба ин рӯзҳои дурахшону осудагӣ ноил гардидаем ва ҳамарӯза бо ифтитоҳу ба истифодадиҳии иншоотҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва дигар сарчашмаҳои муфид ба зиндагии мусоиди мардум афзалият ворид намуда истодаем.
Ба дурустӣ мо исбот карда метавонем, ки ҳар нафар имрӯз аз сиёсат ва ё санъати идоракунии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳра мебарад ва баъзеи дигар ҳасад. Имрӯз мо дар ҳар як гӯшаи диёр вақте ҳамнишини табақаҳои гуногуни ҷомеа мешавем, бештар нафароне, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ кору фаъолият кардаанд бо як эҳсоси хосса аз рафтору кирдори ин шахсияти дурандеш, шуҷоу далер ёдоварӣ менамоянд ва бо ашки чашм ва тапиши қалби худ шукургузорӣ мекунанд, ки Худованд барои ин миллат, ин сарзамин-Ватани аҷдодии тоҷикон дар давраҳои ҳассосу пурфоҷиа нафареро ба сари қудрат овард, ки танҳову танҳо бо шуҷоату матонати худ тавонист даҳшати шуълаи ҷангро хомӯш кунад. Дар ҳоле, ки дар он солҳо ба шуъури нафаре намеғунҷид, ки мо тоҷикон ба чунин Истиқлолияти сартосарӣ ва ваҳдату ягонагӣ ноил мегардем. Аз ин рӯ, касе ҳеҷ як вазифаи давлатиро, ки масъулият талаб мекард, ба душ намегирифт, зеро дар ҳақиқат пурхатар буд. Ин маънӣ дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бо чунин маънӣ садод додааст: «Вазъ то ҳадде мураккаб гардида буд, ки аксарияти сокинони мамлакат дар ҳолати тарсу ҳарос буданд, ба ояндаи кишвар бовар надоштанд ва ҳатто барои ишғоли мансабҳои баланди давлатӣ розӣ намешуданд. Маҳз бо шарофати ин иҷлосия дар кӯтоҳтарин муҳлат тавонистем сохти конститутсиониро барқарор намуда, фаъолияти ниҳодҳои пурра фалаҷшудаи давлатдориро аз нав ба роҳ монем».
Ин гуфтаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар замони пуртазоди ҷанги шаҳвандӣ танҳо шахси далеру шуҷоъ метавонист иҷрои мансабҳои давлатиро ба душ гирад. Вақте аз наворҳо ва гузоришҳои расонаҳо мебинем, дар баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни 197 вакилон танҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди инсондӯстӣ ва раиятпарварии худ, бо мақсади гирифтани пеши роҳи бародаркушӣ, фароҳам овардани фазои сулҳ дар кишвар ва аз байн бурдани бегонапарастӣ ягона нафаре шуд, ки бо ҷонфидоӣ зимоми роҳбариро бар души худ гирифт ва бо ҳама гуна хатарҳои даҳшатафкан рӯбарӯ гардида, бо матонату устуворӣ сади роҳи гуруҳҳои ҷангҷӯйро гирифт ва миллатро бо ҷамъи гурезагонаш бо ҳам овард.
То солҳои 1999-2000 танҳо сиёсати давлатии мо баҳри таъмини оромии сартосарӣ ва аз байн бурдани ихтилофҳо поёбанд буд ва аз солҳои 2000 мо гуфта метавонем, ки ба нашъунамо ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯй овардем ва давра ба давра то ба имрӯз ба ин гуна муваффақиятҳо ноил гардидем.
Имрӯз дар ҳама самтҳои фаъолияти давлатдорӣ заминаҳои рушд бараъло дида мешавад ва 3 ҳадафҳои стратгеии давлатомон дар марҳилаи пурра иҷрошавӣ қарор дошта, ҳадафи навбатии миллӣ-саноаткунонии босуръати кишвар боз ҳам бо дурандешиву ибтикори Роҳбарияти олии кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадааст, ки ин ҳама баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, таъмини ҷойи корӣ ва рӯшди соҳаи саноат дар кишвар мебошад.
Дар охир, хулоса карданиам, ки мо ҷавонон бо ҳисси баланди хештаншиносиву худогоҳӣ ҳомии Ватани азизамон буда, иҷозат намедиҳем, ки ҳеҷ як зархарид ва ё бадхоҳе ба оромиву суботи ҷомеаи мутамаддини мо халал ворид намояд.
Шокирҷони Карим
Иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб