Нақши Пешво дар таҳкиму рушди маорифи миллӣ
- Чоршанбе, Авг 31 2022
- Агентӣ
Мусаллам аст, ки аз рӯзи ба Истиқлоли давлатӣ расидани кишвар давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи маорифи миллиро ҳамчун яке аз бахшҳои муҳиму афзалиятноки иҷтимоӣ дониста, баҳри рушду пешрафти суръатноки он пайваста тадбирҳои заруриро ба иҷро расонид. Ин неъмати бабаҳои миллӣ ба сокинону диёрамон қувваю неруи афзоянда бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду созгор фароҳам овара, имрӯз бо итминони ифтихорӣ метавонем афзуд, ки Тоҷикистон дар кўтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардидааст.
Аз ҷумла, натиҷаву таҳлил ва комёбиҳои ду даҳсолаи охир собит намуд, ки соҳаи маориф махсусан зинаи таҳсилоти олии касбӣ ба пешравиҳои намоён ноил гардида, самараи кадрҳои болаёқати он ин бахши муҳиму афзалиятноки ҷомеаро ба марҳилаҳои сифатан нав расонид. Татбиқи барномаву стандартҳои муосиру байналмилалӣ ва амалинамоии як қатор дигаргуниҳои навин низоми фаъолиятро дар муассисаҳои олии кишвар ба таври бесобиқа дигаргуну пешрафтатар намуд. Бо таъкиди ифтихор ва пуштибонӣ аз сиёсати созанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи миллии мо ба таври бесобиқа пешрафту тавсеа ёфта, дастоварду комёбиҳои он боиси ифтихор ва васфи махсус аст.Тибқи талаботи замони муосир дар тамоми зинаҳои таҳсилот стандартҳои нави таълимии давлатӣ ҷорӣ гардида, маблағгузории соҳаи маориф дар замони истиқлоли давлатӣ садҳо баробар афзудааст.
Агар соли 1991 шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамагӣ 13 ва донишҷӯён 70 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба 41 ва донишҷӯён ба 245 ҳазор нафар расидааст. Илова бар ин, дар замони истиқлол ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дар навбати аввал, русиву англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори ҷиддӣ дода шуда, бо қаноатмандӣ метавон изофа намуд, ки дар ин самт низ ба пешравиҳои бесобиқа ноил гардидем. Имрӯз беш аз 40 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди Тоҷикистон, ки донандагони забонҳои хориҷӣ мебошанд, дар 33 давлати пешрафтаи ҷаҳон ва зиёда аз 100 ҳазор нафар, ки ҳамчунин донандаи забонҳои хориҷӣ мебошанд, дар дохили кишвар таҳсил карда истодаанд.
Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди неруи инсонӣ робитаи мустақим дорад. Бо назардошти моҳияти арзишноки техналогияи навин, эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун Солҳои омӯзиши рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, аз ҷонибиПешвои муаззами миллат давоми ду даҳсолаи ояндаи дигар иқдоми беназир буда, ҳар яки мо кормандони соҳаро вазифадор менамояд, ки баҳри бунёду ояндаи дурахшони илмҳои табииву риёзӣ таваҷҷуҳамонро бештар карда, мафкураи техникии насли наврасро боз ҳам қавитару устувортар гардонем.
Аз ин рў, расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ, дар маҷмўъ моро ба сўи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ мебаранд. Дар иҷрои ин рисолати пуршарафу бомасъулият ба кулли насли наврас ва ҷамъии маорифчиёни кишвар барору комёбиҳои навин хоҳонем.
Мирзозода Абдусалом,
корманди Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МОСТ»
- ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
- ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- САРФАРОЗГАРДОНИИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ
- Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024