wrapper

 

  Мусаллам аст, ки соҳибистиқлолии ҳар кишварро арзишҳои муқаддас чун сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа муайян месозад. Хушбахтона, имрўз маҳз бо шарофати сулҳу субот дар роҳи таъмини рушди бони­зоми иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар аз ҷониби раҳбарияти дав­лат, хосатан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор гузошта шудааст. Тоҷикистон аз он лаҳзае, ки ба сулҳу ваҳдат ноил гардид, падидаи ваҳдат сароғози ташаббусҳои бузург дар роҳи ободкорию созанда­гии миллати тамаддунофару фарҳангпарвар шуд.

  Қобили тазаккур аст, ки қувва ва неруи ҷавонон дар ҳар давру замон асоси пешбурди ҳаёти иҷтимоиро ташкил мена­мояд. Вале на дар ҳар ҷомеаву давлат меҳнат ва истеъдоду малакаи ин қишри пешбаранда қадр ва дастгирӣ меёбад. Хуш­бахтона, Ҳукумати кишвар дар зарфи 29 соли истиқлолият ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту норасоиҳо дар самти масоилу мушкилоти ҷавонон иқдоми муҳим гузош­та, зина ба зина имконоти ар­зишмандеро барои дастгирии ин неруи ояндасоз роҳандозӣ намудааст.

   Ваҳдати миллӣ бидуни ин­кишофи тафаккури таърихӣ, худшиносии миллӣ, бу­зургдошти забон ва мероси фарҳангӣ, равнақу ривоҷи шуури миллӣ тасаввурнопа­зир аст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар таълифо­ти пурмуҳтавои худ - «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён», «Тоҷикистон дар остони фардо», «Душанбе - шаҳри дўстӣ ва бародарӣ, «Ислоҳоти иқтисодӣ - тақозои замон», «Фарҳанг-ҳастии мил­лат», «Зиёиён - равшангаро­ни роҳи фардои миллатанд», ҳамчунин дар суханрониашон дар ҷашнҳои  Ваҳдати миллӣ, ки дар пойтахти киш­вар ва дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузор мегар­дад, ғояи Ваҳдати миллиро бо мазмуну муҳтавои давлатию ҷамъияти ғанӣ гардонидаанд. Ваҳдату якдилӣ бо худшино­сии миллӣ сахт марбут буда, тавассути таълиму тарбияи хуб ва донишу маърифати ба­ланд ба даст меояд.

  Бо таъбири Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, «То даме ки худши­носии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шу­ури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром на­гузорем, то даме ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба ка­мол намерасем». Худшиносӣ мақому манзалати инсонии худро бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст.

Маҳмуд НАЗАРЗОДА

мудири бахши Робитахои байналмилалии агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35