wrapper

  Инак, Тоҷикистони азиз дар арафаи вуруди ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ, ки имсол 31-солагии онро қайд менамоем, қарор дорад. Истиқлол барои миллати тоҷик боарзиштарин ҷашн аст, ки бо он зиндагӣ рангу тароват ва маъно пайдо мекунад.

  Истиқлоли давлат муаррифгари миллату кишвар дар арсаи ҷаҳон аст. Маҳз Истиқлол аст, ки мо метавонем масири зиндагии худро муайян созем ва равобити хориҷии худро бар асоси манофеи миллии худ ба танзим дароварем. Истиқлол буду набуди миллат аст, ки барои ояндаи худ тарҳу барномаи мушаххас дораду барои расидан ба онҳо талош меварзад.

  Таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ як навъ шукргузорӣ ба чунин неъмати бузург аст, то бори дигар арзиши ин онро ба ёд оварем, роҳи тайнамудаи худро дар даврони Истиқлол ба дидаи нақду санҷиш бингарем ва барои ояндаи беҳтари худу фарзандон барномарезӣ кунем. Ин ҷашн ба он хотир аст, ки њар бор руҳи истиқлолхоҳӣ дар афкор ва шуури ҷомеа, махсусан ҷавонон ба таҳрик ояд, то бо ифтихор ва масъулиятшиноии бештар ба худ ва ба дунё назар андозанд ва қадри Истиқлол ва суботу оромиши кишварро бидонанд.

  Собиқаи пурғановати давлатдорӣ ба мо имкон дод, ки пас аз бозгашти сулҳу оромиш дар муддат кутоҳе ба арсаи ҷаҳон бароем ва бо нақшгузорӣ дар ҳалли масоили глобалӣ обруи кишвар ва миллатро баланд бардорем. Халқи тоҷик нишон дод, ки миллати тамаддунофар аст ва бо гузаштан аз ҳамаи мушкилоти сунъӣ, ки душманон барояш пеш оварда буданд, инак ба ҷойгоҳи арзандае дар сатҳи ҷаҳон расидааст.

  Дар партави  иқдомҳои бунёдкоронаи  Пешвои миллат мардуми  кишвар ба корҳои созандагӣ камари ҳиммат  бастаанд. Ҷараёни босуръати корҳои  бунёдкорӣ дар тамоми минтақаҳои  мамлакат далели ин  гуфтаҳост.

  Яке аз соҳаҳои калидии мамлакат бешубҳа, соҳаи маориф ва илм аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти нақши ҳалкунанда доштани он дар тарбия ва ба камол расонидани наслҳои ояндасоз  аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ба масъалаи ислоҳоти соҳаи маориф ва ба стандарту барномаҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

  Алҳол дар ҷумҳури 696 муассисаи томактабӣ бо фарогирии беш аз 131 ҳазор кӯдак фаъолият намуда, 3940 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 128 827 омӯзгор (80170 зан) ба таълиму тарбия машғуланд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2 195 619 нафар (1059743 духтар) хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз теъдоди умумии муассисаҳои таълимии мазкур 14 мактаб-интернат мақоми ҷумҳуриявӣ, 18 мактаб-интернат мақоми маҳаллӣ дошта, 29 интернати наздимактабӣ ва хонаи кӯдакон мавҷуд аст. Ҳамчунин, дар ҷумњурӣ 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷ), аз ҷумла 57 муассисаи таълимии давлатӣ фаъолият доранд, ки аз рўйи 209 ихтисос кадрҳоро омода менамоянд. Дар соли таҳсили 2021 – 2022  93270 нафар (65776 духтар) донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааанд.

  Айни ҳол дар 42 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 234524 донишҷӯ (86768 духтар) таҳсил менамоянд, ки ба онҳо 12697 омӯзгор (4572 зан) таълим медиҳанд. Барои рушди соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳот аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, маблағгузории ин соҳаи калидӣ сол аз сол афзун мегардад. Ба гунаи мисол, соли 2022 барои соҳаи маориф 6 млрд. 304 млн. 25 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2021 11,3 % зиёд мебошад.

  Маврид ба ёдоварист, ки бори нахуст Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ба лоиҳаи нави маблағгузории ташкилоти Шарикии Глобалии Маориф (GPE) дар миёни 76 давлат ба ҳайси гирандаи грантҳои пилотӣ интихоб гардид ва нақши стратегии Тоҷикистон барои амалишавии Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ аз нақшаҳои стратегии муваффақ дониста шуд.

  Ин ҳама далели он аст, ки мо, ҷавонони кишвар, бо тамоми вуҷуд шукрона аз соҳибистиқлолӣ намоем, шукр гӯем, ки Тоҷикистони азизи мо дар партави сиёсати санҷидашудаву мардумписандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои куллан осуда 31-умин солгарди Истиқлолро ҷашн мегирад. Тоҷикистон бо фазои орому осуда ва пешравиҳову созандагиҳояш ба як сарзамини биҳиштосою мутараққӣ табдил ёфта, бо наслҳои ояндасозаш дар арсаи ҷаҳон њамеша соҳибманзалат боқӣ мемонад.

Дилрабо Ашурова -

мудири бахши назорат, коргузорӣ ва корҳои махсуси Агентӣ

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35