wrapper

Items filtered by date: Шанбе, 11 Декабр 4934

Сешанбе, 30 Август 2022 16:43

Шукри истиқлолияти Ватан

 Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳолатҳои ногуворе тавлид шуданд, ки миллатро дар маркази таҳавулотҳои иҷтимоию иқтисодӣ қарор доданд. Чунин ҳолатҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро водор сохт, ки дар сиёсати иҷтимоӣ, фарҳангӣ тағйиротҳои куллиеро рӯйи кор оварад. Ҳамин гуна давраҳо дар таърихи Ватани мо хеле зиёд буданд. Яке аз онҳо ба аввалҳои асри XX рост меояд, ки кишвари мо ба ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ дохил карда шуда буд. Дигараш замони пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ қаламдод мешавад. Бояд гуфт, ки ҳар як давраи таърихӣ ба худ хусусиятҳои хосеро дарбар гирифта, нақши муайяни иҷтимоию сиёсии худро мерос мегузорад. Ин аст, ки Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронию баромадҳои хеш масъалаҳои худшиносию худогоҳии миллиро дар инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон баръало нишон дода, таҳлилҳои ҷолиби диққате нисбати истиқлолияти сиёсӣ намудааст. Ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ба мо имконият дод, ки оид ба рушду инкишофи соҳаҳоӣ мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ аз назари нав андеша намуда, роҳҳои муносиби тарақиётро ҷустуҷу ва дарёфт намоем.

  Истиқлолият падидаи муҳимтарини давлатдорӣ ба ҳисоб рафта он ба ҳар яки мо озодии комилро ҳадя намуд. Маҳз Истиқлолият ва оромии ҷомеаи шаҳрвандӣ кишвари моро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.
  Истиқлолият ҳамчун саҳифаи таърихи навини ватанамон бо хати заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад.

  Тибқи ҷадвали қабули шаҳрвандон рӯзи 15.04.2022 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарият, қабули шаҳрвандон ҷиҳати баррасии дархосту саволҳояшон  баргузор гардид.  

  Дар асоси дастуру супоришҳо ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба идҳои бузурги давлатӣ Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ аз ҷумла имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам ободу зебо, сабзу хурамгардонии шаҳри Душанбе  шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд.

Page 39 of 51

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35  

Copyright © 2026 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. All Rights Reserved. Designed by IBlove