Бишканад дасте, ки марзи Тоҷикистон бишканад!
- Сешанбе, Сен 20 2022
- Агентӣ
Аз бемасъулиятиву беаҳамиятӣ ва бепарвогиву бефарҳангии мардуми ҳамсояҷумҳурамон Қирғизистон аст, ки тайи чанд рӯзи охир, як гӯшаи кишвари моро ин афроди ҷангҷу ба маҳҳали ҷанг кашидаву фазои орому осоиштаи ватани маҳбуби моро ноором сохтаанд. Дар ин ҷанги хонумонсуз беҳтарин фарзандони миллат ва занону кӯдакони бегуноҳи сарзамини мо туъмаи тири аду гаштаву ба шаҳодат расидаанд, ки албатта ин беҷавоб нахоҳад монд, куштори кӯдакону табибон ва мардуми осоишта дар ҳеч давру замон ба лашкаркаше обрў наовардааст. Ин ҷиноятест, ки ҳам дин ва ҳам меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳуқуқи байналмилалии башар маҳкум мекунад ва гумроҳони мардуми қирғиз инро набояд фаромӯш кунанд, ки носипосӣ ба нону намак онҳоро кӯр хоҳад кард ва хуни шаҳидони гулгункафан ба гардони ин фитнагарону оташандозони ҷанг аст, ки оқибат худ ба гирдоби бало фуру хоҳанд рафт.
Бояд гуфт, ки тамоми мардумони ҷаҳон дар таърих борҳо ҷангро паси сар намудаанду медонанд, ки он чи оқибат дорад. Аммо, аз ин маълум мешавад, ки ба мардуми қирғиз таърих ва ҷанги гузаштааш дарсе надодааст, зеро ҳар лаҳза бо баҳонаҳои иғвогарона вазъро дар сарҳад ноором карда амнияти миллиро зери суол мебаранд , бе хабар аз он, ки амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳар гуна таҷовузҳои зиддиҳуқуқӣ ва зиддидавлатӣ таъмин менамояд ва дар Тоҷикистони бихиштосои мо ин амният ҳамеша ҳукмфармост.
Дар охир хаминро гуфтаниям, ки мо, муборизи Ватани хеш , ҳамчун фарди комилҳуқуқи ҷомеа ҳеҷ гоҳ бетарафи пеша наменамоем ва ҳамеша бар зидди ҷангу номардӣ муборизаи беамон мебарем.
Ширинзода Наҷмуддин
Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ТАВАҶҶУҲИ АВВАЛИНДАРАҶА БА СОҲАИ МАОРИФ
- ПАЁМИ ПЕШВО – РОҲНАМОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
- Паёми Президенти маҳбуби мамлакат-калиди музаффариятҳои нав дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
- Паём дастурамал барои пешрафт ва рушди соҳаи илму маорифи кишвар!